Низомии Ганҷавӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
х таҳрир using AWB
Munirjohn (баҳс | ҳисса)
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
Сатри 137: Сатри 137:
</center>
</center>


== Адабиёт =
== Адабиёт ==
* Забебуллоҳ Сафо. Таърихи адабиёт дар Эрон.-ҷ.2. Тењрон, 1389.-с.798-824
* Забебуллоҳ Сафо. Таърихи адабиёт дар Эрон.-ҷ.2. Тењрон, 1389.-с.798-824
;Бо забони русӣ
;Бо забони русӣ

Нусха 04:21, 23 марти 2019

Абӯмуҳаммад Илёс ибни Юсуф ибни Закии Муайид
نظامی گنجوی
Тахаллусҳо: نظامی
Номи пурра Абӯмуҳаммад Илёс ибни Юсуф ибни Закии Муайид
Таърихи таваллуд: тақрибан 1141[1][2][3][…]
Зодгоҳ: Ганҷа Озарбойҷон
Таърихи даргузашт: 1209[1][2][4][…]
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: форсӣ
Логотипи Викитека Осор дар Викитека
 Парвандаҳо дар Викианбор
Логотипи Викигуфтовард Гуфтовардҳо дар Викигуфтовард

Низомии Ганҷавӣ (порсӣ: نظامی گنجوی , озарбойҷонӣ: Nizami Gəncəvi)‎ (11411209) ё НизомӣАбӯмуҳаммад Илёс ибни Юсуф ибни Закии Муайид (1141, шаҳри Ганҷа Озарбойҷон ҳамонҷо) — шоир ва муттафаккир, яке аз устодони соҳибмактаби шеъру адаби форсу тоҷик.

Зиндагинома

Абӯмуҳаммад Илёс ибни Юсуф ибни Закии Муайид мутахаллис бо номи Низомӣ шоир ва мутафаккири бузург, бунёдгузори мактаби хамсанависӣ мебошад. Ӯ соли 1141 дар шаҳри Ганҷа таваллуд ёфтааст. Ганҷа он вақт маркази Озарбойҷони шимолӣ буда, шаҳри бузургу тараққикарда ҳисоб меёфт. Як гурӯҳи адибону донишмандон дар он ҷо ҷамъ омада буданд. Мувофиқи маълумоти бисёр манбаъҳои таърихӣ ва адабӣ аҷдоди падарии Низомии Ганҷавӣ аз аҳли Қуми Эрон будаанд. Модари шоир аз деҳоти атрофи Ганҷа ва ба қавли худи шоир “раисаи курд“ буд.

Падари Низомии Ганҷавӣ ва аҷдоди ӯ аз аҳли илм буданд. Шоир дар хурдсолӣ аз падару модар маҳрум гашт. Тарбия ва сарпарастии ӯро тағояш Хоҷа Умар ба ӯҳда гирифт. Таҳсилаш пурра дар зодгоҳаш гузаштааст. Дар омӯхтани илмҳои гуногун Низоми кӯшиши зиёд дошт. Ӯ аз илмҳои замонааш фиқҳ, калом, фалсафа, ҳайат, ҷуғрофия, нуҷум, риёзиёт, тиб, кимиё баҳраманд гардида, аз ҷавонӣ ба шеър гуфтан оғоз намуд.

Дар баробари донистани илмҳои замони худ, Низомӣ аз мероси бадеии Юнони Қадим, ёдгориҳои хаттии паҳлавӣ, осори илмию адабии араб, таърихи халқҳои Қафқоз ва адабиёти форсу тоҷик пурра огоҳ буд. Вай адабиёти даҳонии халқи худ ва расму одоби насронию яҳудӣ ва паҳлавиро хуб медонист. Илмҳои табиӣ, махсусан, тиб ва нуҷум (астрономия)-ро хуб аз худ карда буд. Умуман, Низомӣ аз илмҳои зиёде баҳравар буд. Аз ҳамин сабаб, ӯро ҳамчун донишманди ҳамадон, яъне ҳаким эътироф карда буданд. Зиндагии Низомии Ганчавӣ пурра дар Ганҷа гузаштааст. Боре бо даъвати Туғралшоҳ ба Табрез сафар кард, вале дар он ҷо фақат се рӯз истода тавонист.

