Алессандро Волта

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Алессандро Волта
Таърихи таваллуд 18 феврал 1745(1745-02-18)[1][2][3][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 5 март 1827(1827-03-05)[1][3][4][…] (82 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ корандомшиносӣ
Ҷойҳои кор
Ҷоизаҳо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Алесса́ндро Ҷузеппе Анто́нио Анаста́сио Ҷеро́ламо Умберто Во́лта (итол. Alessandro Giuseppe Antonio Anastasio Gerolamo Umberto Volta; 18 феврали 1745, Комо — 5 марти 1827, ҳамон ҷо) — физикдон, кимиёдон ва физиологи итолиёӣ, яке аз асосгузорони таълимот дар бораи неруи барқ.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар мактаби ордени иеузитҳо таҳсил кардааст. Омӯзгори физикаи гимназия дар Комо (1774-79), профессор физика дар Университети Павия (1777—819) ва директори факултаи фалсафаи ҳамон донишгоҳ. Таҳқиқоти ӯ ба неруи барқ, кимиё ва физиология оиданд. Ихтироъкори нахустин генератори неруи барқ (1800, ба истилоҳ «сутуни Волта») ва дигар асбобҳои барқӣ (электрофор, электрометр, конденсатор ва ғайра). Соли 1776 гази сӯзанда — метанро ошкор кард ва таҳқиқ намуд. Ӯ аввалин манбаи ҷараёни доими (батареяи кимиёӣ)-ро сохт (1800). Фарқи потенсиалҳои тамоси ду филиззи гуногунро кашф намуда, онҳоро аз рӯйи бузургии шиддати бавуҷудоянда ба қатор гузошт. Усулҳои таъсири физиологии неруи барқро ба инсон таҳқиқ кард (1792-95). Воҳиди шиддати неруи барқ — Волт ба ифтихори ӯ номгузорӣ шудааст. Бо ҷоизаи олии Ҷамъияти шоҳии Лондон — Медали Копли (1794) сарфароз гаштааст. Соли 1801 аз Наполеон унвони дарбории граф ва сенаторро гирифтааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Радовский М. И. Гальвании Вольта. М., Л., 1941;
  • MaraldiU. LavitadiAlessandroVolta. Firenze. 1959;
  • Dibner В. Alessandro Volta and the etectric battery. N. Y. 1964.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]