Размдор: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
х →‎Преамбула: мусавварсозӣ
Сатри 20: Сатри 20:

'''Гурӯҳдор''' ({{lang-fa|'''گروهدار'''}}) — [[дараҷаи низомӣ|дараҷае]] [[аскар|сарбозӣ]] ва симате дар [[нерӯҳои мусаллаҳ]] ва ниҳодҳои низомӣ, интизомӣ ва амниятӣ аст, ки поинтар аз ''[[гурӯҳбон]]'' ва болотар аз ''[[гурӯҳвар]]'' мебошад; ''сержант''.

{| class="wikipedia sortable" border="1"

|+ '''[[Дараҷаи низомӣ|Пайдарпаии дараҷаҳои низомӣ]]'''

|width="30%" align="center" style="background:#cfcfcf;" | Дараҷаи поинтар:
[[Гурӯҳвар]]
|width="35%" align="center" style="background:#bfbfbf;"|
[[File:Нишони_Вазорати_мудофиаи_Ҷумҳурии_Тоҷикистон.jpg|50px]]
'''''Гурӯҳдор'''''
|width="30%" align="center" style="background:#afafaf;" | Дараҷаи болотар:
[[Гурӯҳбон]]

''Гурӯҳдор'' дар нерӯҳои мусаллаҳ маъмулан симати муовини фармондеҳи '''[[гурӯҳ]]'''ро дорад, ки [[ягони низомӣ|ягоне тактикиест]], ки аз ду [[рада]] (6 — 12 сарбоз) ташкил шуда ва бахше аз [[таҳм]] аст<ref>[http://www.mtrd.ir/sites/default/files/journals-files/کامل%20کتاب%20تصحیح%20شده.pdf ''Фарҳанги ҳазор вожаи низомӣ''. — Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Дафтари вожагузинии низомии Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, 1392. – с. 161]</ref>; отделение<ref>{{книга|автор=Коллектив авторов|часть=Том 6, статья «Отделение»|заглавие=Военная энциклопедия|ответственный=Под ред. [[Грачёв, Павел Сергеевич|П. В. Грачёв]]|место= М.|издательство=[[Воениздат]]|год=2002|страницы=181|страниц=639|тираж=10 000|isbn=5-203-01873-1}}</ref>.

Нусха 20:26, 29 май 2019

Размдор
Дараҷаи болотар сержанти калон
Дараҷаи поинтар Platoon-leader[d]

Гурӯҳдор (форсӣ: گروهدار‎) — дараҷае сарбозӣ ва симате дар нерӯҳои мусаллаҳ ва ниҳодҳои низомӣ, интизомӣ ва амниятӣ аст, ки поинтар аз гурӯҳбон ва болотар аз гурӯҳвар мебошад; сержант.

Пайдарпаии дараҷаҳои низомӣ
Дараҷаи поинтар:
Гурӯҳвар

Гурӯҳдор
Дараҷаи болотар:
Гурӯҳбон

Гурӯҳдор дар нерӯҳои мусаллаҳ маъмулан симати муовини фармондеҳи гурӯҳро дорад, ки ягоне тактикиест, ки аз ду рада (6 — 12 сарбоз) ташкил шуда ва бахше аз таҳм аст[1]; отделение[2].

Вожашиносӣ

«Гурӯҳдор» аз як вожа ва як пасванд сохта шудааст: гурӯҳ + дор (форсӣ: دار‎ < порсии миёна: dār < порсии бостон: *dār(a)- < эронии бостон: *dārai̯a- «доштан; доранда»). Мақулаи дастурии ин вожа исм ва сохтвожаи он ба сурати [исм (гурӯҳ) + пайвожа (-дор)] аст. Дар сохти ин исм аз фароянди вожасозии таркиб истифода шудааст.

«Гурӯҳдор» таркибе кӯтоҳшуда аз «нигаҳдори гурӯҳ» ва бо «*kāra-daranaka-» дар забони эронии бостон > «ϰαρα-λραγγα» «фармондеҳи гурӯҳе аз сипоҳиён» дар забони балхӣ[3]; «нигаҳдор», «сипаҳдор» ва «лашкардор» дар форсии дарӣ ҳамсохт аст, ки дар «Шоҳнома» низ ёд шудаанд. Чунончи, бузургвор Фирдавсӣ «нигаҳдор»-ро чун истилоҳи низомӣ ба кор бурдааст:

Гузин кард ҳаштод тан нӯзарӣ,
Ҳама гурздору ҳама лашкарӣ.
Зараспи сипаҳбад нигаҳдорашон,
Ки бурдӣ ба ҳар кор тиморашон[4].

