Узвҳои таносул: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
Ohangar (баҳс | ҳисса)
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
Ohangar (баҳс | ҳисса)
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
Сатри 87: Сатри 87:
== Эзоҳ ==
== Эзоҳ ==
{{эзоҳ}}
{{эзоҳ}}
==Пайвандҳо==
*[[Кер]]


== Сарчашма ==
== Сарчашма ==

Нусха 21:18, 23 июли 2018

Узвҳои таносул, аъзои ҷинсӣ — узвҳои афзоиш. Узвҳои таносул дарунӣ ва берунӣ мешаванд. Узвҳои таносули занон ҷои обистанӣ ва рушди ҷанин мебошад. Ғадудҳои таносул марбути узвҳои эндокринӣ буда, ғайр аз ҳуҷайраҳои ҷинсӣ гормонҳои ҷинсии занона ва мардона ҳосил мекунанд. Онҳо бевосита ба хун ҳамроҳ шуда, дар танзими фаъолияти ҷинсӣ, ширкат меварзанд. Гормонҳои ҷинсӣ инкишофи аломатҳои дуюмини ҷинсиро, ки хоси марду зананд, танзим менамоянд.

Дар батн тухмаи одам аз ғадуди ҷинсии бетафовуте (индофференти)-е ташаккул меёбад, ки аз он дар баъзе афрод ҷанини ҷинси мардона, дар афроди дигар ҷанини ҷинси занона падид меояд. Аҳёнан дар як одам каму беш нишонаҳои ҳарду ҷинс – хунсоӣ зоҳир мегардад.

Узвҳои таносули мардон

Акс:Male anatomy number.svg
Системаи шошаю таносули мардон:
1. пешобдон 2. устухони шармгоҳ 3. нара 4. танаи нара 5. сараки нара 6. ғилофа 7. сӯрохии берунии пешоброҳа 8. рӯдаи канорӣ 9. рӯдаи рост 10. манидон 11. маҷрои манигузар 12. ғадуди простата 13. ғадуди пиёзӣ-мизроҳӣ 14. маъқад 15. маҷрои манӣ 16. зоиди хоя 17. хоя 18. хоядон

Узвҳои таносули мардона ва занона вобаста ба ҷойгирӣ берунӣ ва дарунӣ мешаванд; вазифаи онҳо идомаи насл аст. Хоя бо зоидҳояш, маҷрои манирон, ғадуди простата ва ғадудҳои булбоуретравӣ (мансуб ба пиёзаки пешоброҳа) ба узвҳои дарунӣ, нара ва хоядон ба узвҳои берунии таносули мардон мансубанд. Узвҳои дарунии таносули занон аз тухмдон, найчаҳои бачадон, бачадон, маҳбал ва даромадгоҳи маҳбал, узвҳои берунии таносу аз лабҳои калону хурди фарҷ ва клитор иборат мебошанд. Ба узвҳои таносули мардон хоя бо зоидҳояш, ки дар хоядон воқеанд, манироҳа бо манидон, ғадуди простата, ғадудҳои Купер ва олати таносул мансубанд.

Хоя ғадуди ҷуфти таносулии мардона аст. Хояҳои тифли батн дар баробари ду мӯҳраи болоии миён воқеъ буда, то дами таваллуд ба хоядон мефарояд. Хояҳо ҳуҷайраи ҷинсӣ – нутфа ҳосил мекунанд, ки ҳангоми ҷамоъ аз 40 – 60 то 500 – 600 млн адад хориҷ мешаванд. Гормони ҷинсие, ки хоя ба хун ҷудо мекунад, ба бисёр вазифаҳои организм таъсир мерасонад. Хояҳо дар давраи балоғат ба дараҷаи ниҳоии рушд мерасанд; бо мурури синну сол ҳаҷми онҳо хурд мешавад.