Ҳаким Низомии Ганҷавӣ умрашро берун аз дарбор, дар озодиву сарбаландӣ гузаронидааст. Ӯ бо шоҳон робита дошта бошад ҳам, касеро мадҳ накардааст. Ҳаким Низомии Ганҷавӣ соли 1209 дар Ганҷа даргузашт. Холо дар болои турбати ӯ мақбараи муҳташаме сохта шудааст. Халқи Озарбойҷон нисбат ба Низомӣ Ганҷавӣ ифтихор ва эҳтироми бузург дорад. Дар Ганҷа ва Боку ҳайкалҳои муҳташами Низомӣ Ганҷавӣ гузошта шудаанд. Низомии Ганчавӣ дар адабиёти ҷаҳон бо достонҳои худ машҳур аст. Тамоми осори ӯ ба забони форсӣ навишта шудааст.

Эҷодиёт

Миниатюра аз дастнависи “Хамса”-и Низомӣ, соли 1494

Ёдгории ҷовидонаи Низомӣ Ганҷавӣ “Хамса”-и ӯст, ки онро Панҷ ганҷ низ меноманд.

Хамса аз панҷ достон иборат аст:

  • Махзануласрор (форсӣ: مخزن الاسرار ‎) — «Хазинаи асрор», ки соли 1163 (1176) эҷод шудааст;
  • Хусрав ва Ширин (форсӣ: خسرو و شیرین ‎) — дар давоми 16 соли қамарӣ 1175/1176 и 1191 эҷод шудааст;
  • Лайли ва Маҷнун (форсӣ: لیلی و مجنون ‎) — соли 1188 эҷодшудааст;
  • Ҳафт пайкар форсӣ: هفت پیکر ‎) — соли 1197 эҷод шудааст;
  • Искандарнома (форсӣ: اسکندرنامه ‎) — дар фосилаи солҳои 1194 ва 1202 эҷод шудааст.

Ин маҷмуаи достонҳо дар инкишофи минбаъдаи адабиёти Шарқ мақоми арзандае доранд ва боиси пайдоиши анъанаи хамсасароӣ гаштаанд. Хамса-и Низомии Ганчавӣ бо рангинии мазмун, тозагии санъат, ғановати забон, пардози сухан ва маҳорати нигорандагии муаллиф машҳур гардида, дар он масоили муҳими иҷтимоӣ ва ахлоқӣ гузошта шудааст. Муаллиф мардумро ба кӯшишу кор, илму донишомӯзӣ, ғанимат донистани умр, покии ахлоқ, шарму ҳаё, ҳакиқатгӯию накӯкорӣ ва ғамхорӣ нисбати одамон тарғиб намуда, подшоҳонро ба адолатпарварӣ ва саховату раиятпарварӣ ҳидоят мекунад. Забони Хамса ниҳоят бой, рангин, васеъ ва фаҳмост. Низомӣ Ганҷавӣ чун саррофи сухан дар истеъмоли калимаҳои хушоҳанг, ибораю таъбирҳои рехтаи халқӣ ва мақолу зарбулмасалҳо ниҳоят борикбин аст. Ин заркориҳои ӯ мусиқият ва хушоҳангии достонҳоро ба вуҷуд оварда, хонданашро гуворо мегардонад. Низомии Ганчавӣ аз шоирони дорои мактаби адабии хос мебошад. Шоири инсондӯст ва халқпарвари бузург бо Осори гаронбаҳояш дар ганҷинаи маданияти ҷаҳонӣ саҳми калон гузоштааст. Замони зиндагонии Низомӣ Ганҷавӣ, сарфи назар аз нооромиҳои феодалӣ, давраи шукуфони таърихи тамаддуни халқҳои Қафқоз, Эрон ва Осиёи Миёна буд. Дар асри XII дар Озарбойҷон шоирони муқтадире чун Абӯлаъло Ганҷавӣ, Изиддини Шервонӣ, Маҳастии Хуҷандӣ, Ҳоқонии Шервонӣ зиста, дар Гурҷистон Шота Руставеллӣ, дар Арманистон Нерсес Шноралӣ зиндагӣ ва эҷод мекарданд. Низомӣ хусусан бо шоирони Ганҷаву Шервон, хоса бо Маҳастии Хуҷандӣ қаробати маънавӣ дошт.