Пешина

«Гурӯҳ» (форсӣ: گروه[5] > порсии миёна: grōh[6]) ба маънии «дастае аз сипоҳиён, лашкариён, ҷанговарон» дар «Шоҳнома» бисёр ба кор рафтааст. Чунончи, Фирдавсӣ гуфта:

Бирав бо сипоҳе ба кирдори кӯҳ,
Гузин кун зи гурдони лашкар гурӯҳ[7]

Ин вожаро соли 1935 Фарҳангистони забони Эрон бо пешниҳоди Анҷумани вожагузинии артиш ҳамчун истилоҳи низомӣ барои номидани бахше аз даста тасвиб кардааст. Ҳамзамон истилоҳи «гурӯҳбон» (форсӣ: گروهبان‎) низ бо пешниҳоди Анҷумани вожагузинӣ ба маънои «фармондеҳи гурӯҳ» тасвиб шудааст[8].

«Гурӯҳбон» ҳамакнун яке аз дараҷаҳои Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ва баробар бо «сержанти калон» дар Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аст[9]. Аз рӯи ин истилоҳ вожаҳои «саргурӯҳбон», «гурӯҳдор» ва «гурӯҳвар» сохта ва барои ҷойгузин кардани дараҷаҳои низомии «старшина», «сержант» ва «сержанти хурд» ба Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудаанд[10].

Манобеъ

1. Фарҳанги ҳазор вожаи низомӣ. — Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Дафтари вожагузинии низомии Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, 1392. – с. 161
2. Коллектив авторов. Том 6, статья «Отделение» // Военная энциклопедия / Под ред. П. В. Грачёв. — М.: Воениздат, 2002. — С. 181. — 639 с. — 10 000 экз. — ISBN 5-203-01873-1.
3. Эдельман Д. И. Этимологический словарь иранских языков / Институт языкознания РАН. — М.: Издательская фирма «Восточная литература» РАН, 2011. — Т. 4 (i—k). — 416 с. — 800 экз. — ISBN 5-02-018124-2, ISBN 978-5-02-036478-3. (в пер.). — стр. 389—391.
4. Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома. — Душанбе: «Адиб», 2008. Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Камол Айнӣ ва Зоҳир Аҳрорӣ. Муҳаррир Мубашшир Акбарзод. ҷ. 3. — 480 саҳ. — ISBN 978-99947-32-84-5. — c. 309
5. Фарҳанги забони тоҷикӣ. Зери таҳрири М. Ш. Шукуров, В. А. Капранов, Р. Ҳошим, Н. А. Маъсумӣ — М., «Советская Энциклопедия», 1969. ҷ. 1, с. 297.
6. MacKenzie, D. N., A Concise Pahlavi Dictionary, London, etc.: Oxford University Press, 1971. — 236 pp. ISBN 0-19-713559-5. — p. 38
7. Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома. — Душанбе: «Адиб», 2008. Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Камол Айнӣ ва Зоҳир Аҳрорӣ. Муҳаррир Мубашшир Акбарзод. ҷ. 5. — 480 саҳ. — ISBN 978-99947-32-84-5. — c. 15
8. Рустоӣ, Муҳсин. Вожагони низомии мусаввиби Фарҳангистони Эрон (1314 — 1320 ҳ.ш.) // Ганҷинаи аснод. — с. 38
9. Фарҳангномаи форсӣ: вожагон ва аълом. Ғуломҳусайн Садрии Афшор, Насрин Ҳакамӣ, Настаран Ҳакамӣ. Теҳрон: «Фарҳанги муъосир», 1388. — 3 ҷилд. ISBN: ҷ. 1: 978-964-8637-92-2; ҷ. 2: 978-964-8637-89-2; ҷ. 3: 978-964-8637-91-5
10. Умед Джайхани: В национальной армии и терминология должна быть максимально национальной

Пайвандҳо