Хоя бо чандин парда пӯшида шудааст: пардаи пайвандии сафедранг хояро фаро гирифта, дар тарафи ақиби он ғафс мешавад. Аз он ҷониби дарун девораҳои фиброзие ҷойгиранд, ки моддаи хояро ба ҳиссаҳо ҷудо мекунанд. Модда ё паренхимаи хоя аз ҷӯякҳои рост ё печидаи манидон иборат аст. Ҷӯякҳои рост бо ҳам васл шуда, шабакаро ташкил мекунанд ва баъд ба сӯи сари зоиди хоя тӯл мекашанд. Ихроҷи нутфа танҳо дар ҷӯякҳои печдор ба амал меояд. Тамоми ҷӯякҳои хоя ба ҷӯяки зоид, ки ба маҷрои манирон тӯл мекашад, боз мешаванд. Маҷрои манӣ боло баромада, ба таркиби танобаки манӣ дохил мешавад ва якҷоя бо рагҳои хуну лимфа ва асабҳо аз ҷӯяки қадкашак мегузарад; баъд аз он маҷрои манӣ аз девораи паҳлуии кос ба поён ва ақиб рафта, ба зери масона мерасад ва васеъ шуда, ампулаи маҷрои маниро ҳосил мекунад. Пас аз пайвастан бо маҷроҳои тарашшуҳии манидонҳо маҷрои манӣ маҷрои манибарорро ташкил мекунад. Манидонҳо дар байни масона ва рӯдаи рост дар паҳлӯи маҷрои манибарор воқеанд; онҳо усорае ҷудо мекунанд, ки бо усораи хоя омехта, нутфаро ба вуҷуд меоранд. Маҷрои манибарор аз байни ғадуди простата гузашта, ба пешоброҳа боз мешавад. Ғадуди простата қисми ибтидоии ҷӯяки пешобро иҳота мекунад. Қисми ғадудии простата усорае ҷудо мекунад, ки бо манӣ омезиш ёфта, фаъолии нутфаро таъмин месозад. Қисми мушакии он сфинктер (исканҷаи мушаки)-и ҷӯяки пешоб буда, пайдарҳамии ҷараёни манӣ ё пешобро танзим мекунад, дар натиҷа манӣ бо пешоб омезиш намеёбад. Сатҳи ақиби простата ба рӯдаи рост мерасад; ҳангоми муоинаи тиббӣ ангуштро ба рӯдаи рост дароварда ин ғадудро ламс мекунанд; бо ин усул бузургӣ ва қивоми простатаро муайян ва иллатҳои гуногуни онро ташхис намудан мумкин аст.

Нара (Кер) ва хоядон узвҳои берунии таносули мард мебошанд. Нара узвест, ки ду вазифаро ба ҷо меорад: ихроҷи манӣ ҳангоми ҷимоъ ва ихроҷи пешоб аз масона. Он аз аҷсоми ғорӣ (исфанҷӣ) иборат аст: ду аҷсоми исфанҷии худи нара ва ҷисми исфанҷии ҷӯяки пешоб, ки сараки узви таносулро ташкил медиҳанд. Аҷсоми исфанҷӣ аз сафедпардаи ғафсе таркиб ёфтаанд, ки аз он парда девораҳои сершумор ба дарун мераванд ва фазои байни онҳо «ғорҳое»-ро ташкил мекунанд, ки пур аз хун мебошанд. Туфайли сохти махсуси рагҳои хунгард хун ҳангоми бедории шаҳват аҷсоми исфанҷиро таҳти фишор пур мекунад ва ин боиси тарангу рост шудани нара, яъне эрексия мегардад.

Дар нӯги сари нара сӯрохи берунии ҷӯяки шоша воқеъ аст. Дарозии пӯсте, ки сари нараро мепӯшонад гуногун аст. Дар дохили пӯсти сари нара ғадудҳои арақ мавҷуданд, ки тарашшуҳи онҳо якҷоя бо ҳуҷайраҳои эпителӣ смегма ҳосил мекунанд.

