Суне Бергстрём

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Бергстрём, Суне)
Суне Бергстрём
швед. Karl Sune Detlof Bergström
Таърихи таваллуд 10 январ 1916(1916-01-10)[1][2][3][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 15 август 2004(2004-08-15)[4][2][5][…] (88 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ зистшимӣ
Ҷойҳои кор
Алма-матер
Ҷоизаҳо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Суне Бергстрём (номи пурра Карл Суне Детлоф Бергстрём; швед. Karl Sune Detlof Bergström; 10 январи 1916, Стокҳолм — 15 августи 2004, ҳамон ҷо) — биокимиёдони швед, узви АИ Шведсия, узви хориҷии АИ ИҶШС (1976), узви хориҷии АИТ ИҶШС (1982).

Фаъолияти корӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Фаъолияти кориашро дар Институти Каролина (1934) аз омӯзиши моддаи кимиёии гепарин (таҳти роҳбарии Эрик Йорпес) оғоз намудааст. Ба ҳайси корманди илмӣ дар донишгоҳҳои Бернск, Лунда, Каролина фаъолият намуда, оид ба кимиё ва биокимиёи прос­тагландинҳо таҳқиқот анҷом додааст. Проф. (1958), декани факултети тиббӣ (1963-66), ректори Университети Каролина (1969-77) буд. Зери роҳба­рии Б. сохтори асосии прос­тагландинҳо муқаррар, биосинтез ва мубодилаи онҳо дар организми ширмакҳо му-айян карда шудааст. Соли 1982 ҳамроҳи Самуэлсон ва Ҷон Вейн барои кашфи проста­гландинҳо ва моддаҳои фаъоли ба онҳо монанд сазовори Мукофоти нобелӣ гардид.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]