Бешаи палангон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Беш аз 5000 намуди паррандагон зимистонро дар ин мамнӯъгоҳ мегузаронанд[1]

Мамнуъгоҳи давлатии табии «Бешаи палангон» — яке аз мавзеъҳои табии Тоҷикистон буда дар ҷануби Тоҷикистон дар резишгоҳи рӯди Вахш ба рӯди Панҷ ҷой дорад. Масоҳати мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» 49 700 га ташкил медиҳад. Мамнуъгоҳи табии «Бешаи палангон» бо қарори Комиссариати халқии кишоварзии Тоҷикистон дар 4 ноябри соли 1938 таъсис шудааст.

Ҷойгоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Мамнуъгоҳ дар қаламрави ноҳияҳои Дӯстӣ, Ҷайҳун ва Қубодиён дар вилояти Хатлон ҷой дошта ва яке аз ҷозибаҳои гардишгарии минтақаи сайёҳии водии Вахш аст.

Бештари ҳудуди мамнуъгоҳи «Бешаи палангон»-ро ҷангали обканор (туғайзор) ташкил медиҳад. Аз ҷонварони нодир дар ин мамнуъгоҳ гавазни бухороӣ боқӣ мондааст, бабри туронӣ нест шудааст.[2]

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Мамнуъгоҳи бо қарори комиссариати Шурои халқии ҶШС Тоҷикистон 4 ноябри соли 1938 таъсис ёфтааст. Мамнуъгоҳ бо ҳадафи нигаҳдории маҷмуъи биёбону туғайзор, набототу ҳайвоноти нодири он таъсис ёфта, масоҳати куллии он беш аз 50 000 га мебошад, ки аз ин шумора 14500 га ҷангалпӯш, 10700 га марғзор, 4030 га кӯл, 22173 га-ро биёбон ташкил медиҳад.[3]

Мамнуъгоҳ ба хотири мавҷудияти яке нодиртарин намуди ширхӯрони даранда – бабри туронӣ «Бешаи палангон» номгузорӣ шудааст. Дар ҳудуди мамнуъгоҳ ин намуди ҳайвони ширхӯр то солҳои 50-уми асри гузашта дучор мешуд. Олими рус Р.Л. Потапов дар асари худ «Тигровая балка» чандин ҳодисаҳои вохӯрии одамонро бо палангҳо ёдрас шудааст. Вуҷуди бабри туронӣ дар ҳудуди мамнуъгоҳ тобистони соли 1953 ба қайд гирифта шудааст. Айни замон доир ба мавҷудияти ин намуди паланг дар табиат ва боғи ҳайвоноти дунё ягон маълумоте нест. Ба ақидаи бархе аз олимони соҳаи зоология ин намуд на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми сатҳи рӯйи Замин нест шудааст.

Мамнуъгоҳ манзараҳои гуногуни табиӣ дорад, аз як тараф минтақаи биёбон, аз тарафи дигар минтақаи туғайзор, кӯлҳои сершумори мамнуъгоҳро иҳота намудаанд, ки ба табиати он боз ҳам зебоӣ ва гуногунрангӣ мебахшад. Дар ҳудуди мамнуъгоҳ, инчунин, поёноби дарёи Вахш ҷойгир шудааст. Айни ҳол дар ҳудуди мамнуъгоҳ зиёда аз 20 кӯл боқӣ мондааст. Кӯлҳои мамнуъгоҳ макони зисти обсабзаҳо, содатаринҳо, харчангҳо, ғамбускони обӣ, нармтанҳо, моҳиҳо ва дигар ҳайвоноти обӣ мебошанд. Дар кӯлҳои мамнуъгоҳ ҳамакнун 16 гуна моҳӣ зист мекунад, ки бархе аз онҳо намудҳои эндемикӣ, яъне доираи паҳншавии маҳдуддошта мебошанд.

То солҳои 1990-ум аз намудҳои эндемикӣ дар кӯлҳои мамнуъгоҳ белбинии калони амударёӣ ва белбинии хурди амударёӣ ба қайд гирифта шуда буд. Ин намуди моҳӣ аҳамияти калони зоогеографӣ дорад, чунки ғайр аз поёноби дарёи Вахш (ҳавзаи Ому) авлоди наздики белбиниҳо дар дарёи Миссисипии Амрико ва Янтзии Чин дучор мешаванду тамом. Айни ҳол дар кӯлҳо намудҳои нодир ва камшумори моҳиҳо, ба монанди муйлабмоҳии аралӣ, симмоҳӣ, муйлабмоҳии туркистонӣ, сихболмоҳӣ ва мошмоҳӣ дучор мешаванд. Инчунин, дар кӯлҳои мамнуъгоҳ 2 намуди обхокӣ қурбоқаи кӯлӣ ва ғуки сабз дучор мешаванд, ки миқдоран хеле зиёд мебошанд. Ҳамчунин, дар кӯлҳои мамнуъгоҳ мори обӣ ва яке аз ширхӯрони бумисозишуда нутрия (қундузи обӣ) дучор мешавад. Ватани аслии нутрия Америкаи Ҷанубӣ аст. Ба Тоҷикистон ин намуди ширхӯри хояндаро соли 1949 аз хоҷагии нутрияпарварии Курдамири Озарбойҷон овардаанд. Дар ҳудуди мамнуъгоҳ солҳои 70-уми асри гузашта хоҷагии нутрияпарварӣ мавҷуд буд ва мӯйинаи ин намуди ширхӯр дар саноати сабук васеъ истифода мешуд.

