Ҷӯрабек Муродов: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
No edit summary
х →‎Адабиёт: илова
Сатри 198: Сатри 198:


== Адабиёт ==
== Адабиёт ==
* Сурудҳои Ҷӯрабек Муродов/Тартиб. Ҳ. Ҷумъаев.−Душанбе: Ирфон, 1982. − 279 с.
* Олимақом: Эҷодгари беҳамто/ Зери назари Муллозуҳур Тоҳирӣ .−Тошкент, 1995. − 94 с.
* Шарифова Мавлуда. Ҷӯрабек Муродов/ М. Шарифова.−Хуҷанд: Нури маърифат, 2002. − 528 с.
* Сурудҳои Ҷӯрабек Муродов: Дар ду қисм.−Хуҷанд: Ношир, 2012. − 608 с. бо нотаҳо
* Дурри ҷаҳонтоб/Тартиб. Аскаралӣ Раҷабов.−Душанбе: Бухоро, 2015. − 224с.<ref>[http://asiri.tj/index.php/news/262-jurabek-murodov БОРБАДИ СОНӢ]</ref>
* [[Сурудҳои Ҷӯрабек Муродов (Китоб)|Сурудҳои Ҷӯрабек Муродов. Дар ду қисм. — Хуҷанд: Ношир, 2012. — 608 с.]]
* [[Сурудҳои Ҷӯрабек Муродов (Китоб)|Сурудҳои Ҷӯрабек Муродов. Дар ду қисм. — Хуҷанд: Ношир, 2012. — 608 с.]]
* Народные артисты СССР. В 2-х тт. / Авторы-составители М. В. Музалевский и В. Л. Иванов. — М.: РИЦ «Кавалер», 2007.
* Народные артисты СССР. В 2-х тт. / Авторы-составители М. В. Музалевский и В. Л. Иванов. — М.: РИЦ «Кавалер», 2007.

Нусха 13:27, 27 августи 2018

Ҷӯрабек Муродов
Иттилооти асосӣ
Таърихи таваллуд 24 декабр 1942(1942-12-24) (81 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Айнӣ
Солҳои фаъолият 1962 — то ҳол
Кишвар
Пеша(ҳо) овозхон, навозанда
Навъи садо тенор
Соз rebab[d]
Ҷоизаҳо
ордени «Нишони Фахрӣ»
Ҳунарпешаи мардумии ИҶШС Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон
Аз чап якум Ҷӯрабек Муродов дар назди Боймуҳаммад Ниёзов нишастааст, ва донишҷӯёни факултаи санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б. Ғафуров

Ҷӯрабек Муродов (24 декабри 1942, ноҳияи Айнӣ, вилояти Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон) — овозхон, мутриб ва оҳангсози тоҷик (тенори лирикӣ). Ҳунарпешаи шоистаи ҶШС Тоҷикистон 1967 Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон 1974. Ҳунарпешаи халқии СССР 1979.

Зиндагинома

Ҷӯрабек Муродов 24 декабри соли 1942 дар деҳаи Куруд, ноҳияи Айнӣ ба дунё омадааст.

Падари Ҷурабек Муродов — Ғолибеков Муродбек (тав. 1904). Модар — Фатҳулоева Бибиоиша (тав. 1900). Ҳамсар — Исмоилова Мушарафа Абдуғафаровна (тав. 20 феврали 1947). Фарзандон: Писарон Фирдавсбек (тав. 23.09.1966), Хусравбек (тав. 11 янв. с. 1973), Парвизбек (тав. 31.07.1977), Ҷонибек (тав. 29.05.1986). [1]

