Аббоси II

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Аббоси II
форсӣ: عباس دوم
озарбойҷонӣ: II Abbas Səfəvi
1642 — 1667
Пешгузашта Шоҳ Сафӣ
Ҷонишин Сулаймони I

Таваллуд 20 декабр 1633(1633-12-20)[1]
Даргузашт 26 октябр 1666(1666-10-26) (32 сол) ё 5 октябр 1666(1666-10-05)[2] (32 сол)
Мадфан
Дудмон Сафавиён
Падар Сафии I[2]
Модар Anna Khanum[d]
Фарзандон Сулаймони I
Эътиқод шиъа
Соядаст
 Парвандаҳо дар Викианбор

Аббо́си II (форсӣ: عباس دوم‎; озарбойҷонӣ: II Abbas Səfəvi; 31 декабр 1632 — 1667) — шоҳи Эрон аз майи соли 1642, ҳафтумин подшоҳи Сафавиён.[3]

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Тангаи нуқраи соли 1647 баровардашуда дар даврони ҳукронии Аббоси II. Осорхонаи таърихи Озарбойҷон, Боку

Аббоси II дар синни 10-солагӣ ба тахти салтанати Эрон нишаст, вале давлатро амалан вазири донишманду коршинос Нақихон Эътимодуддавла идора мекард. Ин вазир кӯшиши ислоҳот кард, вале ба қатл расид. Аббоси II аввалҳо зидди фисқу фуҷур, шаробхӯрӣ ва истеъмоли маводи мухаддир баромад, вале тадриҷан бо калонсолтар шудан худаш побанди шароратҳо ва ҳавасрониҳо гардид. Дар даврони салтанати Аббоси II шаҳри Балх тасхир ва шӯриши мардумии Қандаҳор низ пахш карда шуд. Шоҳ Аббоси II то андозае ҳомии табақаи камбизоати аҳолӣ ва мухолифи аъёну ашроф буд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Аббас II // Еврейская энциклопедия Брокгауза и Ефрона. — СПб., 1908—1913.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]