Nickelodeon

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Nick)
Nickelodeon
Nickelodeon
Логотипи Nickelodeon аз 4 марти соли 2023
Мамлакат
Замони пахш шабонарӯзӣ
Маркази идоракунӣ
Оғоз 1 декабри соли 1977 (ҳамчун Pinwheel)
1 апрели соли 1979 (ҳамчун Nickelodeon)
Молик Paramount Media Networks[d]
Сайт nick.com(англ.)

«Nickelodeon» — шабакаи телевизионии кӯдакон ва наврасон. Соли 1977 дар ИМА бунёд шудааст. 1 апрели соли 1979 он дар саросари Иёлоти Муттаҳида ба пахши барномаҳо шурӯъ кард. Ҳоло он бо 22 забон барнома пахш мекунад. Аз 1 июни соли 2017 дар кишварҳои ИДМ он бо ихтисораи "Nick" пахш шудааст.

Таърихи шабака[вироиш | вироиши манбаъ]

Таърихи шабака 1 декабри соли 1977, вақте ки дар Колумбус, Оҳайо системаи телевизионии ноқилии Warner Cable QUBE оғоз ёфт. Дар байни даҳ шабакаи дастраси омма, ки система бидуни пардохти иловагӣ пешниҳод мекунад, Channel C-3 буд, ки шоуи "Turntable" -ро аз соати 7:00 то 21:00 (EST) пахш мекард[1]. Дар ибтидо ин шабака зиёновар буд, зеро канали ройгони кӯдакон, тавре ки маъмурияти Warner Cable нақша гирифта буд, мебоист ба густариши шабакаи ноқилӣ дар кишвар кумак мекард.

Худи шабакаи Nickelodeon бори аввал 1 апрели соли 1979 дар шабакаи ноқилии Warner Cable дар Буффало, Ню-Йорк таъсис дода ва пахш шудааст[2]. Шабака босуръат дастрасии худро ба ҳам шабакаҳои дигари Warner Cable дар саросари кишвар ва ҳам шабакаҳои ноқилии дигар провайдерҳои кишвар густариш дод.

Дар аввал, шабака бидуни таблиғ барнома пахш мекард ва рӯзҳои корӣ аз соати 10:00 то 22:00 ва рӯзҳои истироҳат аз 9:00 то 20:00 кор мекард. Якчанд барномаи пахши шабака инҳоянд: Video Comic Books, Pinwheel, PopClips, Hocus Focus, America Goes Bananaz, Nickel Flicks, By the Way. Оҳиста-оҳиста, ба ҷадвали пахш бисёр силсилафилмҳо ва намоишҳои нави аниматсионӣ илова карда шуданд. Шабакаи ноқилии Star Channel (пас аз ребрендинг Movie Channel) шабона қисми холии пахшро ишғол кард.

Чанд муддат шабака ҷадвали пахши худро бо дигар шабакаҳои Warner Brothers мубодила кард, аммо соли 1981 шабака ба басомади худ гузашт ва вақти пахши худро аз соати 8:00 то 21:00 васеъ намуд. Дар нимаи соли 1981, The Movie Channel ба пахши як шабакаи алоҳидаи 24-соата шурӯъ кард ва Nickelodeon маҷбур шуд, ки шабро бо пахши барномаҳои санъати тасвирии Alpha Repertory Television Service (ARTS) пур кунад.

Соли 1982, шабака ҷоизаи "Peabody Award"-ро барои сифат дар маҷмӯъ гирифт. Шумораи обуначиён аз 630 ҳазор соли 1979 дар охири соли 1982 ба 10 миллион ва дар охири соли 1983 ба 17 миллион нафар расид.