Эҷодиёт

Дар тӯли фаъолияти овозхониаш зиёда аз 2000 суруд сароидааст, аз ҷумла оҳангҳои 450-тоаш эҷоди Ҷӯрабек Муродов аст.[2] Ҷӯрабек Мурод солҳои 70-80-уми асри пушти саршуда як силсила мақолаҳои илмӣ таълиф намудааст, ки дар роҳи омӯзиши мусиқии суннатӣ бебаҳоянд. Махсусан, мақолаҳои ӯ — «Умри ҷовидонаи санъаткор» (роҷеъ ба ҳофиз, бастакор ва машшоқи забардасти халқи тоҷик Ҳоҷӣ Абдулазиз (Ҳоҷӣ Абдулазиз Расулов), «Ба рағми булбулон» (ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди Домулло Ҳалим), «Ҳофизи мумтози халқ» (оид ба асолати навозандагию сарояндагии устоди мумтози мусиқии халқию классикии тоҷик Бобоқул Файзуллоев), «Ҳунарвари бузург» (роҷеъ ба Борбади Марвазӣ) ва ғайраро метавон зикр намуд, ки барои бедор намудани завқи мусиқишиносии хонанда арзиши баландро соҳибанд. Ҷӯрабек Мурод сарояндаи ҷӯянда ва нисбат ба касби худ серталаб аст. Ӯ пайваста санъати мусиқии гузаштаю имрӯзаи миллатамонро бо як ҳисси шавқмандӣ меомӯзад. Махсусан намунаи овозҳои ҳофизони халқӣ ва ҳирфаии тоҷик Ҳоҷӣ Абдулазиз, Содирхон, Домулло Ҳалим, устод Шодӣ, Акашариф Ҷӯраев, Бобоқул Файзуллоев, ки ба қарта сабт шудаанд, ҷамъ намуда, унсурҳои бо худ хос ва характерноки вокализми халқӣ-профессионалии тоҷикро ба комёбиҳои навинаш пайваста меомӯзад. Ин аст яке аз чашмгиртарин асрори шӯҳратёри ӯ дар ҷодаи санъат.

Ҷӯрабек Мурод ба маънои пурраи сухан эҷодкори ҳақиқии санъат мебошад. Зеро ин абармарди дунёи санъат дар иҷрои ҳар як суруди нав тарафҳои тоза ба тозаи истеъдоди худро ба мухлисон зоҳир мекунад. Пешравии ӯро ҳатто аз суруд то суруд ва аз оҳанг то оҳанг метавон мушоҳида намуд. Дуди чароғ хӯрдану дандон болои ҷигар гузоштан ва зулмотро ба субҳ бадал намудан гувоҳи умри 50-солаи санъаткории ӯст. Маҳз ҳамин сӯхтанҳову сохтанҳои устод дар роҳи эҳёи санъати мусиқӣ ва овозхонии аҷдодонамон боис гардид, ки номи муборакаш вирди забонҳову сабти китобу қомусҳои зиёде гардад.

Дар бораи Муродов

Соли 1998 ҷилди якуми китоби бисёрҷилдаи тарҷумаиҳолӣ дар Москва таҳти унвони «Дар тамаддуни имрӯза, кӣ кӣ аст?» аз чоп баромад. Китоби мавриди назар фарогири 3 боб буда, қисматҳои «Инсони асри ХХ», «200 нафар арбоби барҷастаи имрӯз» ва «Хазинаи тиллоӣ»-ро дар бар мегирад. Боиси ифтихори бузург ва сарбаландии мо тоҷикон аст, ки дар байни 200 нафар шахсиятҳои барҷастаи ҷаҳон, аз қабили санъаткорони бузург Людмила Зикина, Иосиф Кобзон, Алла Пугачёва, Филипп Киркоров, Валерий Леонтев, Лариса Долина ҳунарманди маҳбуби мо, устод Ҷӯрабек Мурод низ ҷой гирифтааст.[3] Оид ба эҷодиёти Ҷӯрабек Муродов филми ҳуҷҷатии "Сарояндаи миллат" (14 серия),бахшида ба муносибати 55 - солагии фаъолияти эҷодии Ҷ Муродов, ба навор гирифта шудааст.[4]

Мукофот ва ҷоиза

  • Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1967)
  • Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон (1974)
  • Ҳунарпешаи халқии ИҶШС (1979)
  • Мукофоти Ленинии комсомоли ҶШС Тоҷикистон (1975)
  • Мукофоти давлати ҶШС Тоҷикистон ба номи А. Рӯдакӣ (1987)
  • Ордени «Нишони ифтихор» (1980)
  • Ордени «Шуҳрат» (Тоҷикистон)
  • Медал «Барои фаъолияти ҷасурона. Дар ҷашнгирии 100-солагии рӯзи таваллуди Владимир Илич Ленин»
  • Медали тиллоӣ — иттиҳодияи консертии Ҷопон «Мин-он» (1987)
  • Грамотаи ифтихории Президиуми Шӯрои олии Узбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон.[1]

