Абдуфаттоҳ Шарифзода: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
→‎Фаъолияти илмӣ: илова, сарчашмаҳо
илова
Сатри 1: Сатри 1:
{{Олим
|ном =
|номи аслӣ = Абдуфаттоҳ Абдуваҳҳоб Шарифзода
|тасвир =
|бар =
|тавсифи тасвир =
|санаи таваллуд = 26.05.1959
|зодгоҳ = {{Зодгоҳ| ноҳияи Айнӣ }}, [[ҶШС Тоҷикистон]], [[СССР]]
|санаи марг =
|маҳалли марг =
|шаҳрвандӣ = {{Парчам| Тоҷикистон}}
|фазои илмӣ = таърих, сиёсатшиносӣ, китобхонашиносӣ
|ҷойҳои кор = [[Китобхонаи миллии Тоҷикистон|Китобхонаи давлатии миллии ба номи А.Фирдавсӣ]], [[Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ]], [[Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон]], Ассамблеяи байнипарламентии кишварҳои аъзои [[Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил]] оид ба илм ва маориф, [[Котиботи матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон]]
|дараҷаи илмӣ = {{дараҷаи илмӣ |доктор|илмҳои таърих}}
|унвонҳои илмӣ = {{унвонҳои илмӣ||1}}
|алма-матер = [[Донишгоҳи миллии Тоҷикистон]]
|роҳбари илмӣ =
|шогирдони маъруф =
|маъруф ба =
|мукофоту ҷоизаҳо = «[[Корманди шоистаи Тоҷикистон]]», «Медали ҷашнии 10-солагии иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2011)
|имзо =
|бари имзо =
|сайт =
|викитека =
|викианбор =
}}

'''Абдуфаттоҳ Абдуваҳҳоб Шарифзода''' - Котиби матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, [[доктори илм]]ҳои таърих,, [[профессор]], Узви вобастаи АИ ҶТ
'''Абдуфаттоҳ Абдуваҳҳоб Шарифзода''' - Котиби матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, [[доктори илм]]ҳои таърих,, [[профессор]], Узви вобастаи АИ ҶТ
== Зиндагинома ==
== Зиндагинома ==
Абдуфаттоҳ Абдуваҳҳоб Шарифзода 26 майи соли 1959 дар деҳаи Сангистони [[ноҳияи Айнӣ|ноҳияи Айнии]] Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ олӣ, [[Донишгоҳи миллии Тоҷикистон]]ро бо ихтисоси таърихчӣ хатм кардааст.
Абдуфаттоҳ Абдуваҳҳоб Шарифзода 26 майи соли 1959 дар деҳаи Сангистони [[ноҳияи Айнӣ|ноҳияи Айнии]] Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ олӣ, [[Донишгоҳи миллии Тоҷикистон]]ро бо ихтисоси таърихчӣ хатм кардааст.
Соли 1976 мактаб-интернати шаҳри [[Душанбе]], соли 1982 факултаи таърих ва соли 1987 шӯъбаи ғоибонаи аспирантураи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм намудааст.
Соли 1976 мактаб-интернати шаҳри [[Душанбе]], соли 1982 факултаи таърих ва соли 1987 шӯъбаи ғоибонаи аспирантураи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм намудааст.
Дар вазифаҳои муаллими фанни таъриху ҷамъиятшиносӣ ва асосҳои давлат ва ҳуқуқи мактаби миёнаи №19 ноҳияи Айнӣ, муҳаррири шӯъбаи илмӣ-тадқиқотии [[Китобхонаи давлатии миллии ба номи А.Фирдавсӣ]], инструктор, муовини мудир, мудири шӯъбаи таблиғотии КМ ИЛКҶ Тоҷикистон, мудири шӯъбаи сиёсат ва фарҳанги Шӯрои Марказии Иттифоқии Ҷавонони Тоҷикистон, мушовир - сармутахассиси Кумитаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф ва сиёсати ҷавонон, ёрдамчӣ ва мудири котиботи Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ӯстоди Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ва [[Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ]] кор кардааст.
Дар вазифаҳои муаллими фанни таъриху ҷамъиятшиносӣ ва асосҳои давлат ва ҳуқуқи мактаби миёнаи №19 ноҳияи Айнӣ, муҳаррири шӯъбаи илмӣ-тадқиқотии [[Китобхонаи миллии Тоҷикистон|Китобхонаи давлатии миллии ба номи А.Фирдавсӣ]], инструктор, муовини мудир, мудири шӯъбаи таблиғотии КМ ИЛКҶ Тоҷикистон, мудири шӯъбаи сиёсат ва фарҳанги Шӯрои Марказии Иттифоқии Ҷавонони Тоҷикистон, мушовир - сармутахассиси Кумитаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф ва сиёсати ҷавонон, ёрдамчӣ ва мудири котиботи Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ӯстоди Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ва [[Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ]] кор кардааст.
Солҳои 2000-2003-ум вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонон, муовини раиси Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба илм ва маориф дар шаҳри Санкт-Петербург, Раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагон оид ба одоби вакилон ва Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонон интихоб гардидааст.
Солҳои 2000-2003-ум вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонон, муовини раиси Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба илм ва маориф дар шаҳри Санкт-Петербург, Раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагон оид ба одоби вакилон ва Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонон интихоб гардидааст.


