Ҷӯрахон Искандаров: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
х clean up, replaced: {{Зиндагинома → {{Шахсият, |Номи тоҷикӣ → | ном , |Номи аслӣ → | номи аслӣ , |Акс → | тасвир , |Зодрӯз → | санаи using AWB
х Template: Шахсият → Мусиқидон@FBT002A
Сатри 1: Сатри 1:
{{Мусиқидон
{{Шахсият
|замина = <!--solo_singer / non_vocal_instrumentalist / non_performing_personnel-->
| ном = Ҷӯрахон Искандаров
| номи аслӣ = Ҷӯрахон Искандаров
|ном = Ҷӯрахон Искандаров
|номи аслӣ = Ҷӯрахон Искандаров
| тасвир =
|тасвир =
| санаи таваллуд = [[24 март]], [[1915]]
|бар =
| зодгоҳ = ш. [[Конибодом]]
|тавсифи тасвир =
| санаи марг = [[1970]]
|ном ҳангоми таваллуд =
| навъи фаъолият = [[сароянда]]
|номи пурра =
|санаи таваллуд = [[24 март]], [[1915]]
|зодгоҳ = ш. [[Конибодом]]
|санаи марг = [[1970]]
|маҳалли марг =
|солҳои фаъолият =
|кишвар =
|касб = сароянда
|навъи садо =
|асбоб =
|сабк =
|номи мустаъор =
|гурӯҳ =
|ҳамкорӣ =
|ношир =
|мукофотҳо =
|викианбор =
|викитека =
|вебгоҳ =
}}
}}


Сатри 25: Сатри 44:
[[Гурӯҳ:Шашмақом]]
[[Гурӯҳ:Шашмақом]]
[[Гурӯҳ:Дар Конибодом таваллудшудагон]]
[[Гурӯҳ:Дар Конибодом таваллудшудагон]]
[[Гурӯҳ:FootBot:FBT002A]]

Нусха 18:59, 15 июни 2018

Ҷӯрахон Искандаров
Ҷӯрахон Искандаров
Зодгоҳ ш. Конибодом
Пеша(ҳо) сароянда

Ҷӯрахон Искандаров — сароянда, Артисти хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон (1942).

Зиндагинома

Ҳунари сознавозию овозхониро ибтидо дар зодгоҳаш омӯхта, муддате дар Ҳуҷанду Самарқанд аз Ҳоҷӣ Абдулазиз (1852-1936), Содирхони Ҳофиз (1847-1931) дарси овозхонӣ андӯхтааст. Ҷӯрахон Искандаров фаъолияташро ибтидо дар театри республикавии мазҳакаи мусиқӣ ш. Ленинобод (1938) оғоз намуда, сониян чун сарояндаи яккахони театри халқии Конибодом (1949-1951), сароянда-солисти Филармонияи давлатии РСС Тоҷикистон (1956-1964) ҳунарнамоӣ кардааст. Ӯ баъди таъсис ёфтани дастаи мақомхонон (1964) дар назди Комитети давлатии радиошунавонӣ ва телевизиони РСС Тоҷикистон фаъолияти иҷроияшро дар ин даста идома дода, таҳти сарварии устодони мусиқӣ Шоҳназар Соҳибов (1903-1972), Фазлиддин Шаҳобов (1911-1974) санъати мақомхониро омӯхта, дар иҷрои шохаҳои ҷудогонаи овозӣ, «Қашқарчаи Содирхон», «Соқиномаи Ироқи Бухоро», «Муғулчаи Сегоҳ», «Савти Сабо», «Бозургонӣ», иҷрои дастаҷамъии «Шашмақом» маҳорати хуби иҷроӣ ба харҷ додааст. Ҷӯрахон Искандаров иштирокдори даҳаҳои адабиёт ва ҳунари тоҷик ш. Москва (1941, 1957) буда, барои хидмат ва маҳорати баланди иҷроияш бо тақдирномаю ифтихорномаҳои Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

Адабиёт

  • Энциклопедияи Советии тоҷик, ҷ.2. - Душанбе, 1978.
  • Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик, ҷ.1, Душанбе, 1988.[1]

Ҳамчунин нигаред

Сарчашма

  1. Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. – Душанбе, 2009. - с. 87 ISBN 978-99947-49-13-3