Хазинату-ш-шуаро
Намуди зоҳирӣ
(Тағйири масир аз Xазинат-уш-шуаро)
«Хазинату-ш-шуаро» — тазкираест, ки онро соли 1849 шоир ва донишманди форсизабони Ҳиндустон Сайидалии Кабир маъруф ба Муҳаммад Миранҷони Аҷмалии Оллоҳободӣ (таваллуд 1797) таълиф кардааст.
«Хазинату-ш-шуаро» шарҳи ҳолимухтасар ва намунаи ашъори 190 нафар шоири форсизабони Ҳиндустонро, ки дар асри 18 ва нимаи аввали асри 19 зиндагй ва эҷод кардаанд, дар бар мегирад. Аксари шоирони дар «Хазинату-ш-шуаро» зикргардида аз ҷумлаи шогирдону дӯстон ва хешовандони бобою амаки муаллифи асар (фозилони номӣ — Муҳаммадяҳё машҳур ба номн Шоҳҳубуллоҳ ва Муҳаммадафзал мутахаллис ба Муҳаққари Оллоҳободӣ) мебошанд. Ягона нусхаи дастнависи «Хазинат-уш-шуаро» дар китобхонаи Индиа-Оффис (Англия) маҳфуз мебошад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Хазинат-уш-шуаро / А. Алимардонов // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).