Аммо, таҳияи намоишҳои кӯдакон гарон буд ва фоидаашон ночиз буд, аз ин рӯ дар шабака таблиғот аз соли 1983 пайдо шуд. Даромадҳои таблиғотӣ ба нигоҳ доштани шабака то соли 1984 кумак карданд ва пас аз он коҳиши назаррас оғоз ёфт. Ин шабака дар тӯли камтар аз як сол 10 миллион долларро аз даст дод, асосан аз сабаби бад будани намоишҳои нав. Дар рейтингҳо ҷойҳои охиринро ишғол намуда, шабака метавонист аз шабакаи пахш берун барояд. Дар робита ба ин, роҳбарияти шабака тасмим гирифтанд, ки ребрендинг кунанд. Тарроҳон Фред Зайберт ва Алан Гудман пешниҳод карданд, ки логотипи куҳнаро бо муд иваз кунанд ва инчунин ба аниматорҳо, тарроҳон ва продюссерҳои шабака "ҷаҳонишавӣ" кунанл, ки симои шабакаро барои солҳои оянда ба вуҷуд оварданд. Ҳамагӣ 6 моҳ пас аз ребрендинг, шабака дар қисми фароғатӣ барои кӯдакон ҷои аввалро ишғол кард, захира барои оянда фароҳам овард ва худро бо рақобатҳои солим бо шабакаҳои бузург чун Disney таъмин намуд.

Соли 1984, ARTS бо The Entertainment Channel якҷоя шуда, Arts & Entertainment Network (A&E) -ро таъсис дод ва қарор кард, ки шабакаи шабонарӯзии худро таъсис диҳад. Аз моҳи январи соли 1985, A&E кор бо шабакаро қатъ кард, аз ин рӯ Nickelodeon маҷбур шуд, ки пахши шабонаро бо ҷадвали санҷишӣ пур кунад. Фред Зайберт ва Алан Гудман дубора ба шабака кумак карданд. Онҳо бо як барномаи шабонаи барномаҳои аслӣ дар бораи "филмҳои телевизионии куҳна", ки баъдтар Nick at Nite ном дошт, пешниҳод карданд, ки бори аввал моҳи июли соли 1985 пахш шуда, шабакаи шабонарӯзии пахшро пур кард.

Худи ҳамон сол, American Express ҳиссаи худро Warner-Amex ба Warner Communications фурӯхт, ки MTV, Nickelodeon, RTC ва шабакаи нави VH1-ро ба медиаҳолдинг соли 1986 ба маблағи 685 миллион доллар фурӯхт. Соли 1987, Nickelodeon бунёд шуд ва соли 1988 бори аввал Nickelodeon Kids 'Choice Awards (қаблан бо номи Big Ballot)-ро пахш кард ва дар соли 1989 шабака шуъбаи томактабии Nick Jr. таъсис дод, ки он шуъбаи классикии Pinwheel-ро иваз мекунад.

Моҳи июни соли 1990, Nickelodeon Studios студияи телевизионии худ ва фароғатгоҳи оилавиро кушод. Дар моҳи августи соли 1991, шабака аввалин силсилафилми аниматсионии худро намоиш дод - "Rugrats!", "Doug", "The Ren and Stimpy Show"[3]. Силсилафилмҳои нави аниматсионӣ муваффақ шуданд, аз ин рӯ, шабака тасмим гирифт, ки қисмҳои навро намоиш диҳад. Дере нагузашта, ин шабака силсилафилми тасвирии "Rocko’s Modern Life" -ро баровард, ки он низ аз мунаққидон баҳои хуб гирифтааст. Nickelodeon логотипи нави худро моҳи марти соли 1993 муаррифӣ кард ва онро дар шакли 3D 4 июли соли 1993 баровард. Инчунин худи ҳамон сол аввалин маҷаллаи бачагона Magazine Nickelodeon нашр шуд. Тақрибан дар он замон, Nickelodeon бо Sony Wonder шартнома баст, ки маҷмӯаи беҳтарин силсилафилмҳои телевизиониро дар VHS пахш мекунад, ки баъзеи онҳо соли 1996 пурфурӯш шудаанд. Соли 1993, Nick UK дар Британияи Кабир оғоз ёфт ва пас аз он Nickelodeon Australia ва Nickelodeon Germany дар давоми ду сол пахш шуданд.