Узвҳои таносули занон

Мақолаи асосӣ: Узвҳои таносули занон
Дастгоҳи тавлиди насл дар занон

Ба узвҳои таносули занон тухмдонҳо, найчаҳои бачадон, маҳбал мансубанд. Тухмдон ғадуди ҷуфти таносулии занона аст, ки дар коси хурд дар ду тарафи бачадон воқеъ гардидааст. Дар тухмдонҳо ҳуҷайраҳои ҷинсии занона – ҳуҷайратухмҳо инкишоф меёбанд. Ғайр аз он тухмдон яке аз ғадудҳои муҳимми ихроҷи дарунӣ мебошад, ки ба хун гормон ҷудо мекунад. Он фаъолияти мӯътадили узвҳои таносул ва аломатҳои дуввумини ҷинси (овоз, рушди сина, баромадани мӯи хоси андоми зан ва ғ.)-ро муайян мекунад. Фаъолияти тухмдон ба синни зан ва вазъи умумии функсионалии организм вобаста аст.

Тухмдон тавассути бандакҳо дар байни бачадон ва девораи паҳлуии кос озодона устувор гардида, бо масориқаи кӯтоҳе ба банди васеи бачадон овезон аст. Ҳангоми буриши тухмдон фолликулаҳо ба назар мерасанд, ки дар онҳо ҳуҷайраҳои ҷинсӣ воқеанд. Фолликулаҳо вобаста ба зинаи инкишоф бузургии гуногун доранд. Фолликулаи болиғ (ҳубоби Грааф) кафида, ҳуҷайратухм ба ковокии сифоқ, аз он ҷо тавассути найчаҳои бачадон (найчаҳои фаллопий) ба бачадон меафтад.

Найчаҳои бачадон (тухмроҳа) аз кунҷҳои танаи бачадон ибтидо гирифта, тарафи озоди онҳо дар ҷавфи батн интиҳо меёбад. Найча ба қисматҳои зерин тақсим мешавад: қисмате, ки дар дохили девораи бачадон воқеъ аст (қисмати бачадонӣ), қисмати борик (гардана), қисмати васеъ (ампула, ки нӯгаш пӯпакдор аст). Девораи найча пардаҳои зардобӣ, бофтаӣ, мушакӣ ва луобӣ дорад. Пардаи луобии найча аз як тараф ба пардаи луобии бачадон, аз тарафи дигар ба пардаи ҷавфи батн мерасад, яъне найчаи бачадон ба ҷавфи сифоқ боз мегардад. Бинобар ин, хатари аз роҳи узвҳои таносули зан ба ҷавфи сифоқ гузаштани сироят вуҷуд дорад. Агар ҳуҷайратухми бордор дар найча бозмонад (мас., ҳангоми илтиҳоби он), ҳомилагии берун аз бачадон рӯй медиҳад.

Бачадон узви ковоки мушакӣ буда, дар коси хурд дар байни масона (пеш аз бачадон воқеъ аст) ва рӯдаи рост (пас аз он) ҷойгир мебошад. Ҳангоми ҳомилагӣ дар бачадон кӯдак инкишоф меёбад.

Бачадон аз қаър, тана, гардана ва гардан иборат аст. Вай, одатан, шакли нокро дорад ва тарафи боло қаъри он ҳисоб меёбад. Ковокии танаи бачадон ҳангоми буриш секунҷа аст; ба кунҷҳои боло даҳанаи найчаҳои бачадон, ба кунҷи поён сӯрохи ҷӯяки гардани бачадон боз мешавад. Девораи бачадон аз се қабат иборат аст: пардаи луобӣ (эндометрия), пардаи мушакӣ (миометрия) ва қабати зардобӣ (периметрия). Ҳангоми ҳомилагӣ бузургӣ ва шакли бачадон аз сабаби калон шудани нахҳои мушак тағйир меёбанд. Пас аз таваллуд бачадон тадриҷан хурд шуда, қариб шакли аввалаашро мегирад. Дар пиронсолӣ, хусусан баъди қатъи ҳайзбинӣ, андозаи бачадон хурд мешавад.