Кӯлҳои мамнуъгоҳ макони зимистонгузаронии парандагони минтақаҳои сардсер мебошад. Бо фарорасии фасли зимистон ба кӯлҳои мамнуъгоҳ баъзе намуди парандагон аз Сибир, Осиёи Марказӣ, Чин кӯч карда, то фаро расидани фасли гармо дар он ҷо мемонанд. Дар қисмати нимбиёбон ва туғайзори мамнуъгоҳ аз намояндагони синфи хазандагон сангпушти осиёимиёнагӣ, геккони шонаангушт, лундасараки регӣ, куброи осиёимиёнагӣ, гурза ва дигар намудҳои нодир вомехӯранд.[3]

Яке аз калонтарин калтакалосҳои замони муосир сусмори хокистаранг дар минтақаи биёбони мамнуъгоҳ дучор мешаванд, ки онро «тимсоҳи биёбон» низ меноманд. Экоситемаҳои мамнуъгоҳ макони зисти доимии парандагони муқимӣ буда, барои зимистонгузаронии парандагони кӯчӣ низ шароити мусоид дорад. Бо кӯшишу заҳмати масъулини мамнуъгоҳ бо мақсади ҳифз ва зиёд намудани саршумори парандагони нодир соли 2012 парваришгоҳи махсусе сохта шудааст, ки дар он тазарв, кабк, мешмурғ парвариш карда мешавад.

Аз намояндагони синфи ширхӯрон дар ҳудуди мамнуъгоҳ гавазни бухороӣ, ғизол, гурбаи найзор, кафтор, мири мушон, хуки ваҳшӣ, ҳашаротхӯри пакана, ҷайраи ҳиндӣ ва ғайра дучор мешаванд. Яке аз зеботарин намуди ширхӯрони ин мамнуъгоҳ гавазни бухороӣ аст, ки дар найзорҳои мамнуъгоҳ паҳн шудааст.

Мутаассифона, дар давраи нобасомониҳои солҳои 1992-1993-ум саршумори ин намуд аз сабаби шикори ғайриқонунӣ коҳиш ёфта буд. Лекин бо саъю кӯшиши кормандони мамнуъгоҳ солҳои охир саршумори ин намуд рӯ ба афзоиш овард ва тибқи маълумотҳои солҳои охир дар мамнуъгоҳ 250 гавазни бухороӣ вомехӯрад.

Аз ҳайвоноти бесутунмуҳра дар ҳудуди мамнуъгоҳ намояндагони содатаринҳо, исфанҷҳо, гидраҳо, кирмҳо, нармтанҳо, тортанақшаклон ва ҳашаротҳо васеъ паҳн шудаанд. Аз ҳама сершумортарин гурӯҳи ҳайвоноти мамнуъгоҳ ин ҳашаротҳо мебошанд, ки ҳаёташон бо дарахту буттаҳои мамнуъгоҳ зич алоқаманд аст. Аз ҳашаротҳо дар мамнуъгоҳ сӯзанаки кириченко, сӯзанаки императорӣ, гаҳвораҷунбони дарахтӣ, амблитесписи мишенко, мантиси саркалон, кирминаи қирмизии талхак, ганданафасаки тӯронӣ, чӯбхӯраки қиррамӯйлаб, махаон, шапалаки сафеди томирис ва ғайра дучор мешаванд.

Олами набототи мамнуъгоҳ низ хеле бой аст. Мувофиқи маълумотҳои олими соҳа дар ҳудуди мамнуъгоҳ 604 намуди рустаниҳо мерӯянд. Аз ин миқдор 322 намуд рустаниҳои хӯроки чорво, 49 намуд рустаниҳои техникӣ, 44 намуд рустаниҳои дармонӣ, 10 намуд рустаниҳои муфтхӯр ва 22 намуд рустаниҳои заҳрнок мебошанд.

