Размдор: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
Саҳифаи нав: {{Дараҷаи низомӣ | image = Tajikistan-Army-OR-6.png | image_size = 100px | caption = ''Сардӯшии гурӯҳдор дар Нерӯҳ...
 
х →‎Решашиносӣ: илова, сарчашмаҳо
Сатри 32: Сатри 32:
Ҳама гурздору ҳама лашкарӣ.
Ҳама гурздору ҳама лашкарӣ.
Зараспи сипаҳбад нигаҳдорашон,
Зараспи сипаҳбад нигаҳдорашон,
Ки бурдӣ ба ҳар кор тиморашон.</poem>
Ки бурдӣ ба ҳар кор тиморашон<poem>Гузин кард ҳаштод тан нӯзарӣ,
Ҳама гурздору ҳама лашкарӣ.
Зараспи сипаҳбад нигаҳдорашон,
Ки бурдӣ ба ҳар кор тиморашон<ref>[https://archive.org/stream/ShahnamaJildESivum-AbulQasimFirdausiTajikFarsi/ShahnamaJildESivum_djvu.txt ''Абулқосим Фирдавсӣ''. Шоҳнома. — Душанбе: «Адиб», 2008. Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Камол Айнӣ ва Зоҳир Аҳрорӣ. Муҳаррир Мубашшир Акбарзод. ҷ. 3. — 480 саҳ. — ISBN 978-99947-32-84-5. — c. 309]</ref>.</poem>
.</poem>


== Пешина ==
== Пешина ==

Нусха 07:20, 1 феврали 2019

Размдор
Дараҷаи болотар сержанти калон
Дараҷаи поинтар Platoon-leader[d]

Гурӯҳдор (форсӣ: گروهدار‎) — дараҷае сарбозӣ ва симате дар нерӯҳои мусаллаҳ ва ниҳодҳои низомӣ, интизомӣ ва амниятӣ аст, ки поинтар аз гурӯҳбон ва болотар аз гурӯҳвар мебошад; сержант.

Гурӯҳдор дар нерӯҳои мусаллаҳ маъмулан симати муовини фармондеҳи гурӯҳро дорад, ки ягоне тактикиест, ки аз ду рада (6 — 12 сарбоз) ташкил шуда ва бахше аз таҳм аст[1]; отделение[2].

Решашиносӣ

«Гурӯҳдор» аз як вожа ва як пасванд сохта шудааст: гурӯҳ + дор (форсӣ: دار‎ < порсии миёна: dār < порсии бостон: *dār(a)- < эронии бостон: *dārai̯a- «доштан; доранда»). Мақулаи дастурии ин вожа исм ва сохтвожаи он ба сурати [исм (гурӯҳ) + пайвожа (-дор)] аст. Дар сохти ин исм аз фароянди вожасозии таркиб истифода шудааст.

«Гурӯҳдор» таркибе кӯтоҳшуда аз «нигаҳдори гурӯҳ» аст. Ин шеваи вожасозӣ аз куҳантарин замонҳо ба кор меравад. Чунончи, дар забони эронии бостон: *kāra-daranaka- > балхӣ: «ϰαρα-λραγγα» «фармондеҳи гурӯҳе аз сипоҳиён»[3]; дар форсии дарӣ «нигаҳдор», «сипаҳдор», «лашкардор», ки дар «Шоҳнома» низ ёд шудаанд. Бузургвор Фирдавсӣ «нигаҳдор»-ро чун истилоҳи низомӣ ба кор бурдааст:

Гузин кард ҳаштод тан нӯзарӣ,
Ҳама гурздору ҳама лашкарӣ.
Зараспи сипаҳбад нигаҳдорашон,
Ки бурдӣ ба ҳар кор тиморашон<poem>Гузин кард ҳаштод тан нӯзарӣ,
Ҳама гурздору ҳама лашкарӣ.
Зараспи сипаҳбад нигаҳдорашон,
Ки бурдӣ ба ҳар кор тиморашон[4].

