Балозурӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Балозурӣ
ар. أبو الحسن أحمد بن يحيى بن جابر البلاذري
Таърихи таваллуд тақрибан 820
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт тақрибан 892[1]
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Логотипи Викитека Осор дар Викитека
 Парвандаҳо дар Викианбор

Балозурӣ (Абулҳасан Аҳмад ибни Яҳё ибни Ҷобир ибни Довуд; ар. أبو الحسن أحمد بن يحيى بن جابر البلاذري‎, тақрибан 820, Бағдодтақрибан 892[1], Бағдод) — муаррих, нависанда, ҷуғрофиёдон ва сайёҳи арабинависи эронитабор, муаллифи «Нисобу-л-ашроф», «Фатҳу-л-булдон», «Аҳди Ардашер» ва «Китобу-л-ахбор».

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Бобояш Ҷобир ибни Довуд дар Миср вазифаи котибии ал-Ҳасиб ва садри девони хироҷи мамлакатро ба уҳда дошт. Дар ҷавонӣ илмҳои замонаашро омӯхта, аз осори донишмандони даврони гузашта, монанди Муҳаммад ибни Саъдӣ, Котиби Воҳидӣ, Алӣ ибни Муҳаммади Мадоинӣ, Абуубайд Қосим ибни Салом ва диг. бархурдор гардида, ба дарбори халифаҳои аббосӣ роҳ ёфт. Халифагон Мутаваккил (847—861), Мустаъйин (862—866) ва Муътазил (866—869) ба Балозурӣ мақоми басазое додаанд, аммо дар ох. умр аз дарбор дур карда шуд ва дар ғояти бенавоию маризӣ аз олам даргузашт. Балозурӣ муносибати дороёни ҳақношиносро нисбати аҳли илм дар ҳаҷвияҳояш мазаммат кардааст.

Осори боқимонда[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз осори Балозурӣ ду асари муҳимми таърихӣ «Футӯҳу-л-булдон» («Фатҳи кишвар­ҳо») ва «Ансобу-л-ашроф» («Насабҳои ашроф») то ба им­рӯз расидаанд. Дар асари «Футӯҳу-л-булдон» фатҳи мамолики гуногун аз тарафи Хилофати араб дар пайдар­ҳамӣ дода шудааст (Сурия, Кипр, Арманистон, Миср, Мағриб, Африқо, Андалусия, Ироқ, Эрон, Қафқоз, Афғо­нистон ва ғайра). Китоб аз 90 боб иборат буда, яке аз онҳо ба фатҳи Осиёи Миёна бахшида шудааст. Дар асар оид ба масоили сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ иттилооти фаровон дода шудааст. Китоби «Ансобу-л-ашроф» таърихи давраи исломро дар шакли таборшиносӣ инъикос карда, шарҳи мухтасари шаҷараи насли Исмоил, аз Нӯҳ то қаби­лаҳои аҷдоди Қурайш, ахавони саҳоба (ҳамсуҳ­батони Муҳаммад пайғамбар), хонадони Аббосиён, Алавиён, Умавиён аз ҷумла аз шарҳи аҳволи Абубакр ва Умарро додааст. Дастнависи он дар 1227 саҳифа дар китобхонаи Истанбул маҳфуз аст, матни комилаш дар 13 ҷилд (5824 саҳифа) дар Бағдод нашр гардидааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]