Мутеулло Наҷмиддинов: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
Сатри 33: Сатри 33:


Мутеулло Наҷмиддинов дар баробари қиссаю ҳикояҳои марғуб навиштан алалхусус дар рушди жанри очерк ҳиссаи арзанда дорад. Аз соли 1979 ҳодими редаксияи газетаи «Тоҷикистони Советӣ» [[https://ravshanimakhsumzod.wordpress.com/2011/04/11/%D0%B2%D0%B0%D1%81%D1%81%D0%BE%D1%84%D0%B8-%D0%BC%D0%B0%D1%80%D0%B4%D0%BE%D0%BD%D0%B8-%D0%BC%D0%B0%D0%B9%D0%B4%D0%BE%D0%BD-2/]].
Мутеулло Наҷмиддинов дар баробари қиссаю ҳикояҳои марғуб навиштан алалхусус дар рушди жанри очерк ҳиссаи арзанда дорад. Аз соли 1979 ҳодими редаксияи газетаи «Тоҷикистони Советӣ» [[https://ravshanimakhsumzod.wordpress.com/2011/04/11/%D0%B2%D0%B0%D1%81%D1%81%D0%BE%D1%84%D0%B8-%D0%BC%D0%B0%D1%80%D0%B4%D0%BE%D0%BD%D0%B8-%D0%BC%D0%B0%D0%B9%D0%B4%D0%BE%D0%BD-2/]].
Очеркҳои машҳури адиби публисист «Шаби чӯпони куҳансол», «Фарзанди охирин», «Подоши „мукофот“», «Азоби дурӯғ», «Марди неканҷом», «Бародарон» маҳз ҳамин солҳо интишор ёфтаанд ва номи Мутеулло Наҷмиддиновро чун рӯзноманигори хушсалиқаю ояндадор муаррифӣ намудаанд<ref>Маҷид САЛИМ, «Ҷумҳурият»: - Душанбе, 2007. - 14 сентябр </ref>.
Очеркҳои машҳури адиби публисист «Шаби чӯпони куҳансол», «Фарзанди охирин», «Подоши „мукофот“», «Азоби дурӯғ», «Марди неканҷом», «Бародарон» маҳз ҳамин солҳо интишор ёфтаанд ва номи Мутеулло Наҷмиддиновро чун рӯзноманигори хушсалиқаю ояндадор муаррифӣ намудаанд<ref>М. Салим, «Ҷумҳурият» - Душанбе, 2007. - 14 сентябр </ref>.
Солҳои ҳаштодуми асри гузашта дар Саридораи илмии Энсиклопедияи советии тоҷик мудири шуъба, чанд соли охир то ба нафақа баромадан, сармуҳаррири бахши драматургияи Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ будааст.
Солҳои ҳаштодуми асри гузашта дар Саридораи илмии Энсиклопедияи советии тоҷик мудири шуъба, чанд соли охир то ба нафақа баромадан, сармуҳаррири бахши драматургияи Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ будааст.



Нусха 09:00, 27 феврали 2019

Мутеулло Наҷмиддинов
Зодгоҳ: деҳаи Варзики ноҳияи Чуст, вилояти Намангон
Навъи фаъолият:

Мутеулло Наҷмиддинов (12 сентябри 1927, деҳаи Варзики ноҳияи Чуст, вилояти Намангон — 2 апрели 2002, Душанбе, Тоҷикистон) — нависанда, адиби публисист ва рӯзноманигори баруманди советии тоҷик. Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон[1]. Аз соли 1968 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст[2]. Узвии КПСС аз соли 1959.