Феҳристи сурудҳо

(аудио)
(аудио)
"Муноҷот"
noicon
Намуна аз суруди "Муноҷот". Муноҷот яке аз машҳуртарин сурудҳои Ҷӯрабек Муродов ба шумор меравад.
Кумак барои пахш
# Суруд Овозхон (он) Тӯл
01 «Зулайхо»[5] Ҷӯрабек Муродов
02 «Забони най» Ҷӯрабек Муродов
03 «Ватан» Ҷӯрабек Муродов
04 «Валси Ҷӯрабак» Ҷӯрабек Муродов
05 «Санам» Ҷӯрабак Муродов
06 «Сафар кардам» Ҷӯрабек Муродов
07 «Рӯзи навмедӣ» Ҷӯрабек Муродов
08 «Падарҷонам» Ҷӯрабек Муродов
09 «Падар» Ҷӯрабак Муродов
10 «Номи бувад» Ҷӯрабек Муродов
11 «Муноҷот» Ҷӯрабек Муродов
12 «Мо дар ду ҷаҳон» Ҷӯрабек Муродов
13 «Меҳри модар» Ҷӯрабек Муродов
14 «Меҳри модарам» Ҷӯрабак Муродов
15 «Қадршиносӣ» Ҷӯрабек Муродов
16 «Гузашти рӯзгор» Ҷӯрабек Муродов
17 «Гиря» Ҷӯрабек Муродов
18 «Ғалат» Ҷӯрабек Муродов
19 «Дили модар» Ҷӯрабек Муродов
20 «Дар як ҷо» Ҷӯрабек Муродов
21 «Дарди миллат» Ҷӯрабек Муродов
22 «Бонги ҷашни тоҷикон» Ҷӯрабек Муродов
23 «Бедор кун падарама» Ҷӯрабек Муродов
24 «Шири Модар» Ҷӯрабек Муродов

Ҷӯрабек Муродов ҳамроҳ бо писараш Ҷонибек Муродов (овозхони муосири тоҷик) якчанд сурудҳои нав сабт намудааст:

Эзоҳ

  1. 1.0 1.1 Ҷӯрабек Муродов
  2. http://news.tj/ru/node/249035 Певец нации/Сарояндаи миллат
  3. Бори дӯши Борбад бардоштӣ…
  4. http://news.tj/ru/node/249035 Певец нации/Сарояндаи миллат
  5. Сурудҳои Ҷӯрабек Муродов http://jmc.tj/site/en/galereya-en/music-en.html

Адабиёт

  • Сурудҳои Ҷӯрабек Муродов/Тартиб. Ҳ. Ҷумъаев.−Душанбе: Ирфон, 1982. − 279 с.
  • Олимақом: Эҷодгари беҳамто/ Зери назари Муллозуҳур Тоҳирӣ .−Тошкент, 1995. − 94 с.
  • Шарифова Мавлуда. Ҷӯрабек Муродов/ М. Шарифова.−Хуҷанд: Нури маърифат, 2002. − 528 с.
  • Сурудҳои Ҷӯрабек Муродов: Дар ду қисм.−Хуҷанд: Ношир, 2012. − 608 с. бо нотаҳо
  • Дурри ҷаҳонтоб/Тартиб. Аскаралӣ Раҷабов.−Душанбе: Бухоро, 2015. − 224с.[1]
  • Сурудҳои Ҷӯрабек Муродов. Дар ду қисм. — Хуҷанд: Ношир, 2012. — 608 с.
  • Народные артисты СССР. В 2-х тт. / Авторы-составители М. В. Музалевский и В. Л. Иванов. — М.: РИЦ «Кавалер», 2007.

Пайвандҳо

  1. БОРБАДИ СОНӢ