Ҷанги Бузурги Ватанӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
Сатри 19: Сатри 19:


== Саҳми Тоҷикистон ==
== Саҳми Тоҷикистон ==
Ҳазорон нафар ҷаногварон фиристодагони [[Тоҷикистон]] дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва озод кардани халқҳои Аврупо аз фашистон диловарона иштирок варзида, аз худ қаҳрамониҳои бемислу монанд нишон додаанд. Умуман дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ беш аз 260 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистон иштирок намудаанд. Онҳо барои дифои [[Ватан]] ва шарафу номуси мардуми худ дар сангарҳо муборизаи шуҷоатнок ва корнамоиҳои бузург нишон дода, зиёда аз 92 ҳазор нафарашон дар майдонҳои набард ҳалок шуданд. Ба нишони қадрдонии далерию қаҳрамонӣ 54 нафар ҳамватанони мо бо унвони олии ифтихории [[Ватан]] - [[Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ]], 21 нафар бо ҳар се дараҷаи [[ордени «Шараф»]] ва зиёда аз 60 ҳазор нафар бо ордену медалҳо сарфароз шуданд. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ шумораи умумии фиристодагони Тоҷикистон қариб 300 ҳазор нафарро ташкил медод. Аз ин ҳисоб 49973 нафари онҳо ба баталёнҳои коргарӣ сафарбар шуданд. Дар муҳорибаҳои шадид тоҷикистониён ҷасорату шуҷоати беҳамто нишон доданд. Дар байни онҳо - Қаҳрамонони Иттифоқи Шӯравӣ [[Неъмат Қарабоев]], [[Ҳоди Кенҷаев]], [[Тӯйчӣ Эрҷигитов]], [[Сафар Амиршоев]], [[Исмоил Ҳамзаалиев]], [[Эргаш Шарипов]] ва чандин ҷанговарони тоҷикистониро номбар кардан мумкин аст, ки баҳри дифои Ватан дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ қаҳрамонӣ нишон додаанд.
Ҳазорон нафар ҷанговарон фиристодагони [[Тоҷикистон]] дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва озод кардани халқҳои Аврупо аз фашистон диловарона иштирок варзида, аз худ қаҳрамониҳои бемислу монанд нишон додаанд. Умуман дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ беш аз 260 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистон иштирок намудаанд. Онҳо барои дифои [[Ватан]] ва шарафу номуси мардуми худ дар сангарҳо муборизаи шуҷоатнок ва корнамоиҳои бузург нишон дода, зиёда аз 92 ҳазор нафарашон дар майдонҳои набард ҳалок шуданд. Ба нишони қадрдонии далерию қаҳрамонӣ 54 нафар ҳамватанони мо бо унвони олии ифтихории [[Ватан]] - [[Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ]], 21 нафар бо ҳар се дараҷаи [[ордени «Шараф»]] ва зиёда аз 60 ҳазор нафар бо ордену медалҳо сарфароз шуданд. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ шумораи умумии фиристодагони Тоҷикистон қариб 300 ҳазор нафарро ташкил медод. Аз ин ҳисоб 49973 нафари онҳо ба баталёнҳои коргарӣ сафарбар шуданд. Дар муҳорибаҳои шадид тоҷикистониён ҷасорату шуҷоати беҳамто нишон доданд. Дар байни онҳо - Қаҳрамонони Иттифоқи Шӯравӣ [[Неъмат Қарабоев]], [[Ҳоди Кенҷаев]], [[Тӯйчӣ Эрҷигитов]], [[Сафар Амиршоев]], [[Исмоил Ҳамзаалиев]], [[Эргаш Шарипов]] ва чандин ҷанговарони тоҷикистониро номбар кардан мумкин аст, ки баҳри дифои Ватан дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ қаҳрамонӣ нишон додаанд.
Меҳнаткашони Тоҷикистон баробари мустаҳкам кардани ақибгоҳ, инчунин ба қисмҳои ҳарбӣ содиқона ёрӣ мерасонданд. Онҳоро ба сару либос, озуқаворӣ, аслиҳаи ҷангӣ таъмин менамуданд. Дар давраи ҷанг халқи тоҷик барои фронт 151 [[вагон]], 532500 адад либоси гарм, 123800 килограм пашм, бештар аз 25000 метр газвор ва дигар лавозимот фиристониданд. Ба захираи мудофиавии Ватан 30 миллиону 500 ҳазор сўм пули нақд ва 40750 пуд [[ғалладона]] ҷамъоварӣ карда супурданд. Барои сохтмони танки «Колхозчии Тоҷикистон» зиёда аз 84 миллион сўм ва барои сохтмони эскадрилияи «Тоҷикистони Советӣ» 35,2 миллион сўм ҷамъоварӣ намуданд.
Меҳнаткашони Тоҷикистон баробари мустаҳкам кардани ақибгоҳ, инчунин ба қисмҳои ҳарбӣ содиқона ёрӣ мерасонданд. Онҳоро ба сару либос, озуқаворӣ, аслиҳаи ҷангӣ таъмин менамуданд. Дар давраи ҷанг халқи тоҷик барои фронт 151 [[вагон]], 532500 адад либоси гарм, 123800 килограм пашм, бештар аз 25000 метр газвор ва дигар лавозимот фиристониданд. Ба захираи мудофиавии Ватан 30 миллиону 500 ҳазор сўм пули нақд ва 40750 пуд [[ғалладона]] ҷамъоварӣ карда супурданд. Барои сохтмони танки «Колхозчии Тоҷикистон» зиёда аз 84 миллион сўм ва барои сохтмони эскадрилияи «Тоҷикистони Советӣ» 35,2 миллион сўм ҷамъоварӣ намуданд.

