Соиби Табрезӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
Соиб шоири газалсаро
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
Ohangar (баҳс | ҳисса)
→‎Зиндагинома: Адабиётро илова кардам
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
Сатри 28: Сатри 28:


==Зиндагинома==
==Зиндагинома==
Мирзо Муҳаммадалии Соиб соли 1603 мелодӣ дар шаҳри [[Исфаҳон]] чашм ба олам кушод. Гузаштагони ў аз [[Табрез]] буданд. Падараш Мирзо Абдураҳим, ки аз аҳли тиҷорат буд, аз тарафи шоҳ Аббос бо гурўҳе аз ҳамкасбон ба Исфаҳон кўчонида шуд. Соиб дар Исфаҳон таҳти ғамхорӣ ва сарпарастии падар таҳсилоти ибтидоиро ба поён расонида, минбаъд аз илмҳои замонаш баҳраҳои кофӣ бардошт. Вай хусусан дар фанни шеъру шоирӣ дониш ва малакаи тамом андўхта, шуғли шеъргўиро бар дигар анвои ҳунар муқаддамтар дошт.
Мирзо Муҳаммадалии Соиб соли 1603 мелодӣ дар шаҳри [[Исфаҳон]] чашм ба олам кушод. Гузаштагони ӯ аз [[Табрез]] будаанд. Падараш Мирзо Абдураҳим, ки аз аҳли тиҷорат буд, аз тарафи ҳукмрони онрӯзаи [[Эрон]] Шоҳ Аббоси Кабир бо гурӯҳе аз ҳамкасбон ба [[Исфаҳон]] кӯчонида шуд: "Соиб аз хоки поки Табрез аст,
Ҳаст [[Саъдии Шерозӣ|Саъдӣ]] гар аз гили [[Шероз]]."
гуфтани Соиб ишора ба ватани аслии бобо ва аҷдодони ӯ мебошад.<ref>Соиб. Мунтахабот. Мураттибон З. Аҳрорӣ, Л. Шералӣ. "Ирфон"-1980, саҳ. 7.</ref>
Соиб дар Исфаҳон таҳти ғамхорӣ ва сарпарастии падар таҳсилоти ибтидоиро ба поён расонида, минбаъд аз илмҳои замонаш баҳраҳои кофӣ бардошт. Вай хусусан дар фанни шеъру шоирӣ дониш ва малакаи тамом андўхта, шуғли шеъргўиро бар дигар анвои ҳунар муқаддамтар дошт.
Соиб санъати хаттотиро низ омўхта, дар ин соҳа яке аз саромадони аҳд гардид. Чандин китоб, рисола ва девону маҷмўаҳои ашъори шоирон бо хати зебои ў нусхабардорӣ шуданд. «Хамса»-и Низомии Ганҷавӣ ва куллиёти Шамси Табрезӣ аз қабили онҳо мебошанд.
Соиб санъати хаттотиро низ омўхта, дар ин соҳа яке аз саромадони аҳд гардид. Чандин китоб, рисола ва девону маҷмўаҳои ашъори шоирон бо хати зебои ў нусхабардорӣ шуданд. «Хамса»-и Низомии Ганҷавӣ ва куллиёти Шамси Табрезӣ аз қабили онҳо мебошанд.
Соиб пас аз касби камол мувофиқи расму қоидаи ҷории замон дар ҷавонӣ зиёрати Каъба рафт. Баъд аз адои маросими ҳаҷ ба Ватан баргашт. Аз сабаби созгор набудани муҳити зиндагӣ тарки диёр намуда, озими Ҳиндустон гардид.
Соиб пас аз касби камол мувофиқи расму қоидаи ҷории замон дар ҷавонӣ зиёрати Каъба рафт. Баъд аз адои маросими ҳаҷ ба Ватан баргашт. Аз сабаби созгор набудани муҳити зиндагӣ тарки диёр намуда, озими Ҳиндустон гардид.
Сатри 35: Сатри 39:
Шуҳрати Соиб саросари Эрон ва мамолики дуру наздикро фаро гирифт. Ў ба дарбори шоҳ Аббоси Сонӣ даъват гардид ва мартабаи маликушшуароӣ ёфт.
Шуҳрати Соиб саросари Эрон ва мамолики дуру наздикро фаро гирифт. Ў ба дарбори шоҳ Аббоси Сонӣ даъват гардид ва мартабаи маликушшуароӣ ёфт.
Соиб соли 1677 вафот кард ва ўро дар гўшаи боғи худаш дафн намуданд, ки марқадаш то имрўз зиёратгоҳи мардум аст.
Соиб соли 1677 вафот кард ва ўро дар гўшаи боғи худаш дафн намуданд, ки марқадаш то имрўз зиёратгоҳи мардум аст.

