Таҳмовар: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
х викисозӣ, илова
Сатри 48: Сатри 48:
* [[Дараҷаи низомӣ]]
* [[Дараҷаи низомӣ]]
* [[Дараҷаҳои Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон]]
* [[Дараҷаҳои Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон]]
{{Дараҷаҳои низомӣ}}

Нусха 14:32, 1 феврали 2019

Таҳмовар
Дараҷаи болотар Таҳмдор
Дараҷаи поинтар Размовар
Ҳамто podporuchik[d]

Таҳмовар (форсӣ: تهم‌آور‎) — дараҷае афсарӣ ва симате дар нерӯҳои мусаллаҳ ва ниҳодҳои низомӣ, интизомӣ ва амниятӣ аст, ки поинтар аз таҳмдор ва болотар аз размсоз мебошад; лейтенанти хурд.

Таҳмовар дар нерӯҳои мусаллаҳ маъмулан симати муовини фармондеҳи таҳмро дорад, ки ягоне тактикиест, ки аз ду ё чанд гурӯҳ ташкил шуда ва бахше аз вашт аст; даста[1], взвод[2].

Решашиносӣ

«Таҳмовар» аз як вожа ва як пасванд сохта шудааст: таҳм + -овар. Мақулаи дастурии ин вожа сифат ва сохтвожаи он ба сурати [исм (таҳм) + пасванд (-овар)] аст. «-овар» гунае дигар аз пасванди «-вар» ба маънои «доранда» аст, ки ба исм афзуда мешавад ва сифат месозад. Ин пасванд дар «ҷанговар» ва «таковар» ҳам ба кор рафтааст[3]. Дар сохти ин сифат аз фароянди вожасозии иштиқоқӣ истифода шудааст.

Таҳмовар дар пайравӣ аз таҳмдор сохта шудааст.

Пешина

Таҳмдор ҳамчун симати низомӣ нахустин бор дар сипоҳи Ашкониён (250 то милод — 224) пайдо шудааст. Чунончи, дар сафолнавиштаҳои ашконӣ аз солҳои 40-уми пеш аз милод, ки аз бойгонии шаҳри бостонии Нисо бозёфт шудаанд, истилоҳи «таҳмдор» (паҳлавӣ: tgmdr [tagm(a)dār]) бозхонӣ шудааст. Пажӯҳишгарон онро рӯбардор аз истилоҳи юн.-қад. τάγματάρχης ё τάγματάρχος «фармондеҳи тагма» донистаанд: паҳлавӣ: tagmadār > лот. tagma «легион» (> юн.-қад. τάγμα «рада; бахше аз сипоҳ, ҳанг») + паҳлавӣ: -dār «доранда; фармондеҳ»[4] (< порсии бостон: *dār(a)- < эронии бостон: *dārai̯a- «доштан; доранда»).

«Тагма» дар сипоҳи подшоҳии Руми Шарқӣ ягоне номида мешуд, ки 100—500 сарбозро дар бар мегирифт[5]. Ин истилоҳ дар паи ҷангҳои доманадори Руму Эрон дар замони Ашкониён аз румиён вом гирифта шуда ва дертар бо вожаи паҳлавии «taxm» ‘нерӯманд, диловар, далер, чобук’ (> эронии бостон: *taxma- > √*tak-тохтан, давидан[6] < порсии миёна: tḥmy [tahm] > форсӣ: تهم‎ [таҳм] ‘зӯрманд, паҳлавон[7]) инҳамон ва бо «нерӯ» мутародиф гаштааст.

Дар сипоҳи Сосониён (224651), ки созмони радабандии даҳдаҳиро аз сипоҳи Ашкониён ба ирс бурда буд[8], низ яке аз ягонҳо «таҳм» (порсии миёна: tḥmy) ном доштааст[9]. Ҳар таҳме 50 — 100 сарбозро дар бар мегирифта ва аз чанд «рада» (порсии миёна: radag) ташкил мешуда, ки ҳар кадоме 10 сарбоз доштааст[10].

Бино бар ин пешина ва додаҳо, «таҳм» ба ҷои «взвод» ва «таҳмдор» ба ҷои «лейтенант» (аз олмонӣ: Leutenant > фр. lieutenant «ҷонишин; муъовин») ва дар пайравӣ аз он вожаҳои «таҳмбон» ва «таҳмовар» сохтаву барои ҷойгузинии дараҷаҳои низомии «лейтенанти калон» ва «лейтенанти хурд» ба Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудаанд[11].

Манобеъ

  1. Фарҳанги ҳазор вожаи низомӣ. — Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Дафтари вожагузинии низомии Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, 1392. — с. 107
  2. Коллектив авторов. Том 2, статья «Взвод» // Военная энциклопедия / Под ред. П.В. Грачёв. — М.: Воениздат, 1994. — С. 85. — 544 с. — 10 000 экз. — ISBN 5-203-00299-1.
  3. Таботабоӣ, Алоъуддин. Фарҳанги тавсифии дастури забони форсӣ. – Теҳрон: «Фарҳанги муъосир», 1395. – 640 с. ISBN 978-600-105-121-0. – с. 106
  4. Лившиц В. А. Парфянская ономастика. — СПб.: — Петербургское лингвистическое общество, 2010. — 400 с., ил. — (Азиатика). ISBN 978-5-4318-0006-1. — сс. 13; 223
  5. Ҳамакнун ҳам дар Нерӯҳои мусаллаҳи Юнон гурдон ба забони юнонӣ «τάγμα» ва саргурд ё майор «τάγματάρχης» номида мешаванд.
  6. Ҳасандӯст, Муҳаммад. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. Зери назари Баҳман Саркоротӣ. Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Нашри осор, 1383. ISBN 964-7531-28-1. — с. 75
  7. Фарҳанги забони тоҷикӣ. Зери таҳрири М. Ш. Шукуров, В. А. Капранов, Р. Ҳошим, Н. А. Маъсумӣ — М., «Советская Энциклопедия», 1969. ҷ. 2, саҳ. 354—355
  8. Никоноров В. П. К вопросу о парфянском наследии в сасанидском Иране: военное дело // Центральная Азия от Ахеменидов до Тимуридов: археология, история, этнология, культура. Материалы международной научной конференции, посвященной 100-летию со дня рождения Александра Марковича Беленицкого (Санкт-Петербург, 2-5 ноября 2004 года) / Отв. ред. В. П. Никоноров. СПб., 2005. С. 156
  9. Asha R. The Dates in the Pahlavīg and Pārsīg Inscriptions of Durā (Europos)
  10. Айвазян А. Терминология организационной структуры Армянской Армии в IV—V вв. // А. Айвазян. Армяно-персидская война 449—451 гг. Кампании и сражения.- Eреван: Воскан Ереванци, 2016; СПб.: Алетейя, 2017. С. 360—464.
  11. Умед Джайхани: В национальной армии и терминология должна быть максимально национальной

Нигаред низ