Нусха 15:01, 3 май 2019

Дорандагони унвони олии ИҶШС - Қаҳрамони Иттифоқи Шўравӣ аз ҶШС Тоҷикистон

Башарият аз замони пайдоиши олам ин гуна ҷанги хонумонсўз ва фоҷиаи мудҳишро аз сар нагузаронидааст. Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939-1945) аз рўи миқёсу андоза даҳшатноктарин ҷанг дар таърихи башарият буда, дар он беш аз 72 давлати хурду бузурги олам ширкат варзида, доманаи амалиётҳои ҳарбӣ ба ҳудуди 40 давлати ҷаҳон вусъат ёфтанд. Теъдоди сафарбаршуда зиёда аз 110 миллионро ташкил медод. Дар натиҷаи ин ҷанг кишварҳои зиёде хароб гаштанд ва бештар аз 50 миллион нафар қурбон ва садҳо миллион нафар аҳолии мамлакатҳое, ки ба гирдоби ҷанг кашида шуда буданд, ба маҳрумияту азоби тоқатшикан гирифтор гаштанд.

Солҳои 1941 - 1945 Ҷанги Бузурги Ватании ИҶШС бар зидди таҷовузи Олмони Фашистӣ рӯй додааст. Халқҳои 15 ҷумҳурии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ баҳри дифои Ватани азиз бар зидди истилогарони фашистӣ бар хестанд.

Ватан!
Ватан то ман сазовори ту бошам,
Бароят то шавам арзанда фарзанд.
Равам бо роҳи мардони накуят,
Бигирам аз хирадмандони ту панд.
Ватан то, ки бимонад ҷовидона,
Дар оғуши чу ҳар як каҳрамонат.
Биомузам ҳамеша каҳрамонӣ,
Зи ҳар як каҳрамони ҷовидонат.

Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ходисаи ҷамъиятӣ, бо роҳи зури давом додани сиёсат буда, мазмуни онро муборизаи муташаккилонаи мусаллаҳона ташкил медиҳад. Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945), ҷанги одилонаю озодихохонаи халқи собиқ Шӯравӣ барои озодӣ ва ҳимояи Ватан алайҳи фашизм буд. Рохбарони сиёсии Олмон бо иттифоқчиёнашон Италия, Венгрия, Финляндия, Руминия, Испания 110 дивизияро зидди ИҶШС ба ҷанг сафарбар намуданд. Мақсади истилогарон дар муддати кутоҳ несту нобуд кардани Артиши Сурх ва шикаст додани ИЧШС буд. Новобаста аз омодагии амиқ ва бартарӣ аз ҳисоби дороии техникаи ҷангӣ ба мардуми шарафманд ва бо нангу номуси Иттиҳоди Шӯравӣ муяссар шуд, ки зафар ёбад. Халқи Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҳама самтҳои асосии амалиети ҷангӣ: Ленинград, Москва, Сталинград, Курск, Днепр ва ғайра бо курбонии зиёд муқобили душман истодагарӣ намуда, қушунҳои фашистиро маҳв месохт. Неруи тавоноии мардум руҳи «шикастнопазирии» душманро шикаст. 8 майи соли 1945 Олмони Фашистӣ ба ҳуҷҷати таслимшавӣ имзо гузошт. 9 май Рузи иди Ғалаба эълон гардида, анъанаи таърихӣ гардид. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) 27 миллион мардуми шӯравӣ ҳалок шудааст, зиёда аз 1700 шаҳрҳо вайрон карда шуданд, миллионҳо бе хонаву хоҷагидорӣ монданд.

Саҳми Тоҷикистон

Ҳазорон нафар ҷанговарон фиристодагони Тоҷикистон дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва озод кардани халқҳои Аврупо аз фашистон диловарона иштирок варзида, аз худ қаҳрамониҳои бемислу монанд нишон додаанд. Умуман дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ беш аз 260 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистон иштирок намудаанд. Онҳо барои дифои Ватан ва шарафу номуси мардуми худ дар сангарҳо муборизаи шуҷоатнок ва корнамоиҳои бузург нишон дода, зиёда аз 92 ҳазор нафарашон дар майдонҳои набард ҳалок шуданд. Ба нишони қадрдонии далерию қаҳрамонӣ 54 нафар ҳамватанони мо бо унвони олии ифтихории Ватан - Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ, 21 нафар бо ҳар се дараҷаи ордени «Шараф» ва зиёда аз 60 ҳазор нафар бо ордену медалҳо сарфароз шуданд. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ шумораи умумии фиристодагони Тоҷикистон қариб 300 ҳазор нафарро ташкил медод. Аз ин ҳисоб 49973 нафари онҳо ба баталёнҳои коргарӣ сафарбар шуданд. Дар муҳорибаҳои шадид тоҷикистониён ҷасорату шуҷоати беҳамто нишон доданд. Дар байни онҳо - Қаҳрамонони Иттифоқи Шӯравӣ Неъмат Қарабоев, Ҳоди Кенҷаев, Тӯйчӣ Эрҷигитов, Сафар Амиршоев, Исмоил Ҳамзаалиев, Эргаш Шарипов ва чандин ҷанговарони тоҷикистониро номбар кардан мумкин аст, ки баҳри дифои Ватан дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ қаҳрамонӣ нишон додаанд.

Меҳнаткашони Тоҷикистон баробари мустаҳкам кардани ақибгоҳ, инчунин ба қисмҳои ҳарбӣ содиқона ёрӣ мерасонданд. Онҳоро ба сару либос, озуқаворӣ, аслиҳаи ҷангӣ таъмин менамуданд. Дар давраи ҷанг халқи тоҷик барои фронт 151 вагон, 532500 адад либоси гарм, 123800 килограм пашм, бештар аз 25000 метр газвор ва дигар лавозимот фиристониданд. Ба захираи мудофиавии Ватан 30 миллиону 500 ҳазор сўм пули нақд ва 40750 пуд ғалладона ҷамъоварӣ карда супурданд. Барои сохтмони танки «Колхозчии Тоҷикистон» зиёда аз 84 миллион сўм ва барои сохтмони эскадрилияи «Тоҷикистони Советӣ» 35,2 миллион сўм ҷамъоварӣ намуданд.

