Абрикосов Алексей Алексеевич

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абрикосов Алексей Алексеевич
русӣ: Алексей Алексеевич Абрикосов
Таърихи таваллуд 25 июн 1928(1928-06-25)
Зодгоҳ шаҳри Маскав
Таърихи даргузашт 29 март 2017(2017-03-29)[1][2][3] (88 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ олим
Ҷойҳои кор
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои физика ва метематика[d] (1955)
Алма-матер
Роҳбари илмӣ Ландау, Лев Давидович
Ҷоизаҳо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Абрикосов Алексей Алексеевичолим, олими соҳаи физика, дорандаи Ҷоизаи Нобел (2003), академики АИ Россия, доктори илмҳои физика ва математика(1955).академики АИ СССР (1987), узви АИ миллии ИМА, узви хориҷии Ҷамъияти шоҳии Лондон (2001), узви фахрии хориҷии Академияи илму санъати Америка (1991) мебошад.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Абрикосов Алексей Алексеевич 25 июни соли 1928 дар шаҳри Маскав ба дунё омадааст. Ӯ физики рус буда, дар Пажӯҳишгоҳи масъалаҳои илми рисолаи ном­задӣ (1951) ва рисолаи докторӣ (1955) дифоъ кардааст. Ӯ соли 1965 сарвари факултаи физика назариявии муҳитҳои яклухт таъйин мешавад. Солҳои 1976 – 1991 мудирии кафедраи физикаи назариявии Институти давлатии пӯлод ва хӯлаҳои шаҳри Маскавро бар зимма дошт. Соли 1991 бо даъвати Лабораторияи миллии Аргонн (иёлоти Иллинойс) ба ИМА меравад.

Эҷодиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Асарҳои илмии Абрикосов А.А. асосан ба фавқунноқилҳои навъи дуюм бахшида шудаанд. Ин намуди фавқунноқилҳо хосияти худро ҳатто дар майдони магнитии пурқувват (то 25Тл) нигоҳ медоранд. Олим Абрикосов А. собит намуд, ки ин ҳодиса дар натиҷаи пайдошавии панҷараи доимии хатҳои магнитӣ, ки бо ҷараёнҳои ҳалқавӣ иҳота шудаанд, ба амал меояд. Чунин сохтор «панҷараи гирдбод-шакли Абрикосов» номида шудааст. Ӯ инчунин бо масъалаҳои электродинамикаи энергияҳои баланд, фавқунноқилият, ҳароратҳои паст, назарияи фавқуш­шороӣ ва ноқилҳо низ машғул шудааст. Соли 2003 ҳамроҳи В. Л. Гинзбург ва Э. Леггет барои «Корҳои асосӣ оид ба назарияи фавқунноқилҳо ва моеъҳои фавқушшоро» сазовори Ҷоизаи Нобел гардид.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Методы квантовой теории поля в статистической физике, М., 1961;
  • Methods of Quantum Field Theory in Statistical Physics Englewood Cliffs: Prentice Hall, 1963;
  • Основы теории металлов, М., 1987.

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Argonne Scientist and Nobel Laureate Dies at 88
  2. Encyclopædia Britannica (ингл.)
  3. Munzinger Personen (нем.)
  4. Математическая генеалогия (ингл.) — 1997.
  5. Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 1. АСОС-БОЗ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с. / Я. Самарқандӣ.