Сатри 32: Сатри 59:
[[Гурӯҳ:Олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ]]
[[Гурӯҳ:Олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ]]
[[Гурӯҳ:Дорандагони унвонҳои фахрӣ аз Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Дорандагони унвонҳои фахрӣ аз Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон]]

Нусха 02:20, 24 июни 2018

Абдуфаттоҳ Шарифзода
Абдуфаттоҳ Абдуваҳҳоб Шарифзода
Таърихи таваллуд 26 май 1959(1959-05-26) (64 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Айнӣ , ҶШС Тоҷикистон, СССР
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ таърих, сиёсатшиносӣ, китобхонашиносӣ
Ҷойҳои кор Китобхонаи давлатии миллии ба номи А.Фирдавсӣ, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ассамблеяи байнипарламентии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба илм ва маориф, Котиботи матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои таърих
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Абдуфаттоҳ Абдуваҳҳоб Шарифзода - Котиби матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих,, профессор, Узви вобастаи АИ ҶТ

Зиндагинома

Абдуфаттоҳ Абдуваҳҳоб Шарифзода 26 майи соли 1959 дар деҳаи Сангистони ноҳияи Айнии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ олӣ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси таърихчӣ хатм кардааст. Соли 1976 мактаб-интернати шаҳри Душанбе, соли 1982 факултаи таърих ва соли 1987 шӯъбаи ғоибонаи аспирантураи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм намудааст. Дар вазифаҳои муаллими фанни таъриху ҷамъиятшиносӣ ва асосҳои давлат ва ҳуқуқи мактаби миёнаи №19 ноҳияи Айнӣ, муҳаррири шӯъбаи илмӣ-тадқиқотии Китобхонаи давлатии миллии ба номи А.Фирдавсӣ, инструктор, муовини мудир, мудири шӯъбаи таблиғотии КМ ИЛКҶ Тоҷикистон, мудири шӯъбаи сиёсат ва фарҳанги Шӯрои Марказии Иттифоқии Ҷавонони Тоҷикистон, мушовир - сармутахассиси Кумитаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф ва сиёсати ҷавонон, ёрдамчӣ ва мудири котиботи Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ӯстоди Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ кор кардааст. Солҳои 2000-2003-ум вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонон, муовини раиси Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба илм ва маориф дар шаҳри Санкт-Петербург, Раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагон оид ба одоби вакилон ва Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонон интихоб гардидааст.

15 декабри соли 2003 бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Котиби матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудааст.