Зиндагинома

Аз оилаи мударрис. Солҳои охири ҷанг дар сохтмони ГЭС-и Фарҳод кор карда, роҳбарии бригадаи комсомолону ҷавононро ба ӯҳда дошт. Аз соли 1945 муаллим ва ғоибхон буд. Университети Давлатии Тоҷикистон ба номи Владимир Илич Ле­нин, Душанбе (1949—1954) ва Мактаби олии партиявии назди КМ КПСС-ро дар Москва тамом кард (1965). Ҳодими адабӣ ва мудири шӯъбаи газетаи «Тоҷикистони Советӣ», муҳаррири газетаи «Комсомоли Тоҷикистон» [1], мудири шуъбаи адабиёти бадеии нашриёти «Ирфон» ва дертар дар Сарредаксияи илмии ЭСТ (Душанбе) кор кард. Солҳои дар нашриёт кор карданаш пурсамар буданд. Китобҳои ӯ «Одамони сарбаланд», «Дарё маҷрои нав меҷӯяд», «Суруди одамони наҷиб», «Меҳри замин», «Пайраҳаи шинос», «Одамон ва соҳилҳо», «Ширмоҳ» пайиҳам аз чоп баромадаанд, ки таҷассумгари созандагию ободкориянд[3]. Махсусан, қиссаҳои «Дарё маҷрои нав меҷӯяд» ва «Ширмоҳ» аз ҷониби мунаққидону хонандагон баҳои баланд гирифтаанд ва дар тарҷумаи Лев Қандинов («Река ищет новое русло»)[2]дар Душанбею Маскав ба забони русӣ чоп шудаанд. Инчунин, асарҳои нависанда ба забонҳои руминӣ, украинӣ, эстонӣ, ӯзбекӣ, қазоқиву қирғизӣ ба табъ расидаанд[3].

Мутеулло Наҷмиддинов дар баробари қиссаю ҳикояҳои марғуб навиштан алалхусус дар рушди жанри очерк ҳиссаи арзанда дорад. Аз соли 1979 ҳодими редаксияи газетаи «Тоҷикистони Советӣ» [[4]]. Очеркҳои машҳури адиби публисист «Шаби чӯпони куҳансол», «Фарзанди охирин», «Подоши „мукофот“», «Азоби дурӯғ», «Марди неканҷом», «Бародарон» маҳз ҳамин солҳо интишор ёфтаанд ва номи Мутеулло Наҷмиддиновро чун рӯзноманигори хушсалиқаю ояндадор муаррифӣ намудаанд[4]. Солҳои ҳаштодуми асри гузашта дар Саридораи илмии Энсиклопедияи советии тоҷик мудири шуъба, чанд соли охир то ба нафақа баромадан, сармуҳаррири бахши драматургияи Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ будааст.

Чанде аз навиштаҳои К. Волф, С. Зарян, Ю. Ритхеу, Ш. Рашидов ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст.[5] Pисолаҳои номзадӣ оид ба таҳқиқи публитсистикаи Мутеулло Наҷмиддинов ҳимоя шудааст.[6][7]

Бо медали «Барои меҳнати шоён», Ифтихорномаҳои Шӯрои Олии Тоҷикистон, Шӯрои Олии Ӯзбекистон, медали нуқраи НКХХ СССР мукофотонида шудааст.

Эҷодиёт

  • Одамони сарбаланд: Ҳикоя ва очеркҳо. - Душанбе: Давтоҷик, 1963
  • Ғуломи сарбаланд: Очерк. - Душанбе: Ирфон, 1964
  • Қадри замин ва одам: Повест ва ҳикояҳо. - Душанбе: Ирфон, 1974 [8]
  • Одамон ва соҳилҳо: Повест ва очеркҳо. - Душанбе: Ирфон, 1979
  • Одамони замини барўманд: Очеркҳо ва ҳикояҳо. - Душанбе, 1982
  • Дарё маҷрои нав меҷўяд: Повест. - Душанбе: Маориф, 1984
  • Се повест. - Душанбе: Ирфон, 1986[9]
  • Пайраҳаи шинос: Повест, ҳикоя ва очеркҳо. - Душанбе: Маориф, 1988
  • Раззоқи олам: Қиссаи саргузаштӣ ва очеркҳо. - Душанбе: Адиб, 1989[10]
  • Дарё маҷрои нав меҷўяд. Душанбе, «ЭР-граф», 2018[11]

