Анвар Бобоҷонов: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
Саҳифаи нав: {{Олим |ном = Анвар Бобоҷонов |номи аслӣ = Бобоҷонов Анвар Қӯзиевич |тасвир = |...
 
No edit summary
Сатри 14: Сатри 14:
|дараҷаи илмӣ = {{Дараҷаи илмӣ|доктор|илмҳои таърих}}
|дараҷаи илмӣ = {{Дараҷаи илмӣ|доктор|илмҳои таърих}}
|унвонҳои илмӣ = {{Унвонҳои илмӣ||0}}
|унвонҳои илмӣ = {{Унвонҳои илмӣ||0}}
|алма-матер = [[Институти тарбияи ҷисмонии Тоҷикисто]] (1975) <br> [[УДТ]] (1987)
|алма-матер = [[Институти тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон]] (1975) <br> [[УДТ]] (1987)
|роҳбари илмӣ =
|роҳбари илмӣ =
|шогирдони маъруф =
|шогирдони маъруф =

Нусха 05:24, 21 июни 2019

Анвар Бобоҷонов
Бобоҷонов Анвар Қӯзиевич
Зодгоҳ Ӯротеппа, вилояти Ленинобод
Фазои илмӣ таърих, варзиш
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои таърих
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Институти тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон (1975)
УДТ (1987)

Анвар Бобоҷонов (Бобоҷонов Анвар Қӯзиевич; 15 феврали 1948, Ӯротеппа, вилояти Ленинобод14 декабри 2010, Душанбе) — доктори илмҳои таърих (1999), профессор (2002), Мураббии шоистаи ҶТ (1994).

Зиндагинома

Хатмкардаи Институти тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон (1975) ва шуъбаи ғоибонаи факултети таърихи УДТ (1987). Коргари 3аводи консервии шаҳри Ӯротеппа (ҳоло Истаравшан, 1969–1971), директори Мактаби варзишии назди Шӯрои Ҷамъияти марказии ихтиёрии варзишии Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон (1975–1977), ноиби ректор оид ба варзиш ва тарбияи Институти тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон (1977–1979), раиси Шӯрои Ҷамъияти марказии ихтиёрии варзиши Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон (1979–1983), мудири кафедраи техникӣ (1983–1992) ва ноиби ректор оид ба илми Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон (1993–1994). Аз соли 1995 мудири шуъбаи варзиш, таълимоти олимпии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Фаъолияти илмӣ

Анвар Бобоҷонов аз соли 1973 ба корҳои илмию таҳқиқотӣ дар соҳаи таърихи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Тоҷикистон машғул аст. Соли 1990 дар мавзӯи «Инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар ҶШС Тоҷикистон дар солҳои 1971–1985» рисолаи номзадӣ ва соли 1998 дар мавзӯи «Таърихи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Тоҷикистон дар солҳои 1917–1997» рисолаи докторӣ дифоъ намудааст. Муаллифи зиёда аз 50 китобу дастури таълимӣ ва мақолаҳои илмӣ дар соҳаи варзиш. Таҳти роҳбарии ӯ 3 нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя кардаанд. Анвар Бобоҷонов ҳамчун узви комиссияи давлатӣ дар таҳияи Қонуни ҶТ «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» (1997), «Консепсияи миллии инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни ҶТ «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» (2007) иштирок намудааст.

Эзоҳ

Осор

  • Қоидаи гӯштини миллӣ ⁄⁄ Гӯштингирӣ. Д., 1983;
  • Становление и развитие Таджикского института физической культуры им. М. И. Калинина. Д., 1986;
  • Шахпаймоён. Д., 1987; Гӯштини миллии тоҷикон. Д., 1996;
  • Варзиши миллӣ ва бозиҳои тоҷикон. Д.,1997;
  • Спортивный век Таджикистана. Д., 1998;
  • Таърихи тарбияи ҷисмонии тоҷикон. Д., 2007.

Эзоҳ

Сарчашма