Манту: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
Munirjohn (баҳс | ҳисса)
No edit summary
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
YiFeiBot (баҳс | ҳисса)
х Перемещение 6 интервики на Викиданные, d:q262796
Сатри 33: Сатри 33:
[[Гурӯҳ:Мантуҳо]]
[[Гурӯҳ:Мантуҳо]]


[[az:Mantı]]
[[de:Mantı]]
[[en:Manti (dumpling)]]
[[it:Mantou]]
[[it:Mantou]]
[[ja:饅頭 (中国)]]
[[ja:饅頭 (中国)]]
[[kk:Мәнті]]
[[ky:Манты (тамак)]]
[[no:Mantou]]
[[no:Mantou]]
[[sv:Mantou]]
[[sv:Mantou]]
[[th:หมั่นโถว]]
[[th:หมั่นโถว]]
[[tr:Mantı]]
[[zh:馒头]]
[[zh:馒头]]

Нусха 18:48, 18 октябри 2018

Манту дар мантуқазон

Манту - таоми миллии тоҷик. Тайёр ва истеъмоли манту дар байни мардуми тоҷик маъмул аст. Мантуро ба тариқи зайл тайёр мекунанд: аз хамири сахт зувола гирифта, 30 дақиқа дам медиҳанд. Пас тунук карда (ғафсиаш 1-2 мм) ба андозаи 10х10 см мебуранд. Ба ҳар як порча як қошуқ гӯшти қима, камтар равғани дунба андохта, секунҷа, чоркунҷа, лӯнда ё дарозрӯя мепечонанд. Барои он ки мантуи хом шах нашавад, рӯяшро бо дастархон мепӯшонанд. Ба деги манту 2-2,5 л об андохта, рӯи оташ мегузоранд. Ҳамин ки об ҷӯшид, ба лаъличаҳои сӯрохдори деги манту равған молида, мантуҳои хомро мечинанд, сипас, ҳамаи лаъличаҳоро рӯи якдигар монда, сарпӯши дегро маҳкам мекунанд ва тақрибан 45 дақиқа ё як соат буғ медиҳанд. Мантуи тайёрро ба табақҳо мекашанд ва ҳар кас ба рӯи он мувофиқи табъаш мурчу кабудӣ, қаймоқ, ҷурғот ё пиёздоғ рехта мехӯрад.

Қимаро барои манту чунин тайёр мекунанд: гӯшти лаҳми гов ё гӯсфандро аз гӯштқимакунак мегузаронанд, пиёзи реза, мурч, кабудӣ, намак, зира ва равғани дунбаи майдабуридашударо меомезанд.

Барои хамир 500 г орд, як қошуқча намак; барои 1 кг гӯшт 500 г пиёз, ним истакон намакоб, як қошуқча мурч, 100 г равғани дунба ва мувофиқи табъ қаймоқ ё чакка ва кабудӣ лозим аст.[1]

Манту вобаста ба масолеҳ ва тарзи тайёр карданаш гуногун мешаванд:

Нигаред


Адабиёт

  • Шовалиева М. История кулинарной культуры таджикского народа. – Душанбе: Дониш, 2015.
  • Энсиклопедияи мухтасари рӯзгордорӣ. – Душанбе, 1988

Пайвандҳои беруна

  1. Таббохӣ/ Бодинҷондӯлма