Рубоӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
ислоҳ
Сатри 46: Сатри 46:


== Эзоҳ ==
== Эзоҳ ==
{{эзоҳ}}==
{{эзоҳ}}
{{таърих-нопурра}}
{{таърих-нопурра}}
[[Гурӯҳ:Анъанаҳои шифоҳӣ дар Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Анъанаҳои шифоҳӣ дар Тоҷикистон]]

Нусха 16:56, 23 феврали 2019

Рубоӣ - маъмултарин шакли назми шифоҳии мардуми тоҷик буда, дар адабиёти китобӣ низ мавқеи барҷаста дорад. Он аз чор мисраъ иборат буда, вазну қофиябандии муайян дорад.[1]

Вазну қофияи равони рубоӣ барои ба оҳанги мусиқӣ даровардан хеле мувофиқ аст ва аз ҳамин сабаб дар жанри мусиқии Фалак ва дигар навъҳои мусиқии мардумӣ аз рубоиҳо бисёр истифода мекунанд. Рубоиҳои тоҷикӣ дар мавзӯъҳои ишқу муҳаббат, васфи табиат, ҷудоиву ғарибӣ, никоҳи маҷбурӣ, камбағалӣ, шикоят аз зулми иҷтимоӣ ва масоили гуногуни маишӣ эҷод шудаанд. Рубоиҳои халқӣ дар ҳама замонҳо бо ҳаёти маишӣ, иҷтимоӣ ва таърихии аҳли меҳнат робитаи бисёрҷониба пайдо карда, мақсаду маром, фарёду нидо, гилаву эътироз ва хашму кинояҳои шахсони музтарибу мутаассирро дар бар гирифтаанд. Ба воситаи рубоиҳо одамон ҳамдигарро аз ҳоли худ огоҳ ва ба якдигар дил холӣ кардаанд, якдигарро водор намудаанд, ки ба атрофиёнашон бо эҳтироми хосе муносибат кунанд. Мавзӯи ишқу муҳаббат нисбат ба дигар мавзӯъҳо дар жанри рубоӣ мавқеи муҳимтар дошта, ишқи воқеии заминӣ ва тавъам бо масоили иҷтимоӣ баён мегардад. Образи ошиқе, ки дар рубоиҳо тасвир мешавад, як фарди одии ҷомеа буда, ишқи поки инсонӣ дорад ва барои ба мақсаду мурод расиданаш бо мушкилоти рӯзгор ва рақибон мубориза мебарад. Маъшуқаи ӯ низ як духтараки муқаррарии деҳотӣ аст, ки дар ҳамсоягии ҷавон зиндагӣ мекунад. Аммо дар мобайн монеаҳое дар шахси рақиб, аҳли оила ва хешу табори духтар ва инчунин муносибатҳои иҷтимоии анъанавӣ, номусу виҷдон, одобу ахлоқ барин меъёрҳои суннатӣ вуҷуд доранд, ки дар аксари ҳолатҳо ба васли ин ду ҷавон садди роҳ мешаванд. Чунончи:

 Обол меравӣ, боло шамоло дорa,
Гул мешукуфа, лола тамошо дора.
Савдогара бин, молоша савдо дора,
Ғамдор нола, беғам чӣ парво дора.

Яке аз санъатҳои бадеии муҳими рубоиҳо рамз ба шумор меравад. Рамз як тарзи баёни сухан мебошад, ки тавассути он гӯянда мазмунҳои ниҳониро дар як калима, ибора ва ё ҷумлае ифода мекунад. Дар рубоиҳои тоҷикӣ рамзҳои «гул», «лола», «об», «кӯҳ», «ағба», «дарё», «бед», «чинор», «себ», «кабк», «кабӯтар» ва амсоли инҳоро зиёд дучор мешавем, ҳам ба матнҳо хусусиятҳои бадеию эстетикӣ додаанд ва ҳам дарду алам ва орзуву омоли мардумро фаро гирифтаанд.

Масалан, образи «дарё» дар рубоиҳо рамзи ҷудоӣ ва монеа мебошад, ки гӯянда бо таассуф аз ҷудоӣ ва дастнорасӣ чунин гуфтааст:

Эй ови Ҳелок, бо ту таманно дорум,
Садбарги сафед дар хафи дарё дорум.
Дар у руи ов сараки танҳо ёрум,
Дар и руи ов сараки танҳо дорум.