Эзоҳ

  1. Аз Мутеулло Наҷмиддинов дар Китобхонаи миллӣ чӣ метавон хонд?. kmt.tj. Китобхонаи миллии Тоҷикистон. 26 феврали 2019 санҷида шуд.
  2. МУТЕУЛЛО НАҶМИД­ДИНОВ. navisandagan.tj. 26 феврали 2019 санҷида шуд.
  3. Р.Махсумзод, «Вассофи мардони майдон» — Душанбе, 2011. - 11 феврал
  4. М. Салим, «Ҷумҳурият» - Душанбе, 2007. - 14 сентябр

Пайвандҳо

  • Шодиев Б. Хусусиятҳои лексикию фразеологии очерку қиссаҳои М. Наҷмиддинов.- Душанбе (13.12.2012)[12]
  • Шодиев Б. Калимаҳои гуфтугўйӣ-халқӣ дар эҷодиёти М. Наҷмиддинов. // Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Душанбе, 2011. -№ 9 (73). — С. 357—362.
  • Шодиев Б. Калимаҳои шевагӣ дар эҷодиёти М. Наҷмиддинов. // Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. -Душанбе, 2011. -№ 8 (72). — С. 302—304.
  • Шодиев Б. Синонимҳои фразеологӣ дар эҷодиёти М. Наҷмиддинов.// Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. -Душанбе, 2011. -№ 7 (71). — С. 338—342.
  • Шодиев Б. Истилоҳоти касбӣ дар насри Мутеулло Наҷмиддинов. // Устод Айнӣ ва асолати забон. Маҷмўаи мақолаҳо. — Душанбе, 2011. -С. 65 — 69.
  • Шодиев Б. Такмили забон ва услуби нигориши М. Наҷмиддинов дар ҷараёни таҳрири матни очерку қиссаҳо. Тағйироти унсурҳои луғавӣ. // Донишгоҳи миллии Тоҷикистон-маркази тайёр кардани мутахассисони соҳибунвон.-Душанбе, 2013.-С. 186—194.
  • Рахмонова, Джамила «Постановка проблемы в публицистике Мутеулло Наджмиддинова»[13]
  • «Азия-Плюс», «В Душанбе почтили память одного из лучших журналистов Таджикистана прошлого столетия Мутеулло Наджмиддинова», 12.09.2007 [14]
  • Равшан Махсумзод, «Вассофи мардони майдон», Душанбе, 11.02.2011[15]

Сарчашма

  • Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон[16]
  • АДАБИЁТИ ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ[17]
  • Келдӣ, Г. Мутеулло Наҷмиддинов // Адибони Тоҷикистон. – Душанбе, 2003. – С.360-361.
  • Муртазоев Б. Дар бораи одамият // Комсомоли Тоҷикистон. – 1963. – 29 декабр.
  • Маҷид САЛИМ. МУТЕУЛЛО НАҶМИДДИНОВ ВА ПУБЛИТСИСТИКАИ ТОҶИК, pӯзномаи Ҷумҳурият,14.09.27 [18]
  • Имодӣ, Ҳ. Ёде аз устод: Бахшида ба 90- солагии Мутеулло Наҷмиддинов // Адабиёт ва санъат. – 2017. – 24 август.
  • Раҳим И. Тарошаи эмон // Садои Шар. – 1968. – №8. – С. 80-84.
  • Рауфов, Ф. Муҳандиси рўҳи инсон: Бахшида ба 90- солагии Мутеулло Наҷмиддинов // Тоҷикистон. – 2017. – 30 август.
  • Равшан Махсумзод[19]
  • Неъматҷон Файзуллоев[20]
  • Саидаҳмади Ҳасан. Ман ҳанӯз ҳам бо китобҳои дар бачагӣ хондаам гуфтугӯ дорам. [21]