Ангара

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ангара
бур. Ангар мγрэн
Мушаххасот
Тӯл 1779 км
Ҳавза 1 039 000 км²
Сарфи об 4 518[1] м³/с (Татарка)
Ҷараёни об
Сарчашма Байкал
  Баландӣ 456 м
  Координатаҳо 51°52′00″ с. ш. 104°49′10″ в. д.HGЯO
Резишгоҳ Енисей
  Баландӣ 76 м
  Координатаҳо 58°06′ с. ш. 93°00′ в. д.HGЯO
Мавқеъ
Системаи обӣ Енисей → Баҳри Кар

Кишвар Русия
Рӯйхати оби Русия
16010100112116200000012
Рамзи ҳавза 16.01.01.001
Рамзи ТҲ 116200001
Ҷилди ТҲ 16 (нашр 2)[2]
Ангара (Русия)
резишгоҳ
— сарчашма, — резишгоҳ
Ангара
дар Викианбор

Ангара́ (бур. Ангар мүрэн[3], Шаблон:Lang-evn) — дарё дар вилояти Иркутски кишвари Красноярски Федератсияи Русия, шохоби рости дарёи Енисей.

Мушаххасот[вироиш | вироиши манбаъ]

Яке аз дарозтарин дарёҳои Сибири Шарқӣ, дарозиаш 1779 км, бараш аз 0,8 – 1,5 км то 3 – 5 км. Масоҳати ҳавзааш 1039 ҳазор км2, аз он ҷумла масоҳ. ҳавзаи худи Ангара (бе ҳавзаи кӯли Байкал) 468 ҳазор км2; дар роҳаш ба он 38195 дарё ва шохобчаҳо ҳамроҳ мешаванд. Нимаи аввали садаи XVII кашшофони нахустини рус онро Тунгускаи Болоӣ номида буданд. Номи Ангараро дар садаи XX гирифт (аз забони бурятҳо). Аз кӯли Байкал оғоз гардида, ба Шим. ва баъд ба Ғ. ҷорӣ мешавад.

Захираи гидроэнергетикӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Захираи гидроэнергетикиаш хеле зиёд – бештар аз 86 млрд кВт-соат. Болооби Ангара дар натиҷаи сохтани НБО-ҳои Иркутск, Братск, Уст-Илим ва Богучанск асосан ба зинаи обанборҳо (Иркутск, масоҳ. 154 км2 ва Братск, масоҳ. 547 км2) табдил ёфтааст. Аз охири октябр то аввали май ях мебандад. Манбаи асосиаш (ғайр аз кӯли Байкал) барфу борон. Сарфи солонаи об ба ҳисоби миёна дар наздикии НБО-и Иркутск 1700 м3/с, дар наздикии НБО-и Братск 2900 м3/с, дар наздикии резишгоҳаш 4500 м3/с. Шохобҳои асосиаш: Иркут, Китой, Белая, Ока, Ия, Тасеев – аз чап, Илим, Чадобетс, Иркинеев – аз рост. Аз Иркутск то Байкал ва НБО-и Братск мунтазам киштӣ мегардад. Ангара аз моҳӣ (озодмоҳӣ, тосмоҳӣ, сафедмоҳӣ, равғанмоҳӣ ва ғайра) бой аст.

Шаҳрҳои соҳилӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар соҳилҳои Ангара шаҳрҳои Иркутск, Ангарск, Усолйе-Сибирское, Свирск, Братск, Уст-Илимск ҷойгиранд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Angara At Tatarka, R-Arcticnet V4.0
  2. Ресурсы поверхностных вод СССР: Гидрологическая изученность. Т. 16. Ангаро-Енисейский район. Вып. 2. Ангара / под ред. Т. С. Кирилловой, Н. Н. Корчажниковой. — Л.: Гидрометеоиздат, 1965. — 224 с.
  3. Откуда пошла Ангара. Ангара. Байкальский край — информационно-краеведческий портал. 29 июни 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 29 июни 2018.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]