Осиф Бове: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
Саҳифаи нав: {{Меъмор}} '''О́сип (Иосиф; Ҷузеппе) Ива́нович Бове́''' ({{lang-it|Giuseppe Bova}}, {{lang-fr|Joseph Bové}}; {{СТ|4|11|1784|24|10}},...
 
No edit summary
Сатри 1: Сатри 1:
{{Меъмор}}
{{Меъмор}}
'''О́сип (Иосиф; Ҷузеппе) Ива́нович Бове́''' ({{lang-it|Giuseppe Bova}}, {{lang-fr|Joseph Bové}}; {{СТ|4|11|1784|24|10}}, [[Петербург]] — {{СМ|28|6|1834|16}}<ref>«Русский биографический словарь» указывает: {{СМ|21.7.1834}} года.</ref>, [[Маскав]]) — меъмори рус, академики АР Петербург.
'''О́сиф (Иосиф; Ҷузеппе) Ива́нович Бове́''' ({{lang-it|Giuseppe Bova}}, {{lang-fr|Joseph Bové}}; {{СТ|4|11|1784|24|10}}, [[Петербург]] — {{СМ|28|6|1834|16}}, [[Маскав]]) — меъмори рус, академики АР Петербург.


== Зиндагинома ==
== Зиндагинома ==

Нусха 10:35, 1 июли 2019

Осиф Бове
русӣ: Осип Иванович Бове
итол. Giuseppe Bove
Иттилооти асосӣ
Мамлакат
Таърихи таваллуд 24 октябр (4 ноябр) 1784
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 16 (28) июн 1834 (49 сол)
Маҳалли даргузашт
Таҳсил:

О́сиф (Иосиф; Ҷузеппе) Ива́нович Бове́ (итол. Giuseppe Bova, фр. Joseph Bové; 24 октябр (4 ноябр) 1784, Петербург — 16 (28) июни 1834, Маскав) — меъмори рус, академики АР Петербург.

Зиндагинома

Писари рассоми итолиёӣ Винчентсо Ҷованни Бове. Соли 1782 ба Россия омад. Соли 1802 дар Мактаби меъмории Экспедитсияи сохтани Кремл таҳсил кард. Аз соли 1807 ёвари М. Ф. Казаков ва К. И. Росси дар Маскав ва Твер. Аз соли 1813 меъмор, аз соли 1814 сармеъмори Комиссияи барқарорсозии Маскав. Дар барқарорсозӣ ва таҷдиди Маскав баъди сӯхтори соли 1812 ширкат варзидааст. Бо иштироки Б. дар Майдони сурх раддаҳои тиҷоратӣ (1815, боқӣ намондааст), солҳои 1816–24 ансамбли Майдони театрӣ (1816–24, бо бинои театрҳои Калон ва Хурд), солҳои 1819–22 Боғи Александровский (дар ҷойи д. Негилинная ва истеҳкомҳои Кремл, 1819–22; фақат Грот боқӣ мондааст) сохта шуданд. Мавзӯи ватандӯстиро Б. дар лоиҳаи Тоқи зафар, ки солҳои 1827–34 ба хотираи Ҷанги ватании с 1812 сохтааст, таҷассум намудааст. Б. яке аз бунёдгарони шакли махсуси иморатҳои шахсии Маскав мебошад. Дар байни дигар корҳои ҷолиби Б. маъруфтаринашон Беморхонаи шаҳрии 1-ум (ҳамроҳи бародарон М. И. ва А. И. Бове), Калисои ҷомеи Троитски дайри Данилов ба шумор мераванд.

Эзоҳ

  1. Бове Осип Иванович // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохоров — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
  2. 2.0 2.1 Бове Осип Иванович // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохоров — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.

Адабиёт

  • Покровская З. К. О. И. Бове. М., 1999;
  • Новая российская энциклопедия. Т III (1). М., 2007.

Сарчашма