Эрон Худрав

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Iran Khodro)
Эрон Худрав
Навъ худравсоз[d] ва ширкати саҳҳомии ом[d]
Таъсисёбӣ августи 1962 ва 1962[1]
Макон
Бахш санъати худравсозӣ[d]
Шумораи кормандон
  • 54 000 тан
Ширкатҳои духтарӣ Iran Khodro Diesel[d] ва IKAP[d]
Сайт ikco.ir
ikcopress.ir/fa

Эрон Худрав (форсӣ: ایران خودرو‎), Iran Khodro — бузургтарин ширкати худравсозӣ дар Эрон мебошад. Ин ширкатро соли 1962 бародарон Аҳмад ва Маҳмуд Хайёмӣ бунёд кардаанд. Дафтари марказиаш дар шаҳри Теҳрон аст. Худравҳои сабукрави Samand ва Peugeot тавлид мекунад. Бо иҷозаномаи Mercedes-Benz мошинҳои боркаш ва автобус низ тавлид мекунад.

Аз солҳои 1960-ум то 90-ум Iran Khodro бештар худравҳои савории Пайконро дар асоси Peugeot-504 месохт ки дар кишвари Эрон хеле машҳур шуда буд.

Дар ҳоли ҳозир Iran Khodro на танҳо як ширкати бузурги худравсозӣ дар Эрон аст, балки дар тамоми минтақаи Ховари Миёна ва Ховари Наздик машҳур аст. Солона ин ширкат беш аз 1 млн худрав (550 ҳаз.), автобус, мошинҳои боркаш ва пикап истеҳсол мекунад. Аз руи ин нишондодаҳо Iran Khodro дар тамоми ҷаҳон дар ҷои 20-ум қарор дорад.

Илова ба Эрон истеҳсолоти ширкати Iran Khodro инчунин дар Озорбойҷон ва Беларус ҷойгиранд.

Таърихи мошинҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

  • 1967 — Paykan (1600, 1725, 1800 cc). Комплектации: Standard, Deluxe, Kaarluxe, Javanan, and Taxi.
  • 1990 — Peugeot 405 (1600 cc). Комплектации: GL, GLX.
  • 1995 — Peugeot 405 (2000 cc). Комплектации: : GLX (Автомати (худкор) ва механики).
  • 1996 — Peugeot 205 (1360 cc). Комплектации: GR.
  • 1997 — Peugeot 1600 RD (1600 cc). Комплектации: RD, RDi, RDX.
  • 1998 — Peugeot 405 Estate (2000 cc). Комплектации: GLX.
  • 1999 — Peugeot Pars (2000 cc). Комплектации: Pars, Pars ELX.
  • 2000 — Истеҳсоли санҷишӣ Samand (1800 cc). Комплектации: Samand, Samand LX.
  • 2001 — Peugeot 206 (1400 cc). Комплектации: типҳои 2,3,5,6.
  • 2002 — Кушодашавии хати истеҳсолоти Samand.
  • 2004 — Peugeot GLi (1800 cc). Комплектации: GLi.
  • 2006 — Peugeot 206 SD (1600 cc). Комплектации: типҳо 3,4,5.

Истеҳсолот[вироиш | вироиши манбаъ]

Mercedes-Benz E Class истеҳсоли Эрон
Samand LX
Акс:Runna.jpg
Runna
  • Samand — дар асоси Peugeot-405
  • Samand Sarir — нусхаи дароз кардашудаи Samand
  • Samand Soren
  • Peugeot 206
  • Peugeot 405
  • Peugeot Pars
  • Peugeot RD
  • Peugeot ROA

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. ROR Data — v1.19 — 2023. — doi:10.5281/ZENODO.7644942

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]