==Мероси адабӣ==
==Мероси адабӣ==
Теъдоди ашъори Соиб дар сарчашмаҳо аз ҳаштод ҳазор то садубист ҳазор, сесад ҳазор ва ҳатто зиёдтар аз ин таъкид шудааст. Соиб ашъорашро аз рўи мавзўъҳо табақабандӣ карда, ҳар қисматро мувофиқи мавзўъ сарлавҳа гузоштааст.
Теъдоди ашъори Соиб дар сарчашмаҳо аз ҳаштод ҳазор то садубист ҳазор, сесад ҳазор ва ҳатто зиёдтар аз ин таъкид шудааст. Соиб ашъорашро аз рўи мавзўъҳо табақабандӣ карда, ҳар қисматро мувофиқи мавзўъ сарлавҳа гузоштааст.

Нусха 13:56, 20 Январ 2019

Соиби Табрезӣ
Номи пурра Мирзо Муҳаммадалии Соиб
Таърихи таваллуд: 1592[1]
Зодгоҳ: Исфаҳон
Таърихи даргузашт: 1676[1]
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ: Эрон
Навъи фаъолият: шоир
Жанр: ғазал
Забони осор: порсӣ
 Парвандаҳо дар Викианбор

Мирзо Муҳаммадалии Соиб — яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти асри XVII буда, бо маҳсули гаронбаҳои адабӣ ва фикру андешаҳои баланди пешқадамонаи худ дар таърихи адабиёти ин аҳд ва давраҳои минбаъда мақоми шоиста дорад.

Зиндагинома

Мирзо Муҳаммадалии Соиб соли 1603 мелодӣ дар шаҳри Исфаҳон чашм ба олам кушод. Гузаштагони ӯ аз Табрез будаанд. Падараш Мирзо Абдураҳим, ки аз аҳли тиҷорат буд, аз тарафи ҳукмрони онрӯзаи Эрон Шоҳ Аббоси Кабир бо гурӯҳе аз ҳамкасбон ба Исфаҳон кӯчонида шуд: "Соиб аз хоки поки Табрез аст, Ҳаст Саъдӣ гар аз гили Шероз." гуфтани Соиб ишора ба ватани аслии бобо ва аҷдодони ӯ мебошад.[3]

Соиб дар Исфаҳон таҳти ғамхорӣ ва сарпарастии падар таҳсилоти ибтидоиро ба поён расонида, минбаъд аз илмҳои замонаш баҳраҳои кофӣ бардошт. Вай хусусан дар фанни шеъру шоирӣ дониш ва малакаи тамом андўхта, шуғли шеъргўиро бар дигар анвои ҳунар муқаддамтар дошт. Соиб санъати хаттотиро низ омўхта, дар ин соҳа яке аз саромадони аҳд гардид. Чандин китоб, рисола ва девону маҷмўаҳои ашъори шоирон бо хати зебои ў нусхабардорӣ шуданд. «Хамса»-и Низомии Ганҷавӣ ва куллиёти Шамси Табрезӣ аз қабили онҳо мебошанд. Соиб пас аз касби камол мувофиқи расму қоидаи ҷории замон дар ҷавонӣ зиёрати Каъба рафт. Баъд аз адои маросими ҳаҷ ба Ватан баргашт. Аз сабаби созгор набудани муҳити зиндагӣ тарки диёр намуда, озими Ҳиндустон гардид. Дар ин мусофират шоир муддате дар Кобул таваққуф намуда, ба мулоқоти ҳукмрони он ҷо Зуфархон расид ва бо фазлу дониш, маҳорати суханварӣ, ахлоқи писандида мавриди эҳтироми ў қарор гирифт. Соиб ба воситаи Зуфархон ба дарбори султони Ҳинд Шоҳиҷаҳон роҳ ёфт. Дар дарбори ў соҳиби мақом ва мартаба шуда, нисбатан фурсати мусоидтаре барои давом додани кори эҷодии ў ҳам муҳайё гашт. Ин давра пурмаҳсултарин давраи эҷодии ў маҳсуб меёбад. Бо вуҷуди шуҳрат ва эътиборе, ки Соиб дар Ҳинд дошт, ҳамвора орзуи ватан ва шавқи бозгашт ба диёри азиз ўро ором намегузошт. Пас аз ҳашт соли ғурбат ў боз ба Ватан баргашта, бақияти ҳаёт ва фаъолияти эҷодиашро дар Исфаҳон идома дод. Шоир дар ин айём илова бар корҳои эҷодӣ ва ташвиши зиндагӣ ба Қум, Қазвин, Ардабил, Язд, Табрез ва дигар маҳалҳо сафар карда, дар баробари ошноӣ бо мардуми он ҷо бо шоирон ва олимон низ мулоқот намудааст. Шуҳрати Соиб саросари Эрон ва мамолики дуру наздикро фаро гирифт. Ў ба дарбори шоҳ Аббоси Сонӣ даъват гардид ва мартабаи маликушшуароӣ ёфт. Соиб соли 1677 вафот кард ва ўро дар гўшаи боғи худаш дафн намуданд, ки марқадаш то имрўз зиёратгоҳи мардум аст.