Аввалин достони «Хамса», «Махзануласрор» аз 2260 байт иборат буда, соли 1176 эҷод гаштааст. «Махзануласрор» асари фалсафиву ахлоқӣ мебошад. «Хисраву Ширин» дуюмин асари «Хамса» буда, достони ишқиву ахлоқӣ ва гуманистӣ аст. Низомӣ дар тасвири ишқи поку самимӣ ва вафодориву ҷонфидоии қахрамони достон маҳорати баланди суханварӣ ва эҷодкорӣ зоҳир карда, дар симои Фарҳод муҳаббати бузургу заволнопазирро нишон додаст. Мунозираи ошкоро ва гуфтугӯи ду нафар ошиқ, яъне Хусрав ва Фарҳод худ баёнгари неруи тавонои суханварии шоир мебошад:

Нахустин бор гуфташ, к-«аз куҷоӣ?»
Бигуфт: «Аз дори мулки ошноӣ».
Бигуфт: «Он ҷо ба санъат дар чӣ кӯшанд?»
Бигуфт: «Андӯҳ харанду ҷон фурӯшанд».
Бигуфто: «Ишқи Ширин бар ту чун аст?»
Бигуфт: «Аз ҷони ширинам фузун аст».
Бигуфто: «Дил зи меҳраш кай куни пок?»
Бигуфт: «Он гаҳ, ки бошам хуфта дар хоб».

Достони сеюми «Хамса» – «Лайлию Маҷнун» соли 1188 таълиф шудааст. «Ҳафт пайкар» - и Низомӣ асари чоруми «Хамса» соли 1197 хотима ёфтааст. Достони панҷум ва аз ҷиҳати ҳаҷм аз ҳама бузургтарини «Хамса» - «Искандарнома» дар фосилаи солҳои 1194 ва 1202 таълиф шудааст.

Низомӣ, ҳам аз Ганҷа бикшоӣ банд,
Гирифтори Ганҷа то чанд? Чанд?
Чу дур гарчӣ дар баҳри Ганҷа гумам,
Вале аз кӯҳистони шаҳри Қумам.

Низомии Ганҷавӣ дар омӯхтани илмҳои гуногун саъю кӯшиши зиёде мекард. Дар муқаддимаи баъзе достонҳои худ вай якчанд байт дар насиҳати фарзанд эҷод кардааст:

Он рӯз, ки ҳафтсола будӣ,
Чун гул ба чаман ҳавола будӣ.
Ва акнун, ки ба чордаҳ расидӣ,
Чун сарв ба авҷ сар кашидӣ.
Ғофил манишин на вақти бозист,
Вақти ҳунар асту сарфарозист.
Дониш талабу бузурги омӯз,
То беҳ нигарад рӯзат аз рӯз.
Чун шер ба худ сипаҳшикан бош,
Фарзанди хисоли хештан бош.
Макӯш ба ҳар варақ, ки хонӣ,
Ки он донишро тамом донӣ.

Низомӣ ҳеҷ гоҳ турк набуд ва ба забони туркӣ мисрае эҷод накардааст. Ӯ ҳамчунин дар ин бора дар достони "Лайлӣ ва Маҷнун" фармуда:

Туркӣ сифати вафои мо нест,
Туркона сухан сазои мо нест
Ҳар к-аз насаби баланд зояд
Ӯро сухани баланд бояд.

Аз Махзануласрор:

Маҳ,ки шуд коста чун мӯи ту,
Ханда занад чун нигарад рӯи ту.
Олам хуш хур, ки зи кас кам наӣ,
Ғусса махур бандаи олам наӣ.
Бо ҳама чун хоки замин паст бош,
В-аз ҳама чун бод тиҳидаст бош.
Хоки тиҳӣ беҳ на дар омехта,
Гард бувад хоки барангехта.
Дил ба Худо неҳу хурсандие,
Инат ҷудогона Худовандие.

