Шиҳобуддин Умари Суҳравардӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Абулҳафси Суҳравардӣ)
Абулҳафси Суҳравардӣ
араб. ар. شهاب الدين عمر السهروردي
Иттилооти инфиродӣ
Лақаб: Шайхулислом
Касб, шуғл: илоҳиётшинос, диплумот, файласуф
Таърихи таваллуд: 1145
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1234[1][2][3]
Маҳалли даргузашт:
Эътиқод: ислом, суннӣ ва тасаввуф
Самти фаъолият: тасаввуф
Устодон: Абдулқодири Суҳравардӣ
Шогирдон: Izz al-Din ibn 'Abd al-Salam[d], Саъдӣ, Baha-ud-din Zakariya[d], Фахруддин Ироқӣ ва Abdullah Ibn Mahmud al-Mawsili[d]

Иттилооти иловагӣ
Лоиҳаҳои алоқаманд:  Викианбор  
Вироиши Викидода

Шиҳобуддин Абулҳафси Умар ибни Абдуллоҳи Суҳравардӣ, мулаққаб ба Шайхулислом (1144, Суҳраварди Эрон — 1234, Бағдод) — фақеҳи шофеъӣ, аз номдортарин шуюхи тасаввуфи форс-тоҷик ва муассиси силсилаи суҳравардия.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Бағдод назди амакаш Абдулқодири Суҳравардӣ улуми расмию шаръиро аз худ карда, сипас ба тасаввуф гароид. Аз Абдулқодири Гелонӣ улуми динӣ, махсусан фиқҳро омӯхт. Дар Басра муддате иқомат дошт. Сипас ба Бағдод омада, ба ваъзгӯӣ машғул шуд. Абулҳафси Суҳравардиро халифа Носируддин борҳо ҳамчун намояндаи худ ба дарбори салтанатии Руму Шом ва Хоразму Балх фиристодааст. Дар ин сафарҳояш ӯ бо Ибни Фориз, Ибни Арабӣ, Наҷмуддини Розӣ ва Саъдии Шерозӣ суҳбат оростааст.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

Абулҳафси Суҳравардӣ асарҳои бисёре навиштааст, ки мутаассифона ҳамаи онҳо то замони мо нарасидаанд. Аз осори боқимондаи ӯ «Футуватнома», «Рашф-ул-насоеҳ-ул-имония фӣ кашф-ил-фазоеҳ-ил-юнония», «Рисолату-с-сайр ва т-тайр», «Иршод-ул-уриддин», «Ҷазб-ул-қулуб ило мавосилот-ил-махсус» ва ғайраро ном бурдан мумкин аст. Бино ба маълумоти сарчашмаҳо «Рашф-ул-насоеҳ-ул-имония фӣ кашф-ил-фазоеҳ-ил-юнония» аз рӯи мазмуну мундариҷааш ба «Таҳофут-ул-фалосифа»-и Ғазолӣ ва «Масореъ-ул-фалосифа»-и Шаҳристонӣ монанд аст. Абулҳафси Суҳравардӣ ба забони форсию арабӣ низ шеър гуфтааст. Ақидаҳои суфиёнаи худро ӯ дар асари машҳураш «Авориф-ул-маориф» баён кардааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]