Фаъолияти илмӣ

Аъзои Шӯрои диссертационӣ оид ба ҳимояи рисолаҳо ба дарёфти унвони доктори илмҳои таърих дар назди Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва этнографияи ба номи А.Дониши АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст. Муаллифи 12 асари илмӣ, беш аз 50 асари илмӣ-оммавӣ, 150 мақолаи илмӣ ва илмӣ-оммавӣ доир ба проблемаҳои маориф, мактаби олӣ, парламентаризм, таърихи давлатдории навини Тоҷикистон, фаъолияти сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати дохиливу хориҷии Тоҷикистон мебошад. Асарҳои «Таҳсилоти олӣ дар Тоҷикистон», «Таҷрибаи таърихии тайёр намудани мутахассисон дар системаи таҳсилоти олии Тоҷикистон», «Таърихи мактаби олии Тоҷикистон», «Муассисаҳои олии таълимӣ дар Тоҷикистон», «Алоқаҳои байналмилалии муассисаҳои олии таълимии Тоҷикистон», “Тоҷикистон-20”, “Тоҷики оламшумул”, (бо чор забон: тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва арабӣ) “Наҷотбахши миллат” (бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ) ва “Эмомалӣ Раҳмон – меъмори сулҳ”, (бо забонҳои англисӣ ва фаронсавӣ), Брюссел: Big Media Group, 2012, “Фархундапай”, “Маорифпарвар”, "Пайвандгар”, “Бунёдкор”, “Президент” ( Саҳми Президенти мамлакат дар пойдорсозии ҳокимияти давлатӣ ва истиқлолияти миллӣ) «Феҳристи таърихнигорӣ оид ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон» ва ғайраҳо мебошад.[1]ва ғайра далели муътамад ва бебаҳси нақши босазои нишонгари саҳми сазовори ӯ дар омӯзиш ва баррасии таърихи муосири Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Абдуфаттоҳ Шарифзода муаллифи силсилаасарҳо доир ба фаъолияти рӯзмарраи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, то имрӯз дар ин мавзӯъ 25 ҷилд китобҳоро, ки ифодакунандаи заҳматҳо, фаъолияти ҳамарӯза ва мақоми беназири Сарвари давлат дар бунёд ва ташаккули давлатдории миллӣ мебошанд, ба табъ расондааст. Дар асарҳо ва китобу мақолоташ муносибати дуҷонибаи Тоҷикистон бо давлатҳои узви ИДМ, аз ҷумла Россияву Қазоқистон, мамлакатҳои узви Иттиҳоди Аврупо, Арабистони Саудиву Қатар, ИМА ва Ҷумҳурии Мардуми Чин дар мисоли китобҳои “Эмомалӣ Раҳмон ва ҷомеаи ҷаҳон”, “Эмомалӣ Раҳмонов – Пайвандгари дӯстии Тоҷикистону Россия” ва “Музокироти дуҷонибаи роҳбарони Тоҷикистон ва Қазоқистону Қирғизистон дар сатҳи олӣ” (солҳои 2007 - 2008) васеъ инъикос шуда, аз паҳлуи дигар дастовардҳои таърихии Ҷумҳурии тозаистиқлоли Тоҷикистонро дар рӯ ба рӯи хонандагон боз мекунад.[2][3]

Шарифзода А.А. ҳамчунин китобҳои тарҷумаиҳолӣ, солномаҳо, асарҳои таҳлилию таърихӣ доир ба фаъолияти сиёсии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва талошу тадбирҳои Сарвари давлат баҳри рушду пешрафти Тоҷикистон таҳия ва нашр намудааст. Силсилакитобҳои «Эмомалӣ Раҳмон наҷотбахши миллат», «Эмомалӣ Раҳмон поягузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ», «Эмомалӣ Раҳмон ва оғози марҳалаи созандагӣ», «Эмомалӣ Раҳмон ва соле, ки ба қарнҳо баробар аст», «Эмомалӣ Раҳмон ва соли фарҳанги оламгир», «Эмомалӣ Раҳмон ва соли тамаддуни ориёӣ», ки зери назари академик Талбак Назаров соли 2011 бахшида ба 20-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз чоп баромадааст, аз ҷумлаи онҳоянд.