Аз Девони ӯ

Ганҷ надорам, ки носорат кунам,
Хезаму сар дар сари корат кунам,
Дил диҳаму ҷон канаму тан занам,
То ба чӣ талбис шикорат кунам.
Гар бипазири зи азал то абад,
Пешкаши хоки диёрат кунам.
Ҳарду ҷаҳон гар нашумори беайб,
Назли яке ҳошиядорат кунам.
Гар қадаҳе пеши Низомӣ ниҳӣ,
Ғолияи худ зи ғуборат кунам.

Ёдгориҳо

Адабиёт

  • Забебуллоҳ Сафо. Таърихи адабиёт дар Эрон.-ҷ.2. Тењрон, 1389.-с.798-824
Бо забони русӣ
  • Низами Гянджеви: Собрание сочинений: В 5 т.: Пер. с фарси / Низами Гянджеви; Редкол.: Р. Алиев и др.; Сост., науч. подгот. текстов, коммент. и слов. Р. Алиева; Вступ. ст. М. Ибрагимова. — М.: «Художественная литература», 1985.
  • Бертельс Е. Э. Великий азербайджанский поэт Низами. — Баку: издательство АзФАН, 1940
  • Бертельс Е. Э. Низами и Физули. — М., 1962
  • Крымский А. Е. Низами и его современники. — Баку: «Элм», 1981.
  • Крымский А. Е. История Персии, её литературы и дервишеской философии. — М., 1909
  • См. также изречения Низами в книге ИСТИНЫ: Изречения персидского и таджикского народов, их поэтов и мудрецов. / Перевод Наума Гребнева. Примечания Н. Османова. — М.: «Наука», главная редакция восточной литературы, 1968
  • Вульфсон Э. Персы в их прошлом и настоящем. — М., 1909
  • История персидской и таджикской литературы. / Под ред. Яна Рипка. — М., 1970
Бо забони инглисӣ
  • Jan Rypka, History of Iranian Literature. Reidel Publishing Company. 1968 OCLC 460598. ISBN 90-277-0143-1
  • Peter J. Chelkowski, «Mirror of the Invisible World». — New York: Metropolitan Museum of Art, 1975
  • «Colloquio sul poeta persiano Nizami e la leggenda iranica di Alessandro magno» (ROMA, 25-26 MARZO 1975) / G. Bardi. — Roma: deH’Accademia Nazionale dei Lincei, 1977
  • «The Poetry of Nizami Ganjavi: Knowledge, Love, and Rhetortics», Edited by Kamran Talattof and Jerome W. Clinton, Palgrave Macmillan, New York, 2001, ISBN 978-0-312-22810-1, ISBN 0-312-22810-4
  • Christine van Ruymbeke, «From culinary recipe to pharmacological secret for a successful wedding night: the scientific background of two images related to fruit in the Xamse of Nezâmi Ganjavi», Festschrift in honour of Professor J.T.P. de Bruijn, Persica, Annual of the Dutch-Iranian Society, (Leiden), 2002,
  • Subtelny, Maria, Visionary Rose: Metaphorical Application of Horticultural Practice in Persian Culture, «Botanical progress, horticultural information and cultural changes» / Michel Conan and W. John Kress. — USA: Dumbarton Oaks, 2007. — Т. 2004, ISBN 0-88402-327-3, ISBN 978-0-88402-327-2
  • A.A. Seyed-Gohrab, «Layli and Majnun: Love, Madness and Mystic Longing in Nezāmi’s Epic Romance», Leiden / Boston: E.J. Brill, 2003, ISBN 90-04-12942-1
  • Christine van Ruymbeke, «Science and Poetry in Medieval Persia: The Botany of Nizami’s Khamsa», University of Cambridge Press, 2008, ISBN 978-0-521-87364-2, ISBN 0-521-87364-9

Сарчашма

Бо забони русӣ
Бо забони инглисӣ
  1. 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  2. 2.0 2.1 https://www.britishmuseum.org/collection/term/BIOG12968
  3. Nationalencyklopedin (швед.) — 1999.
  4. Encyclopædia Britannica (ингл.)