Қуқнӯс: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
No edit summary
Сатри 10: Сатри 10:


== Вожашиносӣ ==
== Вожашиносӣ ==
Вожаи “қуқнус” арабишудаи ''kuknos''-и юнонӣ (ба хатти юнонӣ: ''Κύκνος'' аст). Ин ном дар забони лотин ба сурати ''Cycnus'' ва ''Cygnus'' даромадааст. Дар устураҳои юнонӣ кукнус номи чанд тан, аз он миён номи писари Опулун (эзади ҳунар ва хуршед) аст. Кукнус бисёр зебо будааст ва пас аз моҷароҳое худкушӣ мекунад ва Опулун ӯро ба шакли қӯ дармеоварад. Дарвоқеъ, дар забони юнонӣ вожаи қуқнус ба маънои “қӯ” аст ва дар тавҷеҳи офариниши ин паранда достони писари Опулунро сохтаанд. Дар ахтаршиносӣ яке аз суратҳои фалакӣ (ҳамахтарон)-ро ба забони инглисӣ ''Cygnus'' мегӯянд ва дуктур Ҳайдарии Малоирӣ баробари “мокиён”-ро барои он ниҳодааст (ва дар арабӣ онро “дуҷоҷа” ба ҳамин маънои мокиён мегӯянд)<ref>{{Cite news|title=Вожашиносӣ: қақнусу анқо ва қӯ|author=|url=http://parsianjoman.org/cyr/?p=420|work=Порсӣ анҷуман|date=2014-05-08|accessdate=2018-08-17|language=tg}}</ref>.
Вожаи «қуқнус» арабишудаи «''kuknos''»-и юнонӣ (ба хатти юнонӣ: ''Κύκνος'' аст). Ин ном дар забони лотин ба сурати ''Cycnus'' ва ''Cygnus'' даромадааст. Дар устураҳои юнонӣ кукнус номи чанд тан, аз он миён номи писари Опулун (эзади ҳунар ва хуршед) аст. Кукнус бисёр зебо будааст ва пас аз моҷароҳое худкушӣ мекунад ва Опулун ӯро ба шакли қӯ дармеоварад. Дарвоқеъ, дар забони юнонӣ вожаи қуқнус ба маънои «қӯ» аст ва дар тавҷеҳи офариниши ин паранда достони писари Опулунро сохтаанд. Дар ахтаршиносӣ яке аз суратҳои фалакӣ (ҳамахтарон)-ро ба забони инглисӣ ''Cygnus'' мегӯянд ва дуктур Ҳайдарии Малоирӣ баробари «мокиён»-ро барои он ниҳодааст (ва дар арабӣ онро «дуҷоҷа» ба ҳамин маънои мокиён мегӯянд)<ref>{{Cite news|title=Вожашиносӣ: қақнусу анқо ва қӯ|author=|url=http://parsianjoman.org/cyr/?p=420|work=Порсӣ анҷуман|date=2014-05-08|accessdate=2018-08-17|language=tg}}</ref>.


Гӯё вожаи ''Kuknos''-и юнонӣ аз вожаи пурво-ҳиндуурупоии ''*keuk'' ба маънои “сапед будан” аст. Номи ин паранда дар инглисӣ swan аст, ки бо вожаи sing ба маънои овоз хондан ҳамреша аст.
Гӯё вожаи ''Kuknos''-и юнонӣ аз вожаи пурво-ҳиндуурупоии ''*keuk'' ба маънои «сапед будан» аст. Номи ин паранда дар инглисӣ swan аст, ки бо вожаи sing ба маънои овоз хондан ҳамреша аст.


== Эзоҳ ==
== Эзоҳ ==

Нусха 05:37, 17 августи 2018

Қуқну́с, қақнус[1] (форсӣ: ققنوس‎), анқо́ (ар. عنقاء‎), фе́никс (юн. Φοῖνιξ, лот. phoenix; шояд аз юн. φοίνιξ, «арғувонӣ, сурхи баланд») — парандаи муқаддаси афсонаӣ, ки дар асотири Эрон, асотир Юнон, асотири Миср ва асотири Чин аз он ном бурда шудаааст.

