Jump to content

Балнеология

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Балнеология (лот. balneum — ҳаммом, оббозӣ ва … логия) — як соҳаи илми тиб, ки таркиби обҳои шифобахш, моҳияти обшифоӣ ва таъсири обро ба организми одам меомӯзад.

Балнеология аз бахшҳои гуногун таркиб ёфтааст, чунончи дар тавсифу омӯзиши курортҳо, муолиҷа бо оби минералӣ, таҳқиқи хо­сиятҳои кимиёии обҳои мухталиф аз ҷумла минералӣ, ҳиф­­зи оби минералӣ ва истифодаи босамари он ва амсоли ин.

Об, ҳамчун манбаи ҳаёт, ҳамеша бо тамаддуни инсоният алоқаи ногусастанӣ дошт. Одамон ба оби рӯҳафзои дарёву чашма аз қадимулайём таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекарданд, хусусияти шифобахшии обҳоро медонистанд ва истифода мебурданд. Дар оғози тамаддуни аврупоӣ таҷ­ҳи­­­зоти шустушӯю оббозӣ хеле сода буданд. Бинобар кам будани об онро сарфа мекарданд. Одамон, асосан, аз обзану душҳои хунук истифода мебурданд. Афлотун дар мавриди тавсифи давлати идеалии худ обзанҳои гармро фақат барои пирсолону маризон иҷозат дода буд. Асри 5 то м. дар ҳудуди вулканҳои Юнону ҷаз-ҳои ҳам­шафати он истифодаи обзанҳои минералии гарм анъана шуд. Бисёр чашмаҳои шифобахш муқаддас дониста мешуданд. Сокинони Рум дар баҳр ё дарёи Тибр оббозӣ мекарданд. Одамони сарватманд дар хонаҳои худ ҷойҳои махсуси шустушӯй бунёд менамуданд; барои табақаҳои камбизоати аҳолӣ ҳаммомҳои умумӣ сохта мешуданд. Табобат бо обҳои шифобахш ба ҷузъи таркибии зиндагии римиён табдил ёфт. Оби гарме, ки аз чашмаҳо фаввора зада мебаромад, бо мақсади рафъи бисёр бемориҳо истифода мешуд. Дар мамлакатҳои Шарқи Наздику Миёна шустушӯ дар ҳаммом одати маъмулӣ буд. Одамони сарватманд ваннаҳои чӯбини худро ба шутурҳо бор карда, ба сафар мебаромаданд. Ҷанговарон барои оббозӣ чоҳ кофта, онро тахтабандӣ ва бо оби гарм пур мекарданд. Қа­ламрави Осиёи Марказӣ низ бо чашмаву обҳои шифобахши худ шуҳрати беандоза дорад. Танҳо дар ҳудуди То­ҷикистон зиёда аз 200 чашмаи шифобахши обашон ху­­нуку гарм мавҷуданд. Абуалӣ ибни Сино дар «ал-Қо­нун» оид ба аҳаммияти гармоба ва баёни гармобаҳо ме­гӯяд: «Ҳар касе, ки фарбеҳӣ бихоҳад, бояд баъд аз таом гармоба биравад… Агар касе ҳалшавию лоғар шудан бихоҳад, бояд бо шиками гурусна гармоба кунаду андар он бисёр бимонад… Аз якбора берун шудан аз гармобаву баъди он сарро бараҳнаву танро дар маърази сардӣ гузоштан эҳтиёт бояд кард, балки дар айёми зимистон, ҳан­гоми беруноӣ аз гармоба бо ҷомаҳои гарм худро бояд бипечид. Касоне, ки ба ҳоли табанд ё ба гусастагии пайвастагию омос гирифторанд, бояд аз гармоба парҳез ку­нанд…». Дар ҷои дигар роҷеъ ба шустушӯ бо оби сард гуфтааст: «Оби сард касеро хуб аст, ки тадбираш аз ҳама ҷиҳат баҷой бошад. Син, қувват, гармӣ ва фасли он ҳама созгор буда, ба хомии ғизо, қай, исҳол, бехобӣ ва назлаҳо гирифтор набошад… Оби сардро гоҳе аз барои қавӣ гардонидани пӯсту нигоҳ доштани гармӣ аз паси оби гарм ба кор баранд. Агар чунин хоста бошанд, об набояд сахт сард, балки миёна бояд бошад…»

Таҳқиқи обҳои шифобахши Тоҷикистон таърихи дерина дорад. Соли 518 сайёҳони чинӣ Хой-Сэн ва Сун-Юн, баъдтар Хюэн-Сен (с. 664) Помирро дида, дар бораи обҳои минералии он маълумоте додаанд. Соли 1272 Марко Поло, соли 1602 Петер Бенедикт Гоес ба Помир омада, дар баробари олами ҳайвоноту наботот, макони обҳои шифобахш будани ин сарзаминро қайд кардаанд. Дар таҳқиқоти минбаъдаи балнеологии қаламрави Тоҷикис­тон Б. А. Федченко, Н. И. Берёзкин, Е. Г. Андреев, К. П. Арихбаев, М. В. Лавров, Г. И. Жуков, Е. Т. Исоева, П. Т. Зоиров, И. О. Қосимов ва диг. саҳми назаррас гузош­таанд.

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Бобоходжаев И. Я., Давлатмамадов Ш. М. Лечебные минеральные источники Памира. Д., 1994;
  • Зоиров П. Т. Целебные и минеральные источники Таджикистана и болезни кожы. Д., 2003;
  • Лапп С. К. Талассотерапия. Море снимает все болезни. СПб., 2007.