Соли 1995 бахши Nickelodeon Movies барои таҳияи филмҳои бадеии дарозмуддат таъсис дода шуд, ки аввалинаш филми мутобиқшуда ба достони Луиза Фитҳу бо номи "Ҳэррити Ҷосус" бо ҳамин ном буд, ки дар касса зиёда аз 100 миллион доллар фоида ба даст овард[4].

Бо оғози даврони интернет, Nickelodeon моҳи октябри 1995 Nickelodeon Online ва Nick.com ва моҳи марти соли 1998 Nickjr.com -ро оғоз кард.

Моҳи майи соли 1999, ин шабака силсилафилми тасвирии нави худ - "SpongeBob SquarePants"-ро муаррифӣ кард, ки дар рейтингҳо зуд ҷойҳои аввалро касб кард[5].

Дар семоҳаи аввали соли 2004, Nickelodeon машҳуртарин шабакаи телевизионӣ барои пахши шабонарӯзӣ буд, пеш аз "Turner Broadcasting System’s TNT"[6].

28 сентябри соли 2009, логотип ва навиштаҷоти он аз шуъбаи куҳна ба ҳуруфи футуристии Nickelodeon иваз шуданд. Ин шабака инчунин ҳуқуқи пахши Cанг‌пуштҳои Нинҷа Навҷавон Чаҳишёфта - ро гирифт, ки аз соли 2012 пахш шуда, соли 2017 ба поён расид.

Nickelodeon дар кишварҳои дигар[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз соли 1993 то 1995, Nickelodeon дар Британияи Кабир, Австралия ва Олмон шабакаҳои байналмилалӣ кушод. Пас аз як сол, ин шабака аллакай дар 70 кишвари ҷаҳон барнома пахш мекард. Аз нимаи солҳои 1990-ум ва аввали солҳои 2000-ум, Nickelodeon ба таври назаррас ҳамчун бренд тавсеа ёфта, шабакаҳои лингвистӣ ва фарҳангӣ ҷавобгӯ барои кишварҳо ва қаламравҳои мухталифи ҷаҳон, аз ҷумла Аврупо, Осиё, Океания ва Канадаро тавлид кард ва ба баъзе аз онро иҷозатнома дода бо забони англисӣ ва дигар забонҳои маҳаллӣ кор мекунад.

Nick Jr.[вироиш | вироиши манбаъ]

Логотипҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Варзиш электронӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

29 июни соли 2017, Nickelodeon ба Super League Gaming 15 миллион доллар сармоягузорӣ кард[7].

"Nickelodeon ба варзиши электронӣ диққати ҷиддӣ медиҳад, зеро бозиҳо имрӯз як ҷузъи муҳими ҳаёти кӯдаконанд" гуфт Мэтю Эванс, ноиби президенти рақамии ширкат.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Брошюра кабельных сетей QUBE за 1977 год(пайванди дастнорас — таърих). Баргирифта аз сарчашмаи аввал 11 Декабри 2013.
  2. The Bryan Times - Google News Archive Search. news.google.com. 11 ноябри 2016 санҷида шуд.
  3. The Victoria Advocate - Google News Archive Search. news.google.com. 11 ноябри 2016 санҷида шуд.
  4. Harriet the Spy (1996) - Box Office Mojo. www.boxofficemojo.com. 11 ноябри 2016 санҷида шуд.
  5. Los Angeles Times: Archives - EMPIRE BUILDERS: They green-light big-budget features and produce niche films. They schmooze with Julia Roberts and market the Rugrats. And they're changing the course of Holly. pqasb.pqarchiver.com. 11 ноябри 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 7 октябри 2015.
  6. Collins, Scott. Nickelodeon Squeezes 2 Ratings Out of 1 Very Diverse Network(англ.), Los Angeles Times (25 March 2004). Проверено 11 ноябри 2016.
  7. Nickelodeon enters esports as part of $15m funding round for Super League Gaming(англ.), GamesIndustry.biz. Проверено 6 июли 2017.

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]