Аслӣ Бурҳонов: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
No edit summary
Сатри 40: Сатри 40:
* «Ду веронагӣ»-и У. Шекспир ва ғ).<ref>Энсиклопедияи советии тоҷик. — Душанбе. — Ҷ. 1. — 1978. — Саҳ. 551—552. </ref>
* «Ду веронагӣ»-и У. Шекспир ва ғ).<ref>Энсиклопедияи советии тоҷик. — Душанбе. — Ҷ. 1. — 1978. — Саҳ. 551—552. </ref>


== Синамо ==
=== Синамо ===
Аслӣ Бурҳонов инчунин дар филмҳои киностудияи «Тоҷикфильм»:
Аслӣ Бурҳонов инчунин дар филмҳои киностудияи «Тоҷикфильм»:
* «Сарҳад дар кӯҳсор» — Абдураҳмон (1953),
* «Сарҳад дар кӯҳсор» — Абдураҳмон (1953),
Сатри 56: Сатри 56:
* «Субҳи Ганг» — ясаул-боши (1975),
* «Субҳи Ганг» — ясаул-боши (1975),
* «Достони Сиёвуш» — (1976),
* «Достони Сиёвуш» — (1976),

=== Садопешагӣ ===
Ӯ дар дубляжи бисёр филмҳо саҳм гузоштааст.<ref name="ReferenceA">Энциклопедия кино Таджикистана. — Душанбе, 2012, — С. 76. — 396 с. — ISBN 978-99947-919-4-1. </ref>
Ӯ дар дубляжи бисёр филмҳо саҳм гузоштааст.<ref name="ReferenceA">Энциклопедия кино Таджикистана. — Душанбе, 2012, — С. 76. — 396 с. — ISBN 978-99947-919-4-1. </ref>



Нусха 08:10, 8 Январ 2019

Аслӣ Бурҳонов
Бурҳонов Аслӣ Бадриддинович
Акс:Аслӣ Бадриддинович Бурҳонов. jpg
Таърихи таваллуд: 8 январ 1915(1915-01-08)
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт 26 декабр 1998(1998-12-26) (83 сол)
Маҳалли марг:
Шаҳрвандӣ:  ИҶШС
 Тоҷикистон
Касб: ҳунарпеша, ҳунарпешаи синамо, коргардони театр
Ҷоизаҳо:
ордени Ленин ордени Дӯстии халқҳо ордени «Нишони Фахрӣ» Jubilee Medal "In Commemoration of the 100th Anniversary of the Birth of Vladimir Ilyich Lenin"
Ҳунарпешаи мардумии ИҶШС Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон
IMDb: ID 1313836

Аслӣ Бурҳонов (Бурҳонов Аслӣ (Аслиддин) Бадриддинович; 8 январи 1915, Бухоро — 29 декабри 1997, Душанбе, Тоҷикистон) — ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик, коргардон, Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон (1945). Ҳунарпешаи халқии СССР (1965), дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (1970).

Зиндагинома

Аз 13-солагиаш дар театрҳои ҳаваскори Бухоро ҳунарнамоӣ кардааст. Соли 1932 ҳамчун ҳунарпешаи Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии Бухоро ҳунарнамоӣ кард, аз соли 1933 ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ буд.