Яке мавзӯъҳои маъмулу машҳури рубоиҳои тоҷикиро мавзӯи ғарибӣ ва мусофирӣ ташкил медиҳад. Дар чунин матнҳо тасвири ҳасби ҳоли худи мусофирон – ғарибон, аҳволи хешу табор ва ёру ошноҳои ғарибон баён шудаанд. Аз рубоиҳо бармеояд, ки тарки Ватан кардан дар ҳаёти мусофирону ғарибон аламноктарин дард будааст:

Ай хуна буромадум, чашмум банамай,
Чашмум банаму дилаки ман пураламай.
Мардум меган: «Дар дили ту чӣ аламай?»
Ин доғи мусофирӣ гирдови ғамай!»

Рубоӣ бо навъҳои дигари назми шифоҳӣ, аз ҷумла дубайтӣ, чорбайтӣ ва шеърҳои гуногуни чормисраӣ умумияту монандиҳо дорад. [2]

Рубоиёти Хайём

Умари Хайём бо камоли таъассуф, беш аз он ки ҳамчун як ҳаким, файласуф ва риёзидон матраҳ бошад, ба унвони як шоир ва ба хотири рубоиёташ машҳур ва шинохта шудааст[3].

Тоза, рубоиёте, ки Хайём ба онҳо дар ҷомеаи мо шӯҳрат дорад, рубоиёте аст, ки бештар ба мазоқи «бадмастон» ва пучгароён хуш меояд, то одамони дурусту ҳисобӣ, ва ба гуфтаи Эдворд ФитзҶеролд(англ.), «рубоиёти Хайём, Хайёмро барои хонанда чунон ҷилвагар мекунад, ки шаробхора ва шаҳватрон аст ва дар худпарастӣ ва шаҳавоти худ ғарқ аст, аз тақлид бар канор ва нисбат ба ахлоқи марсум нофармон, ва ҳадафи ниҳоии ӯ ҷалби сурур ва фурӯ рафтан дар лаззот аст. Ӯ монанди файласуфони дигар дар фикри он нест, ки ба нашри фазоил бикӯшад ва пояи ахлоқро устувор кунад. Афкори ӯ асосе надорад, аз суханони ӯ барои мардум фоидае оид намешавад, ақоиди ӯ мӯҷиби харобии низоми иҷтимоӣ аст, ва ба як сухан, Хайём шоир аст, вале файласуф нест.» Дар бораи Хайёми шоир гуфтаанд, ӯ дар замони ҳаёташ ҳаргиз ба унвони шоир шинохта нашуда ва ҳатто сурудаҳояш дар замони ҳаёти вай маъруф набуда ва тадвин нашуда ва танҳо байни як даста аз дӯстони самимии ӯ шӯҳрат дошта ва пас аз маргаш мунташир шудааст. Ӯ ба ду забони порсӣ ва арабӣ шеър месуруда.

Умари Хайём

Рӯзе, ки гузаштааст, аз у ёд макун,
Фардо, ки наёмадаст, фарёд макун.
Аз н-омадаву гузашта фарёд макун,
Холи хуш бошу умр барбод макун.

Умари Хайём

Пеш аз ману ту лайлу наҳоре будаст,
Гарданда фалак бар сари коре будаст.
Зинҳор, қадам ба хок оҳиста ниҳӣ,
К-он мардумаки чашми нигоре будаст.

[4]

Пайвандҳо

Эзоҳ

  1. Феҳристи миллии намунаҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ./ Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ. - Душанбе: "Ирфон", 2014,- С. 64
  2. Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон / Мураттиб: Д. Раҳимов; муҳаррир Ш.Комилзода. – Душанбе: Эр-Граф, 2017. – С. 26. – 280 с.
  3. Умари Хайём, “алкаш” ва пучгаро, ё ҳакиме шариатмадор?. Кимиёи саодат (18 май 2015). 18 май 2017 санҷида шуд.
  4. Сто рубаи (новые переводы). Составители Абдували Давронов, Фарогат Искандарова.— Душанбе, 2007