Роман: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
х VASHGIRD moved page Роман (жанр) to Роман
No edit summary
Сатри 1: Сатри 1:
'''Роман''' (фр. roman — ҳикояе, ки бо забонҳои романӣ эҷод гардидааст) — яке аз намудҳои эпикии такявии адабиёти бадеист, ки ҷараёни мураккаби ҳаёт, доираи васеи воқеа ва ҳодисаҳои зиндагиро дар тараққиёти онҳо акс кунонидааст. Манзараи ҳаёти инсонӣ дар роман ба таври мураккаб ва ҳарҷониба дар бар гирифта шудааст. Дар роман нисбат ба [[повест]] ва [[ҳикоя]] тақдири ба ҳам печидаи [[персонаж]]ҳои зиёде тасвир ёфтааст. Роҳи инкишофи ҳаёти инсонӣ, тақдир ва манфиатҳои ӯ дар роман ҳамин тавр тасвир меёбад, ки дар он характерҳо ва пояҳо — давраҳои ҳаёти вай бо рангорангияш ба эътибор гирфта мешавад.
'''Роман''' (фр. roman — ҳикояе, ки бо забонҳои романӣ эҷод гардидааст) — яке аз намудҳои эпикии такявии адабиёти бадеист, ки ҷараёни мураккаби ҳаёт, доираи васеи воқеа ва ҳодисаҳои зиндагиро дар тараққиёти онҳо акс кунонидааст. Манзараи ҳаёти инсонӣ дар роман ба таври мураккаб ва ҳарҷониба дар бар гирифта шудааст. Дар роман нисбат ба [[повест]] ва [[ҳикоя]] тақдири ба ҳам печидаи [[персонаж]]ҳои зиёде тасвир ёфтааст. Роҳи инкишофи ҳаёти инсонӣ, тақдир ва манфиатҳои ӯ дар роман ҳамин тавр тасвир меёбад, ки дар он характерҳо ва пояҳо — давраҳои ҳаёти вай бо рангорангияш ба эътибор гирфта мешавад.


Роман (жанри маъруфи ҷинси ҳамоса (эпикӣ) мебошад ва аз дигар жанрҳои ҳамосӣ, чун қисса, достон, ёддошт, ҳикоя, новелла, афсона фарқ мекунад. Роман асосан ба наср ва баъзан ба назм навишта шуда, дорои имкониятҳои васеи тасвир мебошад. Замону макон дар роман васеъ ва пурвусъат мебошад ва воқеаҳо дар чанд маҳал рӯй медиҳанд.<ref>[[Худойназар Асозода]], [[Аламхон Кӯчаров]]. Адабиёти тоҷик. (давраи нав) — Душанбе, 2006. — С. 39-41</ref>
Роман (жанри маъруфи ҷинси ҳамоса (эпикӣ) мебошад ва аз дигар жанрҳои ҳамосӣ, чун қисса, достон, ёддошт, ҳикоя, новелла, афсона фарқ мекунад. Роман асосан ба наср ва баъзан ба назм навишта шуда, дорои имкониятҳои васеи тасвир мебошад. Замону макон дар роман васеъ ва пурвусъат мебошад ва воқеаҳо дар чанд маҳал рӯй медиҳанд.<ref>[[Худойназар Асозода]], [[Аламхон Кӯчаров]]. Адабиёти тоҷик. (давраи нав) — Душанбе, 2006. — С. 39-41</ref>

Нусха 12:46, 3 июли 2018

Роман (фр. roman — ҳикояе, ки бо забонҳои романӣ эҷод гардидааст) — яке аз намудҳои эпикии такявии адабиёти бадеист, ки ҷараёни мураккаби ҳаёт, доираи васеи воқеа ва ҳодисаҳои зиндагиро дар тараққиёти онҳо акс кунонидааст. Манзараи ҳаёти инсонӣ дар роман ба таври мураккаб ва ҳарҷониба дар бар гирифта шудааст. Дар роман нисбат ба повест ва ҳикоя тақдири ба ҳам печидаи персонажҳои зиёде тасвир ёфтааст. Роҳи инкишофи ҳаёти инсонӣ, тақдир ва манфиатҳои ӯ дар роман ҳамин тавр тасвир меёбад, ки дар он характерҳо ва пояҳо — давраҳои ҳаёти вай бо рангорангияш ба эътибор гирфта мешавад.

Роман (жанри маъруфи ҷинси ҳамоса (эпикӣ) мебошад ва аз дигар жанрҳои ҳамосӣ, чун қисса, достон, ёддошт, ҳикоя, новелла, афсона фарқ мекунад. Роман асосан ба наср ва баъзан ба назм навишта шуда, дорои имкониятҳои васеи тасвир мебошад. Замону макон дар роман васеъ ва пурвусъат мебошад ва воқеаҳо дар чанд маҳал рӯй медиҳанд.[1]

