Ҷумъа Одина: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
х clean up, replaced: |Ном → |ном (2), |Санаи марг → |санаи марг, |Сайт → |сайт , Жанр → жанр, |Мукофотҳо → |мукофотҳо, |Ҷоизаҳо → |ҷоизаҳ using AWB
хулоса
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
Сатри 27: Сатри 27:
== Зиндагинома ==
== Зиндагинома ==
Ҷумъа Одина [[13 март]]и соли [[1930]] дар деҳаи [[Нигнот]]и [[ноҳияи Панҷакент]]и [[вилояти Суғд]] ба ҷаҳон омадааст. Мактаби ҳафтсоларо дар кишвари Ставропол (ИҶШС), ки аҳли оилаашон дар табъид буд, анҷом додааст. Муддате муаллимӣ кардааст. Соли 1950 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии Самарқандро бо баҳои аъло хатм кардааст. Соли I956 факултаи таъриху филологияи [[Донишгоҳи миллии Тоҷикистон|Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин]]ро ба поён расондааст. Солҳои гуногун муҳаррири нашриёти «Ирфон», мудири шуъбаи [[маҷаллаи «Тоҷикистон»]], муҳаррири Радиои тоҷик, мудири шуъбаи моҳномаи «Садои Шарқ», муовини сармуҳаррири Кумитаи табъу нашри Ҳукумати ҷумҳурӣ, мудири шуъбаи нашриёти «Ирфон» ва ходими адабии [[рӯзномаи «Маориф ва маданият»]] будааст. Ӯ [[14 сентябр]]и [[соли 1982]] вафот кард.

==Эҷодиёт==
==Эҷодиёт==
Аввалин навиштаҳои Ҷумъа Одина солҳои шастуми асри бистум ба табъ расидаанд.
Аввалин навиштаҳои Ҷумъа Одина солҳои шастуми асри бистум ба табъ расидаанд.

Нусха 12:06, 6 май 2019

Ҷумъа Одина
Таърихи таваллуд: 13 март 1930(1930-03-13) (94 сол)
Зодгоҳ: деҳаи Нигноти ноҳияи Панҷакент, ҶШС Тоҷикистон  СССР
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон Тоҷикистон
Навъи фаъолият: нависанда
Солҳои эҷод: 1964ғ1981
Самт: реализми сотсиалистӣ
Жанр: ҳикоя, роман
Забони осор: забони тоҷикӣ
Ҷоизаҳо: Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (1990)

Ҷумъа Одина - (13 марти соли 1930 - 1982) нависандаи тоҷик. Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1966).

Зиндагинома

Ҷумъа Одина 13 марти соли 1930 дар деҳаи Нигноти ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд ба ҷаҳон омадааст. Мактаби ҳафтсоларо дар кишвари Ставропол (ИҶШС), ки аҳли оилаашон дар табъид буд, анҷом додааст. Муддате муаллимӣ кардааст. Соли 1950 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии Самарқандро бо баҳои аъло хатм кардааст. Соли I956 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро ба поён расондааст. Солҳои гуногун муҳаррири нашриёти «Ирфон», мудири шуъбаи маҷаллаи «Тоҷикистон», муҳаррири Радиои тоҷик, мудири шуъбаи моҳномаи «Садои Шарқ», муовини сармуҳаррири Кумитаи табъу нашри Ҳукумати ҷумҳурӣ, мудири шуъбаи нашриёти «Ирфон» ва ходими адабии рӯзномаи «Маориф ва маданият» будааст. Ӯ 14 сентябри соли 1982 вафот кард.

Эҷодиёт

Аввалин навиштаҳои Ҷумъа Одина солҳои шастуми асри бистум ба табъ расидаанд. Асарҳояш аз солҳои 60-ум ба чопшавӣ cap кардаанд. Соли 1964 дар моҳномаи «Садои Шарқ» қиссаи аввалинаш «Авроқи рангин», соли 1968 қиссаи дигараш «Иншо дар мавзӯи озод» ба табъ расидаанд. Соли 1970 ҳар ду қисса бо номи «Авроқи рангин» дар як муҷаллад аз чоп баромадаанд. Соли 1973 маҷмӯаи ҳикояҳояш «Чанбари оташ» чоп шудааст. Соли 1978 романи «Гузашти айём»-ро навишт, ки рӯҳия ва мундариҷаи он ба сиёсати ҳукумати давр чандон созгор набуд. Романро нашриёти «Ирфон» чоп карда бошад ҳам, ба дасти хонандагон нарасид. Соли 1989 роман бори дигар аз тариқи нашриёти «Адиб» ба табъ расид ва муаллиф, пас аз маргаш, соли 1990, сазовори Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гардонда шуд. Повести «Иншо дар мавзўи озод» (соли 1974) ва як силсила ҳикояву очерк ва қиссаҳои ба қалами ӯ тааллуқ доранд. Пас аз вафоти нависанда бобҳое аз романи нотамоми «Искандари Мақдунӣ» дар матбуот чоп шуданд. Дар тарҷумаи бадеӣ ҳам пешдаст буд. Зиёда аз 20 асари нависандагони шӯравиро ба тоҷикӣ гардондааст, ки романҳои В.Сабко «Кафолати сулҳ», И.Шамякин «Дил дар кафи даст», В.Латсис «Писари моҳигир», Г.Марков «Сибир» аз он шумуланд.[1] Асарҳои Н. Тихонов, Я. Гашек, С. Алӣ, Г. Кирх, И. Шамякин, Г. Марков ва дигаронро хонандагони тоҷик дар тарҷумаи ин нависандаи хушсалиқа хондаанд.[2].

Эзоҳ

  1. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – С. 172 ISBN 978-99947-2-379-9
  2. http://ruzgor.tj/component/content/4231.html?task=view КИТОБИ СӮХТА: ҶУМЪА ОДИНА ВА ИСТИБДОДИ ҲИЗБӢ ДАР ШӮРАВӢ