Пардаи луобии бачадон вобаста ба давраи ҳайз тағйир ёфта, се марҳаларо аз сар мегузаронад. Низоми тағйироти даврӣ дар бачадон тавассути таъсири мутақобили системаи асаби марказӣ, гормонҳое, ки тухмдон ҷудо мекунад ва ҳиссаи пеши гипофиз танзим мегардад.

Бачадон дар кос бо ёрии сифоқ, бандакҳо, ниём ва мушакҳои қаъри кос устувор аст. Сифоқ сатҳи пешу ақиби бачадонро фаро мегирад ва ба сатҳи паҳлӯи гузашта, бандаки васеи бачадонро ташкил мекунад, ки дар тарафи болои он найчаҳои бачадон воқеанд. Гарданаи бачадон аз қисмати маҳбалӣ ва қисмати болоимаҳбалӣ иборат мебошад. Ҷӯяки гарданаи бачадон дукшакл буда, сатҳи дохилиашро пардаи луобии пурчин пӯшидааст. Луобпардаи ҷӯяки гарданаи бачадон усораи ишқорие ҷудо мекунад, ки бактерияҳоро маҳв месозад, барои аз маҳбал ба бачадон ворид шудани ангезаҳои беморӣ роҳ намедиҳад. Аксуламали ишқории усора дар ҷараёни бордоршавӣ муҳим аст, зеро он ҳаракати нутфаро метезонад. Дар паҳлуҳои гарданаи бачадон ва қисми болоии маҳбал насҷи чарбӣ (параметрия) воқеъ аст.

Дар шароити муқаррарӣ бачадон дар маркази кос меистад. Ҳангоми холӣ будани масона қаър ва танаи бачадон ба пеш баромада сатҳи пешаш ба пеш ва поён менигарад; дар ин ҳол танаи бачадон бо гардана кунҷеро ташкил мекунад, ки ба тарафи пеш боз аст. Вазъи бачадон дар кос ҳангоми ҳомилагӣ ва пур будани масонаву рӯдаи рост тағйир меёбад.

Маҳбал узви мушакии найчашакл буда, 7 – 9 см дарозӣ дорад; вай аз боло гарданаи бачадонро фаро гирифта, гумбазе ташкил мекунад ва аз поён ба роғи фарҷ боз мешавад. Роғи фарҷи духтарони бокира бо пардаи бакорат пӯшида аст, ки сӯрохи хурде дорад. Ҳангоми муҷомаати аввалин пардаи бакорат медарад. Девораи маҳбал аз се парда иборат аст.

Ба узвҳои берунии таносули занон зиҳор (қисмати поёни девораи шикам, ки пашм дорад), лабҳои калони фарҷ (аз ду чини пӯст таркиб ёфта, бофтаи пайвандӣ доранд) ва лабҳои хурди фарҷ (дар самти дохили лабҳои калони фарҷ ҷойгир буда, ғадудҳои чарб доранд) мансубанд. Роғи байни лабҳои хурд даромадгоҳи маҳбалро ташкил мекунад. Дар тарафи болои даромадгоҳ клитор воқеъ аст, ки узви ҳассос мебошад; вай ба аҷсоми исфанҷии узви таносули мард мувофиқ аст. Дар поёни клитор сӯрохи шошабаро воқеъ аст, ки канорҳои каме гирда дорад. Дар ақиб ва поёни он сурохи маҳбал ҷойгир аст. Дар паҳлуҳои маҳбал маҷрои ғадудҳои калони даромадгоҳи маҳбал (ғадудҳои бартолин) боз мешаванд, ки тарашшӯҳи онҳо луобпардаи лабҳои хурд ва даромадгоҳро намнок месозад. Дар паҳлӯҳои қисмати поёни маҳбал пиёзакҳои даромадгоҳ воқеанд, ки ба бофтаи исфанҷии олати таносули мардон монанд мебошанд. Дар даромадгоҳи маҳбал ғадудҳои хурди чарб мавҷуданд.

