Jump to content

Russian Woman

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Russian Woman
Унвони мақола англ. Russian Woman
Иштирокдори Eurovision Song Contest 2021[d]
Мавзӯъи аслӣ gender stereotype[d] ва Феминисм
Шакли асари халлоқона Тарона
Жанр ҳип-ҳоп[d], мусиқии рақсӣ, мусиқии поп ва traditional folk music[d]
Иҷрокунанда Манижа Сангин
Кишвари созанда
Забони навиштаҷот ё осор/асар русӣ ва инглисӣ
Таърихи интишор 8 март 2021
Оҳангсоз
Муаллифи матнҳо Ori Kaplan[d] ва Манижа Сангин
Давомнокӣ 178 s

«Russian Woman» (англ. — «Зани рус»[1] ё ин ки «Зани Русия») — суруди овозхони тоҷик Манижа Сангин, ки дар мусобиқоти байналмилалӣ мусиқии «Евровижн-2021» Русияро муаррифӣ карда буд. Ин суруд аввалин бор дар даври интихобии мусобиқоти мусиқии «Евровижн-2021», ки 8 марти соли 2021, аз ҷониби шабакаи аввали телевизионии Русия бо овози Манижа Сангин садо дод ва аз тарафи доварону тамошобинон бо соҳиб шудани холҳои зиёд нисбат ба рақибон, ба озмуни мусиқӣ байналмилалии «Евровижн-2021» роҳ ёфт.

Даври финалии озмуни мусиқии Евровижн-2021, ки 22 майи соли 2021, дар шаҳри Роттердам, давлати Ҳолланд баргузор гардид, бо соҳиб шудан ба 204 хол дар байни иштирокчиёни ин озмун Манижа Сангин бо иҷрои суруди Russian Woman ҷойи нуҳумро ишғол кард.

Суруди Russian Woman моҳи марти соли 2021 дар шакли ададӣ ба кулли ҳаводоронаш пешниҳод гардид.

Манижа ҳангоми иҷрои суруди «Russian Woman» дар «Евровижн-2021»
  • Моҳи апрели соли 2021 суруди «Russian Woman» барои гирифтани ҷоизаи «Eurostory Award», ки ба матни беҳтарин, байни сурудҳои «Евровижн-2021» баргузор шуда, пешниҳод шуд.
  • Дар овоздиҳии муттаҳид, байни доварон ва ҳаводорони Озмуни Евровижн-2021 ҷои дуюмро ишғол намуд, пас аз суруди Zitti e buoni гурӯҳи мусиқии Måneskin аз Итолиё, ки ҷои якумро соҳиб шуд.

Донистаниҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Навори видеоии Манижа Сангин ба суруди Russian Woman («Зани рус»), ки бо он Русияро дар 65-умин озмуни байналмилалии «Евровижн-2021» дар Роттердами Ҳолланд апрели соли 2021 муаррифӣ карда буд, дар шабакаи расмии озмун, дар YouTube миёни 39 клипи иштирокчиёни намоиши соли 2021 беш аз 6,7 миллион тамошобин пайдо карда, дар байни онҳо машҳуртарин шудааст.[2]