OnePlus 8

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бренд OnePlus
Иртиботот GSM/CDMA/HSPA/LTE
Санаи барориш 2020
Пешгузашта OnePlus 7
Ҷонишин OnePlus 8T[d]
Навъ Камерафон, смартфон
Форм-фактор Моноблок
Андозаҳо 160.2 x 72.9 x 8
Вазн 180
Системаи омилӣ Android 10
Пардозанда Qualcomm Snapdragon 865
Графика Adreno 650
RAM 8/12 Гб
Ҳофизаи флеш 128/256 Гб
Аккумулятор 4300 мА·с
Камера 48 + 16 + 2 MP
Камераи пеш 16 MP

OnePlus 8 ва OnePlus 8 Proсмартфонҳо дар заминаи Android мебошанд, ки аз ҷониби ширкати хитоии OnePlus истеҳсол шудаанд. Ҳар ду намуд таърихи 14 апрели 2020 сол дар чорчӯбаи онлайн-намоиш тақдим карда шудаанд. Силсилаи OnePlus 8 ҷогири силсилаи OnePlus 7 мебошад. Тамоми намудҳои стандарти алоқаи мобилии 5G доранд.

OnePlus 8 Pro дар баҳогузории рейтингии AnTuTu барои июни 2020 сол ҷои дуюмро ишғол намуд.[1] Аз ҷониби DisplayMate ба OnePlus 8 Pro дар гурӯҳи "Best Smartphone Display" мукофот дода шудааст.[2]

Дар ҳиндустон якумин миқдори OnePlus 8 Pro дар давоми якчанд дақиқа пас аз оғози фурӯш харида шудааст.[3]

Хусусиятҳои техникӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

OnePlus 8[4] OnePlus 8 Pro[5]
Экран 6.55

Fluid AMOLED, 1080 x 2400 px, 20:9, 402 ppi

6.78

Fluid AMOLED, 1440 x 3168 px, 513 ppi

RAM 8/12 GB 8/12 GB
Ҳофизаи флеш 128/256 GB 128/256 GB
Камера 48+16+2 MP, AF, 4K@30/60fps, 1080p@30/60/240fps, 720p@480fps 48+8+48 MP, AF, 4K@30/60fps, 1080p@30/60/240fps, 720p@480fps

Камераи OnePlus 8 Pro дар рейтинги DxOmark сазовори 119 хол гашт[6]

Камераи пеш 16 Мп, 1080p@30fps 16 Мп, 1080p@30fps
Пардозанда 1x2.84 GHz & 3x2.42 GHz & 4x1.8 GHz 1x2.84 GHz & 3x2.42 GHz & 4x1.8 GHz
Системаи омилӣ Android 10, OxygenOS 10.0 Android 10, OxygenOS 10.0
Андозаҳо 160.2 x 72.9 x 8 165.3 x 74.4 x 8.5
Вазн 180 190

Аудио[вироиш | вироиши манбаъ]

Портали DxOMark садои OnePlus 8-ро ба 68 хол баҳогузорӣ кард, OnePlus 8 Pro сазовори 67 хол гашт. Дар рейтинги умумии аудио намудҳо сазовори ҷойҳои 11 ва 12 гаштаанд.[7][8]

Намудҳои Verizon ва T-Mobile[вироиш | вироиши манбаъ]

OnePlus 8 5G UW (Verizon) ва OnePlus 8 5G (T-Mobile) — намудҳо барои бозори ИМА, дар силсилаи OnePlus 8 танҳо онҳо дорои шаҳодатномаи ҳимоя аз об ва чанг IP68 мебошанд.[9][10]

Намуди 5G UW якҷоя бо оператори калонтарини амрикоии шабакаи мобилӣ Verizon бароварда шудааст. Намуди мазкур дар силсилаи OnePlus 8 аз ҳама тезтарин мебошад, зеро Ultra Wideband – тарзи махсуси аз ҳад тезтарини 5G-и ширкати Verizon-ро доро мебошад.

Намуди 5G (T-Mobile) танҳо дар мағозаҳои шабакаи T-Mobile ба таври истисноӣ фурӯхта мешавад.

Таъсири рентген[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар нурполои фотохромии камераи смартфони нави OnePlus 8 Pro теъсири рентген дида мешавад.[11][12] Он баъзе намудҳои пластик ва либосро тадқиқ мекунад. Бо сабаби пайдо гаштани тақризҳои манфӣ дар бораи вайрон кардани махфият, ширкати OnePlus нурполоро аввал дар намудҳои хитоӣ ва сипас дар тамоми ҷаҳон хомӯш кардааст.

Пас аз чанд вақт, ширкат барои дар навкунии барномаи OxygenOS 10.5.9 истифода бурдани нурполо имконият дод.[13][14]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]