Размпардоз: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
→‎Пешина: дақиқсозӣ, сарчашмаҳо
ислоҳ, гурӯҳбандӣ
Сатри 47: Сатри 47:
Дар сипоҳи [[Ашкониён]] ва [[Сосониён]] [[ҳанг]]ро «''дирафш''» ва фармондеҳонашонро «[[сарҳанг|''дирафшсолор'']]» меномиданд<ref>''Farrokh, Kaveh''. Sassanian Elite Cavalry AD 224-642. Oxford: Osprey, 2005. ISBN 1841767131. — с. 6—7</ref>.
Дар сипоҳи [[Ашкониён]] ва [[Сосониён]] [[ҳанг]]ро «''дирафш''» ва фармондеҳонашонро «[[сарҳанг|''дирафшсолор'']]» меномиданд<ref>''Farrokh, Kaveh''. Sassanian Elite Cavalry AD 224-642. Oxford: Osprey, 2005. ISBN 1841767131. — с. 6—7</ref>.


== Манобеъ ==
{{эзоҳ}}

[[Гурӯҳ:Артиш]]
[[Гурӯҳ:Артиши Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Дараҷаҳои низомӣ]]
== Пайвандҳо ==
== Пайвандҳо ==
* [[Нерӯҳои мусаллаҳ]]
* [[Нерӯҳои мусаллаҳ]]
Сатри 58: Сатри 52:
* [[Дараҷаҳои Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон]]
* [[Дараҷаҳои Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон]]
{{Дараҷаҳои низомӣ}}
{{Дараҷаҳои низомӣ}}
== Манобеъ ==
{{эзоҳ}}

[[Гурӯҳ:Артиш]]
[[Гурӯҳ:Дараҷаҳои низомӣ]]

Нусха 07:14, 3 августи 2019

Размпардоз
Бунёдшуда 12 январ 1981
Дараҷаи болотар лейтенанти хурд
Дараҷаи поинтар Размсоз

Размовар (форсӣ: رزم‌آور‎‎) — дараҷае низомӣ ва симате афсарёрӣ дар нерӯҳои мусаллаҳ ва ниҳодҳои низомӣ, интизомӣ ва амниятӣ аст, ки поинтар аз размсоз ва болотар аз саргурӯҳбон мебошад; прапоршик[1].

Пайдарпаии дараҷаҳои низомӣ
Дараҷаи поинтар:
Саргурӯҳбон


Размовар
Дараҷаи болотар:
Размсоз

Вожашиносӣ

«Размовар» аз ду бахш сохта шудааст: разм (аз форсӣ: رزم‎ «ҷанг, набард» < порсии миёна: razm < порсии бостон: *razman- «рада, ороиш» < эронии бостон: √raz- «рост кардан; дар як рада рост кардан, оростан» > авестоӣ: rasman-) + овар > овардан. Мақулаи дастурии ин вожа исму сифати фоъилӣ ва сохтвожаи он ба сурати [исм (разм) + асоси феъли замони ҳозираи «овардан» (овар)] аст. Дар сохти ин сифат аз фароянди вожасозии таркиб истифода шудааст.

«Размовар» ба маънии «ҷанговар, разманда» дар осори адабии форсӣ бисёр ба кор рафтааст[2]. Чунончи, бузургвор Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» гуфта:

Ки гурдон кадоманду солор кист,
Зи размоварон ҷангро ёр кист[3].

«Размовар» дар пайравӣ аз «таҳмовар» ва «гурӯҳвар» сохта шуда ва барои ҷойгузин кардани дараҷаи низомии «прапоршик» ба Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст[4].

Пешина

Номи ин дараҷа дар бисёре аз артишҳо бо «дирафш» пайванд дорад. Чунончи, ин дараҷа дар нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва Русия «прапорщик», Лаҳистон «хорунжий» (лаҳӣ: chorąży), кишварҳои Югословии пешин «заставник», Бритониё «ensign», Фаронса «enseigne» ва Олмон «Fähnrich» номида мешавад, ки маънояшон «парчамдор» (форсӣ: پرچمدار‎) аст[5]. Дар артишҳои қадим парчамдор сарбозе буд, ки пешопеши ягони низомӣ парчами онро мебурд. «Прапорщик» дақиқан ҳамин «парчамдор» аст, ки онро «дирафшдор» ҳам мегӯянд[6].

Дар сипоҳи Ҳахоманишиён ҳар ҳазора ё ҳанг барои худ парчаме дошт[7], ки ба забони порсии бостон «drafša-» номида мешуд (аз «*drafša-» дар эронии бостон, ки «drafšā-» дар авестоӣ, «drafš» дар порсии миёна, «arδašf» / «ərδəšf» дар забони суғдӣ ва «λraφo» дар забони балхӣ аз он рӯидаанд[8]). Бино ба ривояте, дирафши аждаҳопайкарро Куруши Кабир аз осуриён вом гирифта буд ва он то поёни подшоҳии Дорои Севум дар сипоҳ ба кор мерафт. Искандари Мақдунӣ пас аз пирӯзӣ бар Доро ин дирафшро парчами расмии подшоҳии Мақдуния карда буд, аммо пас аз пирӯзии румиён бар мақдуниҳо «дирафши аждаҳопайкар» ба дасти фарзандони Ромул уфтод. Ин дирафш дар подшоҳии Руми Шарқӣ низ боз мондаву ба кор мерафтааст[9].

Дар сипоҳи Ашкониён ва Сосониён ҳангро «дирафш» ва фармондеҳонашонро «дирафшсолор» меномиданд[10].

Пайвандҳо

Манобеъ

  1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ»
  2. Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ (иборат аз 2 ҷилд). Зери таҳрири Сайфиддин Назарзода (раис), Аҳмадҷон Сангинов, Саид Каримов, Мирзо Ҳасани Султон. – Душанбе: Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, 2008. – 950 саҳ. – ҷ. 2, с. 144.
  3. Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома. — Душанбе: «Адиб», 2008. Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Камол Айнӣ ва Зоҳир Аҳрорӣ. Муҳаррир Мубашшир Акбарзод. ҷ. 2. — 480 саҳ. — ISBN 978-99947-32-84-5. — c. 234
  4. Умед Джайхани: В национальной армии и терминология должна быть максимально национальной
  5. Фарҳанги муъосири форсӣ (якҷилдӣ). Ғуломҳусайн Садрии Афшор, Насрин Ҳакамӣ, Настаран Ҳакамӣ. – Теҳрон: Фарҳанги муъосир, 1381. с. 282. ISBN 978-964-5545-68-8.
  6. Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ (иборат аз 2 ҷилд). Зери таҳрири Сайфиддин Назарзода (раис), Аҳмадҷон Сангинов, Саид Каримов, Мирзо Ҳасани Султон. – Душанбе: Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, 2008. – 950 саҳ. – ҷ. 2, с. 80.
  7. E. Pottier, Douris, London, 1909, p. 105 fig. 20, Plate XXV.b
  8. Расторгуева В. С., Эдельман Д. И.. Этимологический словарь иранских языков. Т.2. b—d. — М.: «Вост. лит.», 2003 г. — 502 с. — стр. 348. ISBN 5-02-018124-2
  9. Арсеньев Ю. В. О геральдических знаменах. СПб, 1911, с. 5-6. Цит. по: Дмитриев С. В. Знаменный комплекс в военно-политической культуре средневековых кочевников Центральной Азии (некоторые вопросы терминологии и морфологии)
  10. Farrokh, Kaveh. Sassanian Elite Cavalry AD 224-642. Oxford: Osprey, 2005. ISBN 1841767131. — с. 6—7