Мерт Язиҷиоғлу
тур. Mert Yazıcıoğlu | |
| |
Ном ба ҳангоми таваллуд: | Mert Yazıcıoğlu |
Таърихи таваллуд: | 10 май 1993 (31 сол) |
Зодгоҳ: | Истанбул, Туркия |
Шаҳрвандӣ: |
![]() |
Касб: | ҳунарпеша |
Корнома: | 2011–то ҳол |
Самт: | силсилафилм, синамо |
IMDb: | ID 5465752 |
Мерт Язиҷиоғлу (тур. Mert Yazıcıoğlu); тав. 10 майи 1993, Истанбул, Туркия) — ҳунарпешаи турк.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Мерт Язиҷиоғлу 10 майи соли 1993 дар пойтахти кишвари Туркия шаҳри Истанбул таваллуд шудааст[1]. Баъди хатми мактаби миёнаи Истанбул ҳуҷҷатҳояшро ба шуъбаи менеҷменти донишгоҳ Айдини Истанбул супоридааст[2].
Фаъолият
[вироиш | вироиши манбаъ]Пас аз он ки ӯро ба силсилафилмие, ки рафиқаш нақш мебозид даъват шуд ва қадами аввалинро дар роҳи ҳунарӣ гузошт. Дере нагузашта ӯ зинаи сеюми дарсҳои ҳунарии Mota Eğitim аз Умед Чирак гирифт. Пас аз муддате, ӯ дар филми Dedemin İnsanları нахустнамоиши худро бозидааст. Соли 2013, ӯ дар силсилафилми Садбарги сиёҳ (Karagül), дар нақши Борон Шамвердӣ, ки дар шабакаи FOX пахш шудааст бо Эҷе Услу, Озҷон Дениз ва Айча Айшин Турон нақш бозидааст. Баъдтар, ӯ дар силсилафилми Umuda Kelepçe Vurulmaz нақши "Фират" -ро бозидааст ва дар силсилафилми "Mehmed: Bir Cihan Fatihi" нақши "Коркут" -ро бо Кенон Имирзалиоғлу, Четин Текиндор ва дигарон тасвир кардааст. Ӯ фаъолияти ҳунарии худро бо нақши "Ҷенк" дар филми İyi Oyun соли 2018 бо Афра Сарачоғлу идома дод. Байни солҳои 2018–2019, ӯ дар силсилафилми Kanal D Як литр ашк (Bir Litre Gözyaşı), нақши асосиро бозидааст, ки дар он нақши "Маҳир Еткин" -ро тасвир кардааст. Соли 2020, ӯ дар нақши Синон барои шабакаи Netflix Ишқ 101 (Aşk 101) нақш бозидааст. Инчунин дар ин силсилафилм ҳунарпешаҳо Алина Боз, Кубилай Ака, Каан Ӯрганҷиоғлу ва дигарон нақш бозидаанд.
Ҳаёти шахсӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Мерт Язиҷиоғлу аз соли 2018 то 2022 бо ҳунарпешаи турк Афра Сарачоғлу робита дошт. Онҳо дар филми İyi Oyun шиносоӣ пайдо намуданд, ки ҳарду нақши асосиро бозидаанд. Моҳи декабри соли 2019 ин ҷуфт барои дидани бозии футбол миёни дастаҳои Фенербахче-Бешиктош рафтаанд[3]. Онҳо аксҳои муштаракашонро зуд-зуд дар шабакаҳои иҷтимоъӣ нашр мекунанд.
Филмнома
[вироиш | вироиши манбаъ]Филмҳо | |||
---|---|---|---|
Сол | Номгӯй | Бо тоҷикӣ | Нақш |
2011 | Dedemin İnsanları | - | |
2018 | İyi Oyun | Ҷенк | |
Силсилафилмҳо | |||
Сол | Номгӯй | Бо тоҷикӣ | Нақш |
2012-2013 | Kayıp Şehir | Фурқон | |
2013-2016 | Karagül | Садбарги сиёҳ | Борон Шамвердӣ |
2016-2017 | Umuda Kelepçe Vurulmaz | Фират | |
2018 | Mehmed: Bir Cihan Fatihi | Коркут | |
2018-2019 | Bir Litre Gözyaşı | Як литр ашк | Моҳир Йеткин |
2020 | Bir Annenin Günahı | Юсуф | |
Силсилафилмҳои интернетӣ | |||
Сол | Номгӯй | Бо тоҷикӣ | Нақш |
2020- | Aşk 101 | Ишқ 101 | Синон |
2021 | Aşk 102 | Ишқ 102 | Синон |
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Mert yazıcıoğlu kimdir mert yazıcıoğlu nereli ve kaç yaşında. Sözcü. 2 июни 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 17 Декабри 2018.
- ↑ bir litre gözyaşının mahiri mert yazıcıoğlunun biyografisi. Hürriyet. 2 июни 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 11 ноябри 2018.
- ↑ Afra Saraçoğlu'dan sevgilisi Mert Yazıcıoğlu'yla 'maç' paylaşımı. haberturk.com (23 December 2019).
Иқтибосҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Мерт Язиҷиоғлу дар «Твиттер»