Дар бораи ин мавҷуди афсонаӣ гуфта мешавад, ки вай мурғе нодир ва танҳост ва ҷуфтӣ ва зоишӣ надорад. Аммо ҳазор сол як бор, бар тӯдае бузург аз ҳезум бол мекушояд ва овоз мехонд ва чун аз овози хеш ба ваҷд ва иштиёқ омад, ба минқори хеш оташи меафрӯзад ва бо сӯхтан дар оташ тухме аз вай падид меояд, ки билофосила оташ мегирад ва месӯзад ва аз хокистари он қуқнусе дигар мутаваллид мешавад. Қуқнус дар бисёре фарҳангҳо намоди ҷовидонагӣ ва умри дигарбор талаққӣ шудааст. Аммо бархе фарҳангҳо вежагиҳои дигар ҳам ба ӯ нисбат додаанд.

Гарчӣ қуқнус дар асотири милали осиёӣ ҳамчун Чин ва Эрон ҷойгоҳи вежае дорад, аммо бархе муътақиданд, ки устураи қуқнус аз Мисри Бостон бархоста, ба Юнон ва Рум рафта, ва ҳам су бо боварҳои масеҳият шох ва барг бештаре ёфтааст.[2]

Аллома Деҳхудо дар тавсифи қуқнус навиштааст: Гӯянд қуқнус ҳазор сол умр кунад ва чун ҳазор сол бигузарад ва умраш ба охир ояд ҳезуми бисёре ҷамъ созад ва бар болои он нишинад ва сурудан оғоз кунад ва маст гардад ва бол барҳам занад чунонки оташе аз бол ӯ биҷаҳад ва дар ҳезум афтад ва худ бо ҳезум бисӯзад ва аз хокистараш байзае падид ояд ва ӯро ҷуфт намебошад ва мусиқиро аз овоз ӯ дарёфтаанд[2].

Вожашиносӣ

Вожаи «қуқнус» арабишудаи «kuknos»-и юнонӣ (ба хатти юнонӣ: Κύκνος аст). Ин ном дар забони лотин ба сурати Cycnus ва Cygnus даромадааст. Дар устураҳои юнонӣ кукнус номи чанд тан, аз он миён номи писари Опулун (эзади ҳунар ва хуршед) аст. Кукнус бисёр зебо будааст ва пас аз моҷароҳое худкушӣ мекунад ва Опулун ӯро ба шакли қӯ дармеоварад. Дарвоқеъ, дар забони юнонӣ вожаи қуқнус ба маънои «қӯ» аст ва дар тавҷеҳи офариниши ин паранда достони писари Опулунро сохтаанд. Дар ахтаршиносӣ яке аз суратҳои фалакӣ (ҳамахтарон)-ро ба забони инглисӣ Cygnus мегӯянд ва дуктур Ҳайдарии Малоирӣ баробари «мокиён»-ро барои он ниҳодааст (ва дар арабӣ онро «дуҷоҷа» ба ҳамин маънои мокиён мегӯянд)[3].

Гӯё вожаи Kuknos-и юнонӣ аз вожаи пурво-ҳиндуурупоии *keuk ба маънои «сапед будан» аст. Номи ин паранда дар инглисӣ swan аст, ки бо вожаи sing ба маънои овоз хондан ҳамреша аст.

Эзоҳ

  1. Қақнус чист? Маънои вожаи қақнус(тоҷ.). vazhaju.com. - Вожаҷӯ. 17 августи 2018 санҷида шуд.
  2. Луғатномаи Деҳхудо. Маънои қуқнус(форсӣ). www.vajehyab.com. Вожаёб. 17 августи 2018 санҷида шуд.
  3. Вожашиносӣ: қақнусу анқо ва қӯ(тоҷ.), Порсӣ анҷуман (8 май 2014). Проверено 17 августи 2018.