Бемориҳо ва осеби узвҳои таносул

Ҳам дар мардон ва ҳам дар занон нуқси инкишоф, мавқеи нодурусти узвҳои таносул ба назар мерасанд, бемориҳои илтиҳобӣ ва омосӣ ба вуҷуд меоянд. Нуқси инкишоф аҳёнан дучор мешавад (хурд ё калон шудани узвҳои таносул, рушди ноқиси онҳо ва ғ.). Бемориҳои сироятӣ дар давраи аввали ҳомилагӣ, шуоъ хӯрдани модар, ки дар он вақт ҷанин ба таъсири омилҳои зиёновар хеле ҳассос аст, метавонанд боиси пайдоиши нуқси инкишоф гарданд. Барои пешгирии нуқси инкишофи тифли батн занҳои ҳомила бояд худро аз амрози сироятӣ эмин доранд, ба аёдати чунин беморон нараванд, ба онҳо нигоҳубин накунанд; ҳангоми эпидемияи грипп аз рафтан дар байни анбӯҳи мардум – кино, театр ва ғ. худдорӣ намоянд, бе тавсияи духтур дору нахӯранд, ба тартиби дурусти кору истироҳат риоя кунанд, дар ҳавои кушод бештар гарданд.

Хунсоӣ (гермафродитизм, нармодагӣ), яъне дар як фард мавҷуд будани аломатҳои ҳарду ҷинс, аз ҷумлаи нуқсҳои инкишофи узвҳои таносул мебошад. Хунсоӣ ҳақиқӣ ва козиб мешавад. Ба хунсоии ҳақиқӣ, ки аҳёнан дучор меояд, мавҷудияти ҳам тухмдону ҳам хоя хос аст. Дараҷаи зуҳури аломатҳои ин ё он ҷинс ба кори ғадудҳои таносул вобаста аст. Ҳангоми хунсоии козиб (псевдогермафродитизм), ки назар ба хунсоии ҳақиқӣ бештар вомехӯрад, ғадудҳои ҷинсӣ тибқи навъи муайян – мардона ё занона ташаккул меёбанд, вале дар сохти узвҳои берунаи таносул тағйирот ба назар мерасад. Дар кӯдак ба мушоҳида расидани гипоспадия (дар поёни нара қарор гирифтани сӯрохи пешоброҳа) якҷоя бо крипторхизм, (чуки норасида), ки клитори калоншударо ба хотир меорад, хоядони дутақсим, ки ба лабҳои калони фарҷ мемонад, аз хунсоии кӯдак гувоҳӣ медиҳад. Барои муайян кардани ҷинси ҳақиқии кӯдак усулҳои махсуси ташхисро ба кор мебаранд. Волидони кӯдаки хунсо бояд бидонанд, ки чунин ноҷурӣ илоҷпазир аст ва ҳарчи зудтар ба пизишк муроҷиат кунанд, муолиҷа ҳамон қадар самараи бештар медиҳад, дар оянда кӯдак камтар осеби рӯҳӣ мебинад. Муайян кардани ҷинси кӯдак дар синни то дусолагӣ мақбултар аст.

Дар мардон аз ҷумлаи ноқисиҳои инкишоф ихтилоли рушди хояҳо – набудани як ё ҳарду хоя, рушди ноқиси онҳо, хояҳои иловагӣ, ки одатан нарасидаанд, ба хоядон нафаромадани хояҳо (крипторхизм) ва ҷойгирии ғайримуқаррарии онҳо ба назар мерасад.

Аз навоқиси рушди узвҳои таносул иллатҳои зайл бештар дучор меоянд: чок ва кӯтоҳии девораи пеш ё ақиби маҷрои шоша (уретра); баста ё танг шудани сӯрохи берунаи уретра. Фимоз ҳам аз ҷумлаи нуқси инкишоф мебошад, ки ба пурра кушода шудани сари олати таносул имкон намедиҳад. Зӯран луч кардани сари олати таносул боиси парафимоз мешавад. Истисқои хоядон, кистаи манироҳаро ҳам аз ҷумлаи навоқиси инкишоф меҳисобанд.

