Абуҳайёни Тавҳидӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абуҳайёни Тавҳидӣ
أبو حيان التوحيدي
Иттилооти инфиродӣ
Ном ба ҳангоми таваллуд: Алӣ ибни Муҳаммад ибни Аббоси Шерозӣ
Касб, шуғл: файласуф, нависанда
Таърихи таваллуд: 923(0923)
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1010(1010)
Маҳалли даргузашт:
Эътиқод: ислом ва суннӣ
Самти фаъолият: фалсафаи исломӣ ва адаб[d]
Ҷойи кор: Бағдод
Устодон: Al-Rummani[d], Yahya ibn Adi[d][1] ва Абусулаймони Мантиқӣ[1]
Осор:
Вироиши Викидода

Абуҳайён Алӣ ибни Муҳаммад ибни Аббоси Тавҳидии Шерозӣ (тақрибан 923 — тақрибан 1010) — файласуф, фақеҳ, адиб, мутасаввиф ва наҳвии форсу тоҷик.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Қисми зиёди ҳаёташ дар Бағдод гузашта, он ҷо наҳвро аз Абусаиди Сайрафӣ ва Алӣ ибни Исои Румонӣ, фиқҳи шофеиро аз Абуҳомиди Марвазӣ ва Абубакри Шофеӣ, фалсафаро аз Абусулаймони Мантиқӣ ва Яҳё ибни Адо омӯхт. Барои ақоиди зиндиқиаш аз Бағдод ронда шуд. Вале охирҳои умраш ба Бағдод баргашта, ҳаёти худро бо бечорагиву қашшоқӣ гузаронида, ба тариқи эътироз аз замона китобхонаашро оташ задааст. Ёқути Ҳамавӣ дар «Мӯъҷам-ул-удабо» дар бораи Абуҳайёни Тавҳидӣ зикр кардааст, ки ӯ дар ҳамаи улуми замона — наҳву луғат, шеъру адаб, фиқҳу калом чирадаст буд, фалсафаю ирфонро хуб медонист ва дар балоғат ҳамто надошт. Ибни Ҷавзӣ дар «Талбиси иблис» номи Абуҳайёни Тавҳидиро дар қатори Ибни Ровандӣ ва Абулаълои Мааррӣ ёдовар шудааст.

Осори илмӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Абуҳайёни Тавҳидӣ оид ба масъалаҳои мухталифи илми замонааш осори бисёре таълиф кардааст, ки мутаассифона қисми ночизи онҳо то замони мо расидаанд. Номгӯи мухтасари таълифоти Абуҳайёни Тавҳидӣ, ки Ёқути Ҳамавӣ дар асараш зикр кардааст, чунинанд: «Ал-муҳозарот ва-л-мунозарот», «Ал-имтоъ ва-л-муонаса», «Ал-басоир ва з-захоир», «Тақриз-ул-Ҷоҳиз», «Ас-садиқ ва-с-садоқат», «Масолиб-ул-вазирайн», «Ишорат-ул-илоҳия», «Ал-муқобасот» ва ғайра Ақидаҳои фалсафии Абуҳайёни Тавҳидӣ танҳо аз тадқиқу таҳлили андешаҳои мутафаккирони пешину муосираш иборат набуда, балки ҷавоб ба саволҳои шогирдону мусоҳибонаш оид ба масъалаҳои мухталифи фалсафӣ мебошанд. Таҳлили асарҳояш нишон медиҳад, ки ӯ масъалаҳои нафс, такомули нафси инсонӣ, дарки ҳақиқат ва манфиати он, ҳаракати ҷисм дар олами кавну фасод, навъҳои гуногуни онро баррасӣ кардааст. Хидмати дигари Абуҳайёни Тавҳидӣ дар фалсафа гирд овардани ақоиди мухталифи мутафаккирони муосираш мебошад, ки дар суҳбату маҷлисҳо иброз доштаанд. Абуҳайёни Тавҳидӣ дар масъалаҳои мантиқу наҳв дар «Ал-басоир ва-з-захоир» ва «Ал-имтоъ ва-л-муонаса» фикрҳои ҷолиб дорад. Абуҳайёни Тавҳидӣ дар масъалаҳои фиқҳу калом ва ахлоқ низ фикру андешаҳои худро дорад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]