Адабиёт

  • Раҳмон Э. Иди пирўзии сулҳ бар ҷанг [Матн]:Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шарафи 60- умин солгарди Ѓалаба бар фашизм, 7 майи соли 2005 //Ҷумҳурият. – 2005. – 12 маӣ.
  • Дар бораи сарфароз намудан бо медали ҷашни «60-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945» [Матн]: Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмон // Ҷумҳурият. – 2005. – 7 маӣ.
  • Бобоҷон, Алӣ. Ҳоди Кенҷаев./Очерк. – Душанбе: Ирфон, 1970. – 48 с.
  • Бобоҷон, Алӣ. Ҳоди Кенҷаев. – Душанбе: Ирфон,1970. – 24 с.
  • Сидқӣ, А. Раҳимбоӣ Раҳматов./Очерк. – Душанбе: Ирфон, 1970. – 90 с.
  • Узоқов, М. Эргаш Шарипов. – Душанбе: Ирфон,1972. – 42 с.
  • Раҳмонов, М. Ҳама ба фронт, ҳама барои ғалаба!– Душанбе: Ирфон, 1973.- 112 с.
  • Сафаров, Р. Сафар Амиршоев. – Душанбе: Ирфон,1973. – 122 с.
  • Бобоҷон, Алӣ. Нахустқаҳрамонони тоҷик./ Дар бораи Неъмат Қарабоев. – Душанбе: Маориф,1975. – 62 с.
  • Ҳеҷ гоҳ фаромўш намешавад./ Маҷмўа. – Душанбе: Ирфон, 1979. – 144 с.
  • Фидокорон./ Очерку ҳикояҳо ва ёддоштҳо дар бораи Ҷанги Бузурги Ватанӣ /Тарт. Т.Усмонов. – Душанбе: Ирфон,1982. – 160 с.
  • Файзиев, Ҳ. Дар ҷанг ва баъди ҷанг. – Душанбе: Ирфон, 1984. – 400 с.
  • Бозорбоева, М., Бобохонов, М. Сарбозони шуҷоъ. – Душан¬бе: Ирфон,1985. – 128 с.
  • Сафаров,Р. Қаҳрамони Вахш ва Днепр. – Душанбе: Ирфон, 1985. – 192 с.
  • Сафаров, Р. Сарбаландон./ Маҷмўа.– Душанбе: Ирфон, 1985. – 52 с.
  • Шарифов, Х. Онҳо партизан буданд: Дар бораи ҷанговарони тоҷик. – Душанбе: Ирфон,1985. – 96 с.
  • Исҳоқов, Б. Далерон. – Душанбе: Ирфон,1991. – 212 с.
  • Муродов, М. Садоқат ба Ватан. – Душанбе: Ирфон,1991. – 44 с.
  • Абдуллоев, Р. Меҳнаткашони Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ. – Душанбе: Ирфон, 1994. – 96 с.
  • Сафаров, Р. Ҳазору як корнома./Иборат аз 3 ҷилд. – Душанбе: Сарредаксияи илмии энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе,1995.
  • 1995. – Ҷ.1. – 568 с.
  • 1998. – Ҷ.2. – 495 с.
  • 2005. – Ҷ.3. – 447 с.
  • Файзиев, Ҳ. Мардони майдон. – Душанбе, 1995. – 126 с.
  • Шарифов, Х. Мардони палангошӯб. Дар бораи тоҷикону тоҷикистониён дар ҷанги партизанӣ солҳои 1941-1945. – Хуҷанд: Раҳим Ҷалил, 2004. – 448 с.
  • Исмоилов, И. Шуҷоат ва Зафар ба рўи Ӻалаба. – Душанбе: Эҷод, 2005. – 72 с.
  • Раҳимов,С. А. Дар ҷустуҷўи қаҳрамонҳо. – Душанбе: Эҷод, 2009. – 128 с.

Нигаред