Нуқсҳои назарраси рушди узвҳои таносул боиси имконнопазирии таваллуд ва ҳаёти ҷинсӣ мегарданд. Нуқсҳои сабуктар ҳаёти ҷинсӣ ва пешоброниро халадор мекунанд, ба илтиҳоб ва диг. бемориҳо гирифтор месозанд.

Аксар амрози узвҳои таносулро дар сурати барвақт ба пизишк муроҷиат кардани волидон пурра табобат намудан мумкин аст. Амрози илтиҳобии узвҳои таносули мардон аксар вақт табиати сироятӣ, занбӯруғӣ ё паразитӣ дошта, аз таъсири вирусҳо, занбӯруғҳо, соддатаринҳо, гелминтҳо ба вуҷуд меоянд. Аз бемориҳои илтиҳобии узви таносул баланит ва баланопостит бештар вомехӯрад. Ба илтиҳоби узвҳои таносул микроорганизмҳои маскуни организми одам – қаламчамикроби рӯда, протея, энтерококкҳо ва ғ. сабаб мешаванд. Ҳангоми заъфи умумии организм уфунат тавассути қад – қади маҷрои шоша ба рагҳои лимфа паҳн гашта, боиси иллати уретра (ниг. Уретрит), ғадуди простата (ниг. Простатит), манидон (везикулит), маҷрои манӣ, зоидҳо ва хояҳо мешавад. Баъзан уфунат ба аҷсоми исфанҷии олати таносул гузашта, боиси илтиҳоби онҳо мегардад. Аз бемориҳое, ки зери таъсири соддатаринҳо ба вуҷуд меоянд, бештар трихомониаз ба мушоҳида мерасад (ҳангоми мубошарат мегузарад).

Як силсила амрози сироятӣ – паротити вогир, туляремия, сил, грипп, гепатити вирусӣ – боиси илтиҳоби хоя (ниг. Орхит) ё зоидҳои он (ниг. Эпидидимит) шуда метавонанд.

Бемориҳои зӯҳравӣ, ки бо роҳи алоқаи ҷинсӣ мегузаранд (ниг. Сӯзок, Сифилис), гурӯҳи махсусро ташкил мекунанд. Сироят аксар вақт ҳангоми алоқаҳои тасодуфии ҷинсӣ, риоя накардан ба беҳдошти ҳаёти ҷинсӣ (ниг. Ҳаёти ҷинсӣ) ба амал меояд; ба ин ҳолати мастӣ ҳам сабаб мешавад (ниг. Майзадагӣ).

Осебҳои узвҳои таносул пӯшида ва кушода мешаванд. Лат хӯрдани узвҳои таносул асосан боиси дард ва хунрезӣ мегардад. Осебҳои кушодаи узвҳои таносул мумкин аст сатҳӣ (осеби пӯст) ва амиқ (даридани аҷсоми исфанҷии олати таносул, маҷрои шоша, захми хоя) бошанд. Ҳодисаҳои дар натиҷаи садама канда шудани олати таносул ва кастратсия ҳам рӯй медиҳанд. Осебҳои кушодаи узвҳои таносул боиси хуншории хатарнок, ихтилоли шошаронӣ, раҳ ёфтани ангезандаҳои уфунат мегардад.

Осебҳои пӯшида, ғайр аз латхӯрӣ, ҷарроҳиро тақозо мекунанд, ки ба манъи хунравӣ, бурида партофтани хуномос (гематома), барқарор намудани таносуби мӯътадили анатомӣ, рафъи монеаи роҳи шоша нигаронида шудааст.

Ҳангоми муолиҷаи осебҳои кушодаи узвҳои таносул бофтаҳои пӯла ва мавтшуда, лахтаи хун ва аҷсоми бегонаро гирифта мепартоянд, кӯшиш мекунанд, ки томияти узвро нигоҳ доранд.

