Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Süddeutsche Zeitung

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Номи аслӣ олмонӣ: Süddeutsche Zeitung[1][2]
Навъ рӯзномаи рӯз[d]
Формат васеъшакл[d]

Ношир Süddeutscher Verlag[d][1]
Кишвар
Асосгузорӣ 6 октябр 1945
Забон олмонӣ[2]
Даврият 1 рӯз
Нарх 2,4 €
Дафтари марказӣ
ISSN 0174-4917
Вебгоҳ sueddeutsche.de(олмонӣ)

«Зюддойче Тсайтунг» (олмонӣ: Süddeutsche Zeitung — «Рӯзномаи Олмони Ҷанубӣ»; кӯтаҳ. SZ) — яке аз пуртиражтарин рӯзномаҳои Олмон, ки аз ҷониби Иттиҳодияи табъу нашри «Зюдойчер ферлаг» дар Мюнхен нашр мешавад.

16 октябри 1945 таъсис ёфтааст. Рӯзнома мавқеи худро либералӣ-иқтисодӣ муаррифӣ кардааст, аммо бештар масъалаҳои фарҳангиро инъикос мекунад. Бахши «Фарҳанг»-и рӯзнома серхонанда буда, қисми зиёди саҳифаҳои «Зюддойче Тсайтунг»-ро фаро мегирад. Рӯзнома ҳар рӯзи душанбе бо замимаи мақолаҳои «Ню-Йорк Таймс» бо забони англисӣ интишор меёбад. Инчунин, рӯзи ҷумъа замимаи рӯзнома дар шакли маҷалла бо номи «SZ-Magazin» (аз соли 1990) ва рӯзҳои якшанбе замимаи дигари он бо номи «SZ-Extra», ки барномаи телевизиону радио ва эълонро дар бар мегирад, интишор мегарданд. «Зюддойче Тсайтунг» (SZ) яке аз рӯзномаҳои таъсиргузори Олмон аст.

  1. 1 2 3 4 Impressum (нем.)
  2. 1 2 3 The ISSN portal (ингл.)Paris: ISSN International Centre, 2005. — ISSN 0174-4917