Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Фариштаи ваҳшӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Muñeca brava)
Фариштаи ваҳшӣ
Жанр мазҳака / мелодрама / операи собунӣ
Мамлакат
Забони асл испониёӣ
Шумораи фаслҳо 1
Шумораи қисматҳо 270
Пахш
Телеканал Telefe
Дар экран аз 16 ноябр 1998
то 17 декабр 1999
Пайвандҳо
http://telefeinternacional.com.ar
IMDb ID 0202197

"Фариштаи ваҳшӣ", таҳтуллафзӣ «Лӯхтаки ҷасур», (исп. Muñeca brava) — силсилафилми телевизионии аргентинӣ, ки солҳои 19981999 аз ҷониби шабакаи телевизионии Telefe сабт шуда, зиёда дар 80 кишвари ҷаҳон пахш шудааст. Дар ин силсилафилм ситораҳо Наталя Орейро ва Факундо Арана нақшҳои марказиро бозидаанд, ки пас аз нашри силсилафилм суперситора шуданд, ҳатто берун аз Аргентина.

Филмномаи силсилафилмро Энрике Оскар Торрес навиштааст ва коргардон Эрнан Абраамсон, Гайта Арагона ва Виктор Стелла мебошанд[1][2]. Аввалин эпизод дар Аргентина 10 октябри соли 1998 дар Telefe пахш шуд[3][4]. Наворбардорӣ асосан дар Аргентина (Буэнос-Айрес) сурат гирифтааст. Гарчанде ки баъзе эпизодҳо дар Италия ва Испания ба навор гирифта шудаанд[5].

Як ятими ҷавондухтар, Милагрос, ба номи кӯтоҳи Милӣ (Наталия Орейро), тарбиятгирандаи калисо, ба оилаи сарватманд, вале аз низоъҳои оилавӣ хастаи Федерико Дӣ Карло (Артуро Малӣ) ба кор меояд. Вай ба писари Федерико Иво (Факундо Арана), ки аз набудани муҳаббати падараш сахт азоб мекашад, ошиқ мешавад: Федерико мустақиман гуфт, ки танҳо духтараш Викторияро (Вероника Виейра) дӯст медорад. Танҳо модари Иво ва Виктория Луиса (Фернанда Мистрал), бародараш Дамиан (Норберто Диас) ва модари Федерико Анҷелика Дӣ Карло (Лидия Ламайсон) сабаби муносибати Федерико ба писарашро медонанд.

Дамиан низ мушкилоти худро дорад - бо сабаби ӯ боре дар як садамаи автомобилӣ занаш ва арӯси писараш ба ҳалокат расидаанд ва писараш Пабло (Сегундо Сернадас) фалаҷ шуд. Ҳоло ӯ дар танҳоӣ вақт мегузаронад ва бо падараш сӯҳбат кардан намехоҳад. Милӣ ба арӯси фавтидаи Пабло хеле монанд аст, бинобар ин ӯ ба қаҳрамони асосӣ ошиқ мешавад. Дере нагузашта ҳама мефаҳманд, ки Пабло тамоман фалаҷ нест.

Дар хона боз як гӯшанишин аст — Анхелика. Вай аз Федерико хафа аст, зеро ӯ зани дӯстдоштааш Росариоро нигоҳ карда натавонист ва ӯ ҳангоми ҳомиладорӣ хонаро тарк карда рафтааст. Бародари Росарио Бернардо (Освалдо Гуидӣ) низ инро хеле хуб дар ёд дорад... Дере нагузашта Анхелика мефаҳмад, ки Милӣ воқеан набераи вай аст.

Хизматгорони оилаи Дӣ Карло низ зиндагии пурҷушу хуруши худро пеш мебаранд. Дар он ҷо Линаи чеҳрахандон (Виктория Онетто), Глорияи хоксор (Габриэла Сарӣ) ва Мартаи бадхоҳ (Валерия Лорка), ки бо Дамиан ишқварзӣ мекунад. Албатта, модари Марта Сокорро (Силвия Байле) аз ин тамоман хушҳол нест.