Аз амрози омосии узвҳои таносули мардон бештар омоси некфарҷом – аденомаи ғадуди простата вомехӯрад. Қариб нисфи мардони куҳансол ба ин беморӣ гирифтор мешаванд, ки сабабаш тағйироти гормонӣ мебошад. Ихтилоли тарашшуҳи шоша, уфунати пешоброҳа, пайдоиши санг дар масона, заъфи гурда ва ғ. оқибати табобат накардани аденомаи ғадуди простата аст.

Саратони ғадуди простата нисбатан кам дучор мешавад. Аз ҷумлаи омосҳои некфарҷоми маҷрои шошаи мардон (уретра) аз ҳама бештар кондиломаи тез (онро папилломаи вирусӣ, баъзан полип ва аденома ҳам меноманд) паҳн шудааст. Саратони уретра асосан мардони куҳансолро мубтало месозад. Саратони узви таносул аҳёнан рӯй дода, одатан, натиҷаи илтиҳоби музмин мебошад.

Омоси хоя аксар вақт бадфарҷом буда, ҷавононро мубтало месозад. Он аксар вақт гормонҳои ҷинсӣ ҳосил мекунад, ки боиси балоғати бармаҳали бачагон мегардад.

Ҳангоми илтиво (печиши хоя) фавран ба духтур муроҷиат бояд кард. Дар ин ҳолат гардиши хун ихтилол ёфта, дарди сахт падид меояд, хоядон варам карда, одам дилбеҳузур мешавад, қай мекунад, аз ҳуш меравад. Дар сурати сари вақт муолиҷа накардан, хоя мавт мегардад.

Пешгирии бемориҳои узвҳои таносули мардон, хусусан бемориҳои илтиҳобӣ, риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва гигиенаи ҳаётии ҷинсӣ, ҳар рӯз шустани узвҳои берунаи таносулро талаб мекунад. Ба ин қоидаҳо бояд аз кӯдакӣ риоя кард.

Дар занҳо ноқисии инкишоф мумкин аст ҳам дар ихтилоли сохти анатомии узвҳои таносул (набудани маҳбал, бачадон, дутоӣ будани онҳо ва ғайра), ҳам дар таъхири рушди онҳо – инфантилизм зоҳир гардад. Ҳангоми баъзе навъҳои нуқси инкишоф, мас., дутоӣ будани бачадон ва маҳбал вазифаи узвҳои таносул мумкин аст халал наёбад: давраи ҳаёз мавҷуд аст, занҳо ҳомила мешаванд, таваллуд мекунанд. Аммо баъзеи онҳо дар давраи аввали ҳомилагӣ бача мепартоянд ё ба заъфи таваллуд гирифтор мешаванд. Бинобар ин, чунин занҳои ҳомила бояд таҳти назорати қатъии пизишк бошанд. Набудани маҳбал боиси аменорея ва имконнопазирии ҳаёти ҷинсӣ мегардад. Ин нуқсро бо роҳи ҷарроҳӣ муолиҷа мекунанд.

Мавқеи нодурусти узвҳои таносул, хусусан бачадон, афтидан ва баромадани он аз роғи фарҷ, инчунин ба пешу қафо ғеҷидани бачадон ба ихтилоли тонуси бачадон, осеби дастгоҳи нигоҳдорандаи он ва мушакҳои қаъри кос вобаста аст; ғайр аз он дар натиҷаи илтиҳоби узвҳои дохилии таносул, ки боиси кафшерак мегардад, мумкин аст бачадон ба ақиб хам хӯрад. Дар ин ҳол бачадон қобилияти ҳаракаташро гум мекунад. Дар натиҷа ҳомилагии носолим (фишурда шудани бачадони бордор, бачапартоӣ) рух менамояд. Барои пешгирии беҷошавии бачадон, ки дар натиҷаи илтиҳоб рӯй медиҳад, бо тавсияи духтур барои рафъи пурраи он табобат кардан зарур аст. Мунтазам холӣ кардани масона муҳим мебошад, зеро баъзе духтарон ва занон пешобро нигоҳ медоранд, ки ба қатшавии бачадон мусоидат мекунад. Барои пешгирии беҷошавии узвҳои таносул варзиш хеле судманд аст.