Дар биёбони мамнуъгоҳ зағоза, саксавул ва ҷулғун вомехӯранд. Дар атрофи кӯлҳо ва резишгоҳи дарё намудҳои зиёди рустаниҳо аз авлодҳои бед, сафедор, ангат, санҷид паҳн шудаанд. Дар туғайзорҳо бошад най, найшакар, эриантус, лух, шутурхор ва дигар алафҳои баландпоя дида мешаванд. Аз ҷиҳати шакли зист асоси флораи мамнуъгоҳро рустаниҳои алафӣ ташкил медиҳанд, ки миқдорашон ба 524 намуд мерасад.

Аз намудҳои нодир ва камшумори рустаниҳо дар ҳудуди мамнуъгоҳ занбӯруғи даштӣ, усманияи поячааш дарози хам, лолаи Тюберген, каперси Розанов, дубаргаи бухороӣ ва ғайра дида мешавад, ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардидаанд.[3]

Ҳифзи мамнуъгоҳи «Бешаи палангон»[вироиш | вироиши манбаъ]

Олами ҳайвоноту наботот чун як ҷузъи табиати зинда, яке аз манбаъҳои муҳими зебоии он мебошад ва масъалаи муҳофизати табиат аз нуқтаи назари нигоҳ доштани намудҳои гуногуни ҳайвоноту наботот яке аз масъалаҳои мубрами рӯз дар тамоми сатҳи рӯйи Замин гаштааст. Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва зерсохторҳои он, ташкилотҳои ҷамъиятии экологӣ дар роҳи ҳифз, нигаҳдорӣ ва истифодаи устувори гуногунии биологии ин мамнуъгоҳ нақша-чорабиниҳои гуногунро амалӣ менамоянд, то ҳолати табиии мамнуъгоҳ ба стандартҳои байналмилалии ҳудудҳои ҳифзшаванда ҷавобгӯ бошад ва он статуси «мамнуъгоҳи зистсипеҳрӣ»-ро соҳиб шавад. Аз ин рӯ, муносибати оқилона ба табиат ва баланд бардоштани маърифати экологии ҷомеа омилҳои асосие мебошанд, ки дар оянда ҷиҳати ҳифзу нигаҳдории гуногунии биологӣ нақши муассир мегузоранд. Барои амалӣ намудани ин ҳадафҳо на танҳо масъулини Кумитаи ҳифзи муҳити зист, балки тамоми мақомоти давлатӣ ва қишрҳои ҷомеаи кишвар низ муваззаф мебошанд. Соли 1998 вобаста ба таҷлили 60-солагии мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 августи соли 1998 № 1037 «Оид ба беҳтар намудани фаъолияти мамнуъгоҳи давлатии «Бешаи палангон» ба тасвиб расид, ки дар заминаи он як қатор қарорҳои дахлдор ҷиҳати беҳдошти вазъи экологии мамнуъгоҳ қабул гардид. Ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур дода шуд, ки ба Созмони байнулмилалии ЮНЕСКО ҷиҳати ба мамнуъгоҳ додани статуси «мамнуъгоҳи зистсипеҳрӣ» муроҷиатнома пешниҳод намоянд. Инчунин, дар буҷаи давлатӣ ҷиҳати ба ҳолати меъёрҳои стандарти байнулмилалии ҳудудҳои табиии махсус ҳифзшаванда ҷавобгӯ гардонидани ин мавзеъ сармоягузориро пешниҳод карданд.

Ҳамзамон, ба Кумитаи ҳифзи сарҳадоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шуд, ки то 15 августи соли 1998 аз ҳудуди мамнуъгоҳ нуқтаҳои назорати ҳарбӣ берун бароварда шаванд. Қарорҳои қабулгардида аз он шаҳодат медиҳад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири ҳифзи табиат, гуногунии зистӣ ва кам кардани таъсири номатлуби фаъолияти инсон ба муҳити атроф тадбирҳои муассир меандешанд, то ин гӯшаи нотакрори табиат ва олами ҳайвоноту набототи он ба наслҳои оянда низ боқӣ монад.[3]


Пайвандҳои беруна[вироиш | вироиши манбаъ]

Манобеъ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Wikipedia contributors. "Tigrovaya Balka Nature Reserve." Wikipedia, The Free Encyclopedia. Wikipedia, The Free Encyclopedia, 6 Dec. 2013. Web. 20 Jan. 2014.
  2. Қодиров Ф.С. Захираҳои туристӣ: ёдгориҳои фарҳангӣ - таърихӣ ва табии. - Душанбе, 2012, с. 20.
  3. 3.0 3.1 3.2 3.3 Мамнуъгоҳи-«бешаи палангон» ганҷинаи бебаҳои табиат(пайванди дастнорас)