Павел Антоколский

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Павел Григоревич Антоколский
русӣ: Па́вел Григо́рьевич Антоко́льский
Таърихи таваллуд: 1 июл 1896(1896-07-01)[1][2][3]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 9 октябр 1978(1978-10-09)[4][1][2][…] (82 сол)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир, тарҷумон, драматург
Жанр: Очерк (Қиссаи мустанад)
Забони осор: фаронсавӣ ва русӣ[4][7][8]
Ҷоизаҳо:
ордени Ленин ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ордени «Нишони Фахрӣ» Медали «Барои меҳнати шуҷоатнок дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1941—1945» Medal "In Commemoration of the 800th Anniversary of Moscow"
Мукофоти сталинӣ
Имзо: имзо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Па́вел Григо́ревич Антоко́лский (19 июл (1 июл) 1896, Санкт-Петербург9 октябри 1978, Маскав) — шоир, тарҷумони рус.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1904 бо оилаашон ба Москва кӯчид. Ба факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Москва дохил шуд (таҳсилро ба охир нарасонд). Асарҳояш аз соли 1918 ба табъ расидаанд. Маҷмӯаи нахустинаш соли 1922 чоп шуд. Солҳои 1919 — 34 дар студияи драмавие, ки ҳунарманди маъруфи рус Е. Б. Вахтангов сарвараш буд ва сипас дар Театри ба номи Е. Б. Вахтангов кор кардааст. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941 — 45) сарвари театри фронтӣ буд. Доираи фаъолияти эҷодии Антоколский чун шоир ва нависанда доманадор ва пурвусъат буд. Ӯ доир ба Франсия, аҳли адаби ин кишвар, доир ба ҳаёту зиндагии мардуми собиқ кишвари шӯравӣ, корнамоиҳои мардуми шӯравӣ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ асарҳои манзуму мансур, шеърҳо, достонҳо ва ғайра офаридааст. Барои достони «Писар» (1943), ки ба писари дар ҷанг қурбоншудааш бахшида шудааст, соли 1946 сазовори Мукофоти давлатии СССР гардид. Антоколский асарҳои Садриддин Айнӣ ва Мирзо Турсунзодаро ба забони русӣ тарҷума кардааст. Дар матбуоти тоҷик баъзе шеърҳояш ба табъ расидаанд.

Мукофоту орденҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Бо орденҳои Ленин ва «Нишони Фахрӣ» сарфароз гардидааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. 1.0 1.1 LIMIS (лит.)
  2. 2.0 2.1 Русская литература XX века. Прозаики, поэты, драматурги (рус.) / под ред. Н. Н. Скатов — 2005. — С. 94—96. — ISBN 5-94848-245-6
  3. Литераторы Санкт-Петербурга. ХХ век (рус.) / под ред. О. В. Богданова
  4. 4.0 4.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  5. Краткая литературная энциклопедия (рус.)М.: Советская энциклопедия, 1962. — Т. 1.
  6. Антокольский Павел Григорьевич // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохоров — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
  7. CONOR.Sl
  8. ПроДетЛит (рус.) — 2019.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]