Бемориҳои илтиҳобии узвҳои таносули занон дар натиҷаи ба онҳо роҳ ёфтани микроорганизмҳои бемориовар сар мезанад. Вобаста ба он ки кадом қисмати узвҳои таносул бештар осеб дидааст, амрози зерини онҳоро тасниф мекунанд: илтиҳоби зоидҳои бачадон – аднексит, илтиҳоби бачадон – метроэндометрит, илтиҳоби гарданаи бачадон – сервитсит, инчунин эрозияи гарданаи бачадон, илтиҳоби маҳбал – колпит, илтиҳоби узвҳои берунаи таносул – вулвит ва ғ. Риоя накардан ба қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва гигиенаи ҳаёти ҷинсӣ, алоқаи тасодуфии ҷинсӣ, ки хатари бо трихомониаз, сӯзок, сифилис ва СПИД сироят ёфтанро дорад, ба роҳ ёфтани организмҳои бемориовар ба узвҳои таносули зан мусоидат мекунанд. Ғайр аз он, микробҳои бемориовари маскуни организм ҳангоми заъфи муқовамат бо рагҳои хуну лимфа ба роҳҳои таносули зан меоянд. Сили узвҳои таносул, ки бо роҳи ҷинсӣ намегузарад, бо ҳамин роҳ пайдо мешавад.

Дар узвҳои таносули занон, бештар дар бачадон ва тухмдонҳо, омосҳои некфарҷом ва бадфарҷом инкишоф меёбанд. Аз ҷумлаи омосҳои некфарҷом бештар миомаи бачадон (фибромиома) ва кистаи тухмдонҳо рӯй медиҳанд. Аксар вақт ҳангоми миома давраи ҳайз халал меёбад (ҳайзи зиёди тӯлони то ба дараҷаи хунравӣ аз бачадон). Миомаи ҳаҷман калон узвҳои атрофро фишор медиҳад, ки ин боиси зуд-зуд пешоб кардан ё қабзият мегардад. Ҳангоми миомаи ҳаҷман хурд занҳо мумкин аст мисли занҳои солим обистан шаванд, аммо ҳолатҳои безуррётӣ, бачапартоӣ, ҳангоми таваллуд заъфи қувваи зоиш ва дар давраи баъди таваллуд хунравӣ рӯй медиҳад. Миомаи бачадон, агарчи ҳаҷман калон бошад ҳам, мумкин аст ноаён ҷараён гирад. Занҳои мубталои ин амроз бояд таҳти назорати доимии духтур бошанд.

Кистаи тухмдонҳо баъзан тамоман зоҳир намегардад ва фақат зимни таҳқиқи гинекологӣ муайян карда мешавад. Аммо печиши киста имконпазир аст, ки он боиси дарди сахт дар поёни шикам, қай, баъзан ҳарорати баланд мегардад. Чунин беморонро фавран ба бемористон хобонида муолиҷа кардан зарур аст.

Омосҳои бадфарҷом (саратони бачадон ва тухмдонҳо) бештар дар давраи климакс ё наздик ба он ба вуҷуд меоянд. Бинобар ин, барои сари вақт ошкор ва муолиҷа кардани амрози онкологӣ ҳамаи занон бояд соле ду бор аз муоинаи духтури генеколог гузаранд; ҳарчанд онҳо худро комилан солим ҳис кунанд ҳам, аз муоинаи профилактикӣ низ саркашӣ кардан раво нест.

Эзоҳ

Пайвандҳо

Сарчашма

  • Донишномаи мухтассари тиб