Мероси адабӣ

Теъдоди ашъори Соиб дар сарчашмаҳо аз ҳаштод ҳазор то садубист ҳазор, сесад ҳазор ва ҳатто зиёдтар аз ин таъкид шудааст. Соиб ашъорашро аз рўи мавзўъҳо табақабандӣ карда, ҳар қисматро мувофиқи мавзўъ сарлавҳа гузоштааст. Масалан, ашъори ба васфи маъшуқ бахшидашударо «Миръот-ул-ҷамол», шеърҳои роҷеъ ба оина ва шонаро «Ороиши нигор», ашъори дар боби маю майхонаро «Майхона» ва қисми дигарро «Воҷиб-ул-ҳифз» ном ниҳодааст. Дигар аз осори Соиб баёзест, ки аз нусхаҳои нодири китобхонаҳои шоҳии Ҳиндустону Эрон бо иловаи осори шоирони муосири ў тарбит ёфтааст. Ин баёз аз 25 ҳазор байт иборат буда, қариб ҳаштсад нафар шоирро дар бар мегирад. Маснавиҳои «Қандаҳорнома» ва «Маҳмуду Аёз» низ ба Соиб нисбат дода шудааст. Осори шоир ба тарзи мунтахаб дар Ҳиндустон чопи сангӣ ёфта, чанд дафъа дар Эрон низ ба табъ расидааст. Пас аз чанд соли нашри мунтахаби соли 1933 ҳ куллиёти шоир аз рўи нусхаи хаттие, ки худи шоир тасҳеҳ карда будааст, бо муқаддима ва шарҳи ҳол аз тарафи Амирии Фирўзкўҳӣ дар Теҳрон ба табъ расид. Дар ҳоли ҳозир яке аз мукаммалтарин нусхаҳои чопии осори шоир ба шумор меравад. Дар Тоҷикистон мунтахаби ашъори Соиб аз тарафи З. Аҳрорӣ ва Л. Шералӣ соли 1980 нашр гардид.

Намунаи ашъор

Дар биёбони талаб роҳбаре нест маро,
Сари парвоз ба боли дигаре нест маро.
Он нафасбохта ғаввоси ҷигарсўхтаам,
Ки ба ҷуз обилаи дил гуҳаре нест маро.
Рўзгорест, ки бо реги равон ҳамсафарам,
Меравам роҳу зи манзил хабаре нест маро.
Мезанам бол ба ҳам, то фитад оташ дар манн,
Аз дили санг умеди шараре нест маро.
Сокини киштии Нўҳам зи сабукбории хеш,
Чун хасу хор зи тўфон хабаре нест маро.
Гарчи чун сарв тамошогаҳи аҳли назарам,
Аз ҷаҳон ҷуз гираҳи дил самаре нест маро.
Метавон рафт чу оташ ба рагу решаи шамъ,
Ба дилозории парвона саре нест маро.
Ҳама шаб бо дили девонаи худ дар ҳарфам,
Чӣ кунам ҷуз дили худ номабаре нест маро.
Хотири амн ба мулки ду ҷаҳон меарзад,
Нестам дарҳам агар симу заре нест маро.
Метавонам шараре ро ба пару бол расонд,
Дархури шамъ агар болу паре нест маро.
Бурдаам ғунчасифат сар ба гиребон, Соиб,
Ҷуз дил уммеди кушоиш зи даре нест маро.

Сарчашма

  • Волии Доғистонӣ. Риёз-ул-ашъор. Хаттӣ.
  • Забеуллоҳ Сафо. Таърихи адабиёт дар Эрон. Ҷ. 5. Бахши 2. –Теҳрон ,1369.
  • Лутфалибеки Озар. Оташкада. с. 158-171.
  • Муҳаммад Афзали Сархуш. Тазикираи Сархуш. с. 62-65.
  • Ризоқулихони Ҳидоят. Маҷмаъ-ул-фусаҳо. Ҷ.2, с. 23-24.
  • Соиби Табрезӣ. Куллиёт. /Бо кўшиши Амири Фирўзкўҳӣ. – Теҳрон, 1360.
  • Соиб. Мунтахабот. / Таҳиягарон: З. Аҳрорӣ, Л. Шералӣ. – Душанбе:Ирфон, 1980.
  • Шералихони Лудӣ. Миръоти хаёл. – Теҳрон,1324. – С. 88-90.
  • Шиблии Нўъмонӣ. Шеър-ул-аҷам. Ҷ. 3. – Теҳрон, 1236. – С. 120-128.

Эзоҳ

  1. 1.0 1.1 1.2 https://www.iranicaonline.org/articles/saeb-tabrizi
  2. Саиб Тебризи // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохоров — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
  3. Соиб. Мунтахабот. Мураттибон З. Аҳрорӣ, Л. Шералӣ. "Ирфон"-1980, саҳ. 7.