Александр Байков

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Александр Байков
Таърихи таваллуд 25 июл (6 август) 1870
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 6 апрел 1946(1946-04-06)[1] (75 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ кимиё ва extractive metallurgy[d]
Ҷойҳои кор
Алма-матер
Ҷоизаҳо
Order of St. Vladimir
Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ
Order of Saint Anna ордени Ленин ордени Байрақи Сурхи Меҳнат Order of St. Vladimir, 4th class Order of Saint Anna, 2nd class ордени Аннаи Муқаддас, дараҷаи 3 Medal "For the Defence of Leningrad"
State Stalin Prize, 1st degree Мукофоти сталинӣ Merited Engineering Scientist of the RSFSR
 Парвандаҳо дар Викианбор

Алекса́ндр Алекса́ндрович Байко́в (25 июл (6 август) 1870, Фатеж, губернияи Курск — 6 апрели 1946, Маскав) — филиззкор ва кимиёдони рус, академики АИ ИҶШС (1932), Арбоби шоистаи илму техникаи РСФСР, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1945).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи факултети физика ва математикаи Университети Петербург (1893). Профессор (1903), декани факултети кимиё (1921), ректори Институти политехникии Петербург (1925). Назарияи дар филиззот ба вуҷуд омадани табдилоти гуногун ва равандҳои филиззгудозиро вусъат дода, дар ташаккули саноати масолеҳи оташбардор ва семент саҳми калон гузоштааст.

Ҷоизаву унвонҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Барои дастовардҳои бузурги илмӣ дар даврони Россияи подшоҳӣ бо орденҳои «Владимири Муқаддас» (дараҷаи 4) ва «Аннаи Муқаддас» (дараҷаҳои 2 ва 3) сарфароз гардидааст. Депутати Шӯрои Олии ИҶШС (даъватҳои 1 (1937) ва 2 (1946). Дорандаи Мукофоти сталинӣ (1943). Бо 3 ордени Ленин, 2 ордени «Байрақи Сурхи Меҳнат» ва чанд медал сарфароз гардидааст.

Хотира[вироиш | вироиши манбаъ]

Акс:Могила А.А. Байкова.jpg
Могила А. А. Байкова на Новодевичьем кладбище в Москве

Ба хотираи Александр Байков кӯча ва факултети кимиёи Университети давлатии Санкт-Петербург номгузорӣ шудаанд.

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

 Александр Байков. Сайти «Герои Страны».

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. 1.0 1.1 Байков Александр Александрович (рус.) / под ред. А. М. Прохоров — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Санкт-Петербург. 300 + 300 биографий. Биографический словарь / St. Petersburg. 300 + 300 biographies. Biographic Glossary // Сост. Г. Гопиенко. — На рус. и англ. яз. — М.: Маркграф, 2004. — 320 с. — Тир. 5000 экз. — ISBN 5-85952-032-8. — С. 20.