Дар тӯли ин силсилафилм ҳама муҳаббатро пайдо мекунанд - Виктория бо ронандаи худ Роккӣ вомехӯрад ва Лина бо дӯсти Иво Боббӣ (Пабло Новак) забонҳои муштарак пайдо мекунад.

Дар роҳ ба сӯи тӯй қаҳрамонҳои асосӣ Иво ва Милӣ дар симои котиб Андреа (Мариана Ариас) ва дигар духтароне, ки майли ба даст овардани Иворо доранд, ба монеаҳо дучор мешаванд ва адвокати хеле зебо бо номи Серхио (Диего Рамос) ба Милагрос ошиқ мешавад.

Дар қисматҳои охир, яке аз дӯстдухтарони сершумори Иво (дар тӯли ин силсилафилм) Пилар, бо он ки дӯстдоштааш ӯро партофтааст, муросо карда наметавонад, ӯро мерабояд. Аммо ба Иво муяссар мешавад, ки фирор кунад ва баъд аз он Пиларро ба беморхонаи рӯҳӣ мебаранд. Андреа аз Иво барои ҳар кори кардааш бахшиш мепурсад. Қаҳрамонони асосӣ издивоҷ мекунанд.

Ҳунарпешаҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар нақшҳои марказӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Наталия ОрейроМилагрос Эспозито Дӣ Карло де Миранда (Милӣ, Чолито, Карлитос, лӯхтак (чун Лина вайро номид), Чучӣ (чунон ки Иво ӯро номид)
  • Факундо АранаИво Дӣ Карло Рапалло Миранда (малламуй, Чучӣ (Милагрос чунин ном мебарад)

Оилаи Дӣ Карло

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Артуро МалӣФедерико Дӣ Карло (падари Милагрос, Виктория ва падарандари Иво)
  • Фернанда МистралЛуиса Рапалло де Дӣ Карло (ҳамсари Федерико Дӣ Карло, модари Иво ва Виктория)
  • Вероника ВиейраВиктория "Виккӣ" Дӣ Карло (Духтари Федерико ва Луиза, хоҳари Милӣ ва хоҳари Иво, ҳамсари Роккӣ)
  • Лидия ЛамайсонДонна Анхелика де Дӣ Карло "Доня" (модари Федерико, бибии Милагрос ва Виктория)

Хизматгорони оилаи Дӣ Карло

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Марсело Матсарелло ҳамчун Роккӣ Морган ("парандаи хурдакак", ки Рамон ӯро меноманд, ронанда, шавҳари Виктория)
  • Виктория Онетто - Аделина "Лина" де Соло ("шапарак" тавре ки Милӣ ӯро меномад, хизматгор, дӯсти Милӣ, ҳамсари Боббӣ)
  • Ҷино Реннӣ — ҳамчун Рамон Гарсия Парапучино (боғбон, шавҳари Сокорро)
  • Освалдо Гуидӣ - Оскар "Бернардо" Авеллейра (бародари Росарио, амаки Милагрос, сарпешхизмати оилаи Дӣ Карло, шавҳаршавандаи Марта)
  • Габриэла Сарӣ - Глория Эспозито (хизматгор, дӯсти Лина ва Милӣ, ҳамсари Чамуко, хоҳари Гамуса)
  • Силвия Байле - Ампаро Родригес/Сокорро де Гарсия (ошпаз, Соко, Сокорито, модари Марта, ҳамсари Рамон)
  • Валерия Лорка - Марта де Гарсия (Духтари Сокорро, хизматгор, маъшуқаи собиқи Дамиан, арӯсшавандаи Бернардо)
  • Себастян Миранда - Карлос "Чамуко" (бачаи оварандаи маҳсулот аз мағоза, сарпешхизматгори хурдии оилаи Дӣ Карло, шавҳари Глория)