Эҷодиёт

Театр

Аслӣ Бурҳонов симоҳои мардони қавиирода, муборизони роҳи озодӣ, шахсони фидокору дурандешро офаридааст. Бурҳонов дорои истеъдоди намоён буда, нақшҳои чи фоҷиавӣ ва чи мазҳакавиро табиӣ, бомаҳорат ва таъсирбахш бозидааст. Нақшҳои иҷрокардаи Бурҳонов — Ризо («Мубориза»-и А. Усмонов, 1933), Фердинанд («Макр ва муҳаббат»-и Ф. Шиллер, 1937), Хушвақт («Тўҳмат»-и С. Саидмуродов ва И. Исмоилов, 1938), Салим, Сафар («Калтакдорони сурх», 1941; «Дар оташ», 1944, С. Улуғзода), Ҳаҷир, Сӯҳроб («Рустам ва Сӯҳроб»-и А. Пирмуҳаммадзода ва В. Волкенштейн, 1941—1945), Ҳоҷи («Арўсӣ панҷсўма»-и М. Ўдубодӣ, 1943), Коба («Хонлар»-и С. Вурѓун, 1951), Қорӣ Ишкамба («Марги судхўри»-и С. Айнӣ, 1953), Рӯдакӣ («Рӯдакӣ»-и С. Улуғзода, 1958) ва диг. Аслӣ Бурҳонов нахустин иҷрокунандаи нақши В. И. Ленин дар саҳнаи тоҷик (пиесаи Н. Погодин, «Одами милтиқдор», 1948). Баътар дар асарҳои саҳнавии «Соли 1919-и фаромӯшнашаванда-и В. Вишневский»(1951), Соати бурҷи Кремл-и Н. Погодин (1960), Тўфон"-и Ғанӣ Абдулло ва Шамсӣ Қиёмов (1957), Ҳуррият ва «Сарбозони инқилоб»-и Ғанӣ Абдулло (1964), «Корвони бахт»-и М. Миршакар (1972) образи В. И. Ленинро офарид. Яго, Меркутсио, Кент, Труфальдино ("Отелло ", 1948; «Ромео ва Ҷулета», 1947; «Шоҳ Лир», 1957;) «Хизматгори ду хоҷа», 1947) — беҳтарин нақшҳои Аслӣ Бурҳонов аз осори драматургияи класикии Ғарб аст. Дар пиесаҳои солҳои охир: «Антигона»-и Софокл (1971), «Дасти дӯст»-и Меҳрубон Назаров (1974), «Фарёди ишқ»-и Ғанӣ Абдулло (1975) нақшҳои асосиро иҷро кардааст. Фаъолияти коргардониаш низ бой буда, асарҳои зиёдеро ба саҳна гузоштааст.

Синамо

Аслӣ Бурҳонов инчунин дар филмҳои киностудияи «Тоҷикфильм»:

  • «Сарҳад дар кӯҳсор» — Абдураҳмон (1953),
  • «Дохунда» — Абдулло (1956),
  • «Ман бо духтаре вохӯрдам» — Мухтор ака (1957)[3],
  • «Чароғ дар кӯҳсор» — (1958),
  • «Вазифаи баланд» — Ҷӯраев (1958),
  • «Одам пӯсташро иваз мекунад» — Ҳоҷиёров (1959),
  • «Вақти зангирии писар расид» — Карим ака (1959),
  • «Ҳикояҳои хурд дар бораи кӯдаконе, ки…» падари Ёрмат (1961),
  • «Зумрад» — (1961),
  • «Оромӣ намешавад» — Султонов (1962),
  • «Афсонаи шарқӣ» — (1972),
  • «Салом, одами хуб» — Қурбон (1973),
  • «Субҳи Ганг» — ясаул-боши (1975),
  • «Достони Сиёвуш» — (1976),

Садопешагӣ

Ӯ дар дубляжи бисёр филмҳо саҳм гузоштааст.[4]

Мукофот

Эзоҳ

  1. Бурханов Асли Бадриддинович // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохоров — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
  2. Энсиклопедияи советии тоҷик. — Душанбе. — Ҷ. 1. — 1978. — Саҳ. 551—552.
  3. wikipedia. org/wiki/%D0%AF_%D0%B2%D1%81%D1%82%D1%80%D0%B5%D1%82%D0%B8%D0%BB_%D0%B4%D0%B5%D0%B2%D1%83%D1%88%D0%BA%D1%8 Я встретил девушку ru. wikipedia
  4. Энциклопедия кино Таджикистана. — Душанбе, 2012, — С. 76. — 396 с. — ISBN 978-99947-919-4-1.

Пайвандҳо