Иброҳим Барамиков: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 1: Сатри 1:
{{Синамогар
{{Синамогар
}}
}}
'''Барамиков Иброҳим Иззатуллоевич''' ({{lang-ru|Ибрагим Изетуллович Барамыков}}; 3.8.1909, [[Симферопол]] – 16.9.1978, [[Душанбе]]), кинооператор. Артисти халқии ҶШС Тоҷ. (1969), Ходими хизматнишондодаи санъати ҶШС Тоҷ. (1946).
'''Барамиков Иброҳим Иззатуллоевич''' ({{lang-ru|Ибрагим Изетуллович Барамыков}}; [[3 август]]и [[1909]], [[Симферопол]] – [[16 сентябр]]и [[1978]], [[Душанбе]]), кинооператор. [[Артисти халқии ҶШС Тоҷикистон]] (1969), Ходими хизматнишондодаи санъати ҶШС Тоҷ. (1946).


== Зиндагинома ==
== Зиндагинома ==

Нусха 05:13, 9 ноябри 2018

Иброҳим Барамиков
Таърихи таваллуд: 21 июл (3 август) 1909
Таърихи даргузашт 16 сентябр 1978(1978-09-16) (69 сол)
Шаҳрвандӣ:
Касб: филмбардори саҳна, филмсоз
Самт: воқеъанигори сусиёлисм[d]
Ҷоизаҳо:
ордени «Нишони Фахрӣ»
State Stalin Prize, 3rd degree Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон Мукофоти сталинӣ
IMDb: ID 1313633

Барамиков Иброҳим Иззатуллоевич (русӣ: Ибрагим Изетуллович Барамыков; 3 августи 1909, Симферопол16 сентябри 1978, Душанбе), кинооператор. Артисти халқии ҶШС Тоҷикистон (1969), Ходими хизматнишондодаи санъати ҶШС Тоҷ. (1946).

Зиндагинома

Хатмкардаи факултети оператории Ин-ти умумииттифоқии давлатии кинематография (1935).


Фаъолияти эҷодӣ

Аз соли 1935 дар «Тоҷиккино» (баъдтар «Тоҷикфилм») ба фаъолияти эҷодӣ шурӯъ кардааст. Иброҳим Барамиков аз филмбардорони намоёни кинои ҳуҷҷатии тоҷик буд.

Филмшиносӣ

Филмҳои ҳуҷҷатӣ

Муаллиф ва оператори филмҳои ҳуҷҷатии «Сарҳадбонон» (1935), «Аспҳои лақайӣ» (1937), «Иродаи халқ», «Канали Калони Фарғона», «Эҷодиёти халқ» (1939), «Канали Ҳисор» (1940), «Тантанаи санъати тоҷик» (1941); «Водии дарёи Вахш» (1947), «Чаҳоркунҷаҳои мазраъҳои пахта» (1954), «Роҳи пуршараф» (1958), «Ба Тоҷикистон омадани К. Е. Ворошилов» (1958) ва ғ.; филмбардори филмҳои ҳуҷҷатии «Душанбе – Сталинобод» (1936), «Тоҷикистони офтобрӯя» (1937), «Ҷавонони ворошиловӣ» (1940) ва ғ.; сароператори филмҳои пурраметражи ҳуҷҷатии публитсистии «Тоҷикистон» (медали биринҷӣ дар кинофестивали 6-уми байналхалқӣ дар Венетсия, 1946), «Замини ҷавонӣ» (1950), «Тоҷикистони Советӣ» (филми ранга, Мукофоти давлатии СССР, 1952), «Иди халқи тоҷик» (1955) ва ғ.; муаллиф ва реж. филмҳои ҳуҷҷатӣ ва илмию омавии «40-солагии ҶШС Тоҷикистон» (1964), «Дӯстии барқсозон» (1967), «Пахтаи маҳиннах» (1971). Ҳамчун реж. филмҳои «Гаҳвораи шеъри ман» (1971, бо ҳамкории И. Лиситский), «Зардолуи Тоҷикистон» (1973) ва ғ-ро офаридааст.

Филмҳои бадеӣ

Иброҳим Барамиков дар кинои бадеӣ қувваозмоӣ кардааст: оператори таҳиягар дар филмҳои бадеии «Боғ» (1939), «Водии баланд» (1940). Дар солҳои ҶБВ (1941–1945) дар студияи муттаҳидаи Сталинобод ва «Союздетфилм» филмҳои бадеии «Фарзандони Тоҷикистон» (1942) ва «Март–апрел» (1943)-ро ба навор гирифтааст.

Ордену мукофотҳо

Бо ду ордени «Нишони Фахрӣ», медалҳо ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидааст. Аз соли 1957 узви ИК. ИҶШС.


Эзоҳ

Сарчашма

  • Барамиков Иброҳим Иззатуллоевич / Н. Шарипов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.