.</poem>

Пешина

«Гурӯҳ» (форсӣ: گروه[5] > порсии миёна: grōh[6]) ба маънии «дастае аз сипоҳиён, лашкариён, ҷанговарон» дар «Шоҳнома» бисёр ба кор рафтааст. Чунончи, Фирдавсӣ гуфта:

Бирав бо сипоҳе ба кирдори кӯҳ,
Гузин кун зи гурдони лашкар гурӯҳ[7]

Ин вожаро соли 1935 Фарҳангистони забони Эрон бо пешниҳоди Анҷумани вожагузинии артиш ҳамчун истилоҳи низомӣ барои номидани бахше аз даста тасвиб кардааст. Ҳамзамон истилоҳи «гурӯҳбон» (форсӣ: گروهبان‎) низ бо пешниҳоди Анҷумани вожагузинӣ ба маънои «фармондеҳи гурӯҳ» тасвиб шудааст[8].

«Гурӯҳбон» ҳамакнун яке аз дараҷаҳои Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ва баробар бо «сержанти калон» дар Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аст[9]. Аз рӯи ин истилоҳ вожаҳои «саргурӯҳбон», «гурӯҳдор» ва «гурӯҳвар» сохта ва барои ҷойгузин кардани дараҷаҳои низомии «старшина», «сержант» ва «сержанти хурд» ба Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудаанд[10].

Манобеъ

  1. Фарҳанги ҳазор вожаи низомӣ. — Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Дафтари вожагузинии низомии Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, 1392. – с. 161
  2. Коллектив авторов. Том 6, статья «Отделение» // Военная энциклопедия / Под ред. П. В. Грачёв. — М.: Воениздат, 2002. — С. 181. — 639 с. — 10 000 экз. — ISBN 5-203-01873-1.
  3. Эдельман Д. И. Этимологический словарь иранских языков / Институт языкознания РАН. — М.: Издательская фирма «Восточная литература» РАН, 2011. — Т. 4 (i—k). — 416 с. — 800 экз. — ISBN 5-02-018124-2, ISBN 978-5-02-036478-3. (в пер.). — стр. 389—391.
  4. Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома. — Душанбе: «Адиб», 2008. Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Камол Айнӣ ва Зоҳир Аҳрорӣ. Муҳаррир Мубашшир Акбарзод. ҷ. 3. — 480 саҳ. — ISBN 978-99947-32-84-5. — c. 309
  5. Фарҳанги забони тоҷикӣ. Зери таҳрири М. Ш. Шукуров, В. А. Капранов, Р. Ҳошим, Н. А. Маъсумӣ — М., «Советская Энциклопедия», 1969. ҷ. 1, с. 297.
  6. MacKenzie, D. N., A Concise Pahlavi Dictionary, London, etc.: Oxford University Press, 1971. — 236 pp. ISBN 0-19-713559-5. — p. 38
  7. Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома. — Душанбе: «Адиб», 2008. Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Камол Айнӣ ва Зоҳир Аҳрорӣ. Муҳаррир Мубашшир Акбарзод. ҷ. 5. — 480 саҳ. — ISBN 978-99947-32-84-5. — c. 15
  8. Рустоӣ, Муҳсин. Вожагони низомии мусаввиби Фарҳангистони Эрон (1314 — 1320 ҳ.ш.) // Ганҷинаи аснод. — с. 38
  9. Фарҳангномаи форсӣ: вожагон ва аълом. Ғуломҳусайн Садрии Афшор, Насрин Ҳакамӣ, Настаран Ҳакамӣ. Теҳрон: «Фарҳанги муъосир», 1388. — 3 ҷилд. ISBN: ҷ. 1: 978-964-8637-92-2; ҷ. 2: 978-964-8637-89-2; ҷ. 3: 978-964-8637-91-5
  10. Умед Джайхани: В национальной армии и терминология должна быть максимально национальной

Пайвандҳо