Хешовандони Луиза

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Диего Рамос — Серхио Костаи хурдӣ (адвокат, ошиқи Милагрос)
  • Флоренсия Ортис — Пилар (дугонаи Виктория, арӯси собиқи Иво)
  • Мариана Ариас — Андреа Рамос (котибаи Федерико Дӣ Карло ва маъшуқаи ӯ, арӯсшавандаи собиқи Иво Дӣ Карло)
  • Пабло Новак — Алфредо «Боббӣ» Луис Соло (дӯсти Иво, шавҳари Лина)
  • Брайан Карузо — Гамуса (дӯсти Милӣ, бародари Глория)
  • Умберто Серрано — Падре Мануэл Миранда (рӯҳонӣ, бародари Нестор, амаки Иво)
  • Пабло Патлис — Факундо Доминик Карузо (писаре, ки худро фарзанди Федерико ва набераи Анхелика хонд)
  • Патрисия Росас — Лидия (модари Глория)
  • Паола Крум — Флоренсия «Флор» Ритсо де Дӣ Карло (ҳамсари собиқи Иво)
  • Паула Сйеро — Марина Ритсо де Рапалло (ҳамсари Пабло, хоҳари Флоренсия ва Фабритсио)
  • Марита Балйестерос — Росарио «Россӣ» де Албертинӣ (зане, ки худро модари Милагрос, дӯстдоштаи Дамиан эълон намуд)
  • Густаво Гилйен — Фабритсио Ритсо (Даниэл Брейла, писари Доменико, бародари Флоренсия ва Марина)
  • Родолфо Мачадо — Нестор Миранда (дӯстдоштаи Луиса, падари биологии Иво)
  • Кони Маринйо — Лаура (ҳамсари нави Нестор Миранда)
  • Гого Андреу — Хосе «Дон Пепе» Симал (соҳиби таъмирхонае, ки Рамон ва Роккӣ кор мекарданд, дар ҳамсоягии хонаи волидони Милӣ зиндагӣ мекунад, мафтуни Анхелика аст)
  • Роберто Фиоре — Густаво Мариас (дасти рости Доменико, падари маросимӣ дар тӯйи Пабло ва Марина)
  • Клаудио Гарофало — детектив
  • Давид Масажник — Фернандо (дӯсти Серхио)
  • Жасмин Родригес — Жасмин
  • Лорена Меритано — Каролина «Каро» Домингес (меъмор дар ширкати Дӣ Карло)
  • Клаудиа Албертарио — Ромина (зане, ки худро хоҳари Роккӣ мехонад)
  • Фернандо Лйоса — Доменико Ритсо (падари Флоренсия, Марина ва Фабритсио)
  • Роберто Антйе — Хуан Крус Байгория (шавҳаршавандаи собиқи Виктория Дӣ Карло)
  • Эмилио Бардӣ — Франсиско (падари Гамуса ва Глория)
  • Хорхе Гарсия Марино — Армандо Освалдо Рипеттӣ (ходими сиёсӣ, ба Федерико пешниҳоди депутат шуданро мекунад)
  • Лита Сориано — Клара де Рипеттӣ
  • Даниэл Кузнечка — Алехандро
  • Исабел Маседо — Анна (дӯсти Виктория, устоди варзишии ӯ)
  • Эдуардо Нюткевич — Дон Хулио (роҳзан, ёрдамчии Федерико барои ҳалли мушкилоти ӯ)
  • Вероника Валфишхоҳар Каталина «Фарбеҳак»

Дар силсилафилм низ иштирок кардаанд

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. IMDb Бойгонӣ шудааст 6 феврали 2022  сол. Retrieved on 2007-12-10
  2. UNIVISION Бойгонӣ шудааст 11 июни 2008  сол. Retrieved on 2007-12-10
  3. IMDb Бойгонӣ шудааст 4 апрели 2017  сол. Retrieved on 2007-12-12
  4. Telefe Бойгонӣ шудааст 13 октябри 2007  сол. Retrieved on 2007-12-12
  5. IMDb Бойгонӣ шудааст 24 апрели 2022  сол. Retrieved on 2007-12-12