Агар воқеаҳои «Дохунда» дар минтақаҳои Бухорои Шарқӣ ва Бухоро 30 сол давом ёбад, пас, ҳодисаҳои Эҷоди саҳифаи «Романи „Дохунда“» «Ғуломон» дар маҳалҳои гуногуни Мовароуннаҳру Хуросон зиёда аз 100 солро фаро мегирад. Дар «Дуроҳаи бӯронӣ» ном романи нависандаи қирғиз Чингиз Айтматов воқеаҳо зоҳиран дар як шабонарӯз давом меёбанд. Вале нависанда ҳодисаву воқеаҳои дар замонҳои тӯлонӣ ба вуқӯъ омадаро дар хотироти персонажҳои асараш зинда намудааст. Вобаста ба ҳудуду моҳияти воқеаҳо ва масъалаҳои тасвиршаванда дар ҳалли низоъҳои романҳои «Ғуломон»-и С. Айнӣ, «Шӯроб»-и Р. Ҷалил, сегонаи «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро»-и Ҷ. Икромӣ зиёда аз 100 персонаж ширкат доранд. Асарҳои калонҳаҷми манзуму мансуре, ки дар онҳо ҳодисаву воқеаҳои зиёд бо тамоми мураккабӣ ва печдарпечиашон тасвир меёбанд, эпопея ном доранд. Романҳои калонҳаҷми «Ҷанг ва сулҳ»-и Л. Н. Толстой, «Зиндагии Клим Сангин»-и М. Горкий, «Дони ором»-и М. Шолохов, «Ғуломон»-и С. Айнӣ, «Абай»-и М. Авезовро эпопея мегeянд. Баъзан, мавзeъ ва персонажҳои як роман дар романҳои минбаъда ширкат варзида, боиси муттаҳидии сохту сужети асарҳо мегарданд. Романҳои дорои мавзeъ ва образҳои ягона агар аз ду китоб иборат бошанд, дугона (ё дилогия), аз се китоб — сегона (ё трилогия), аз чор китоб-чоргона (ё тетралогия) ном мегиранд. Дар адабиёти тоҷик мисоли романи дугона «Ситорае дар тирашаб» ва «На, ситораҳо мерезанд»-и Расул ҳодизода ва намунаи романи сегона «Духтари оташ», «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро» ва «Тахти вожгун»-и Ҷ. Икромӣ мебошанд. Фирӯза, Ҳайдарқул, Асо барин образҳои «Духтари оташ» дар асарҳои дуввум ва сеюм низ ширкат варзиданд. Чанд романеро, ки мавзeи умумӣ ва персонажҳои ягона доранд, силсилаи романҳо меноманд. «Мазҳакаи инсонӣ»-и нависандаи фаронсавӣ Оноре де Балзак, ки зиёда аз 20 ҷилдро дар бар кардааст, мисоли барxастаи силсилаи романҳо мебошад. Баъзан, достонҳои серпаҳлӯ ва гуногунмавзeъро романи манзум меноманд. Дар ин гуна асарҳо муҳимтарин лаҳзаҳои таърихи миллат, шахсиятҳои барxаста ва корномаҳои онҳо бо эҳсосоти баланду руxeъҳои лирикӣ тасвир меёбанд. Беҳтарин намунаи романи манзум дар адабиёти рус «Евгений Онегин» ном асари А. С. Пушкин мебошад. Дар адабиёти давраи нави тоҷик асарҳои «Аз Ганг то Кремл»-и Мирзо Турсунзода, «Дашти лаванд»-и Мирсаид Миршакар, «Фарзанди ҳукумат»-и Ғаффор Мирзоро романи манзум номидан мумкин аст.[2]

Таърих

Пайдоиш ва Роман ҳамчун истилоҳи адабӣ дар Аврупои асрҳои инкишофи миёна пайдо шуда бошад ҳам, таърихи қадим ва бой роман дорад. Асарҳои ба роман монандро дар адабиёти қадими Юнон ҳиндустон, Чин, Япония пайдо кардан мумкин аст. Пайдоиши романро дар адабиёти форсу тоҷик ба асрҳои 4-5 мелодӣ («Корномаи Ардашери Бобакон») нисбат додаанд. Асарҳои машҳури асримиёнагӣ, аз xумла «Абeмуслимнома», «Доробнома», «Самаки айёр», «Қиссаи Амир ҳамза», «Замчинома», «Баҳром ва Гуландом», «Саргузашти ҳотами Той», «Чор дарвеш»-ро, ки ба талаботи асосии жанри мазкур ҷавоб дода метавонанд, роман номидан мумкин аст. Дар адабиёти давраи нави тоҷик роман дар асоси анъанаҳои насри бадеии гузаштаи тоҷик ва адабиёти русу халқҳои дигари олам инкишоф ёфт. Нахустин романи адабиёти давраи нави тоҷик «Дохунда» мебошад, ки ба қалами Садриддини Айнӣ тааллуқ дорад. Баъдҳо наслҳои гуногуни нависандагон ба таълифи роман рӯ оварда, ба комёбиҳо ноил гардидаанд.

Навъҳои Роман дар ҷараёни таърихи пайдоиш, ташаккул ва такомули роман худ аз ҷиҳати мавзeъ ва услуби баён беш аз пеш васеъ ва доманадор гардида, паҳлуҳои гуногуни зиндагию фаъолияти xомеаи инсониро фаро гирифт. Вобаста ба ҳамин роман ба навъҳои гуногун тақсим шудааст, ки маъмултаринашон инҳо мебошанд: романи иxтимоию оилавӣ, романи фалсафӣ, романи таърихӣ, романи таърихию инқилобӣ, романи тарҷумаиҳолӣ, романи асотирӣ, романи моxароӣ, романи ҳаxвӣ ва ғайра. Дар адабиёти давраи нави тоҷик романҳои иҷтимоиву оилавӣ, таърихӣ, таърихию инқилобӣ, тарҷумаиҳолӣ ва саргузаштӣ бештар мушоҳида мешаванд.[3]

Эзоҳ

  1. Худойназар Асозода, Аламхон Кӯчаров. Адабиёти тоҷик. (давраи нав) — Душанбе, 2006. — С. 39-41
  2. Худойназар Асозода, Аламхон Кӯчаров. Адабиёти тоҷик. (давраи нав) — Душанбе, 2006. — С. 39-41
  3. Худойназар Асозода, Аламхон Кӯчаров. Адабиёти тоҷик. (давраи нав) — Душанбе, 2006. — С. 39-41


Сарчашма