Эҷодиёти дигар

Бо ташаббус ва ҳаммуаллифии Шарифзода А.А. бахшида ба 20-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилаи видеофилмҳои таърихӣ-публисистии бисёрсериягӣ таҳия гардидааст, ки иборат аз 28 филм аст. 20 филм ба ҳар як соли даврони истиқлолияти давлатӣ ва 8 филми дигар ба инъикоси фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати кишвар дар соҳаҳои алоҳидаи ҳаёти ҷомеа: таърихи куҳан - «Тоҷикон», сулҳоварӣ - «Меъмори сулҳ», ислоҳоти давлатӣ - «Эмомалӣ Раҳмон - асосгузори давлати навини тоҷикон», роҳсозӣ - «Эмомалӣ Раҳмон - пайвандгари марзҳову дилҳо», энергетика - «Эмомалӣ Раҳмон ва истиқлоли энергетикӣ», кишоварзӣ - «Эмомалӣ Раҳмон ва амнияти озӯқаворӣ», маориф - «Эмомалӣ Раҳмон - чароғи маърифат», сиёсати хориҷӣ - «Эмомалӣ Раҳмон ва ҷомеаи ҷаҳон» ва филми дусериягии «Эмомалӣ Раҳмон марде аз сарнавишт», бахшида шуда пешкаши бинандагон гардидаанд. Шарифзода А.А яке аз муаллифони лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» (соли 1993) ва муаллифи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» (соли 2002) ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ» (соли 2003) мебошад.

Иштирок дар конференсияҳо

Шарифзода А.А дар конференсияҳои илмию амалии байналмилалӣ дар шаҳрҳои Санкт-Петербург (солҳои 1996, 1999, 2000, 2001); Киев (соли 2001); Калининград (2003); ва Душанбе (солҳои 1983 - 2003) доир ба рушду густариши маориф ва таҳсилоти олӣ дар Тоҷикистон ва дар конференсияи байналмилалӣ дар мавзӯъи “Авруоссиё ва Аврупо:ҳамкорӣ ба хотири фарҳанги сулҳ ва рушди инсонӣ” дар шаҳри Париж (соли 2013) доир ба нақши сулҳоварии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намудааст. Иштирокчии Конференсияи 97-ум ва 101-уми Иттиҳоди Байнипарламентӣ дар Сеул (Кореяи Ҷанубӣ) моҳи апрели соли 1997 ва дар Брюссел (Белгия) моҳи апрели соли 1999 буд.[4]

Курсҳои кӯтоҳмуддати дуҳафтаинаи Хабаргузории Иттилоотии Бюрои оид ба масъалаҳои маориф ва фарҳанги ИМА дар мавзӯи: «Омӯзиши таҷрибаи кори Конгресси ИМА» дар Вашингтон (ИМА) аз 1 то 15 июни соли 1996, Ташкилоти ҳамкориҳои байналмилалии Ҳукумати Япония дар мавзӯи: «Раванди демократикунонӣ ва парламентаризм» дар Токио ва Киотто (Япония) аз 3 то 16 феврали соли 2002, Ташкилоти байналмилалии оммавии Британияи Кабир дар мавзӯи: «Пешрафти одоб ва стандартҳои касбӣ дар таъминоти ҷамъиятӣ» дар Лондон (Британияи Кабир) аз 11 то 22 ноябри 2002 ва барномаи махсуси Боварӣ ба Ҳукумати Австралияро дар мавзӯи: «Омӯзиши сохтори идораи давлатӣ ва хизмати давлатии Австралия» дар Сидней ва Камберра (Австралия) аз 12 то 25 майи соли 2003 хатм намуда, Сертификат гирифтааст.

Мукофот

Барои хизмати намунавии давлатӣ ва фаъолияти босамари ҷамъиятӣ Шарифзода А.А. бо фармонҳои Президенти Тоҷикистон соли 2002 бо мукофоти давлатии «Медали ҷашнии 10-солагии иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва соли 2011 бо мукофоти давлатӣ унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон» сарфароз гардонида шудааст.

Оиладор соҳиби ду писар ва як духтар мебошад.[5]

Эзоҳ