Таҳмина Раҷабова: Тафовут байни таҳрирҳо
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш аз барномаи мобилӣ Android app edit |
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш аз барномаи мобилӣ Android app edit |
||
Сатри 22: | Сатри 22: | ||
== Зиндагинома == |
== Зиндагинома == |
||
Таҳмина Раҷабова 29 июни соли 1982 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Модараш духтур ва падараш иқтисоддон буданд. Аз соли 1989 то синфи сеюм дар мактаби миёнаи ба номи Малика Собирова ва ҳамзамон дар бахши мусиқии (фортепиано) таҳсил мекард. Чун вазифаи хидматӣ падарашро озими Маскав намуд, оилаи онҳо муваққатан ба онҷо рафтанд. Тахмина дар мактабҳои онҷо ду сол ба забони русӣ таҳсил намуд. |
Таҳмина Раҷабова 29 июни соли 1982 дар шаҳри [[Душанбе]] ба дунё омадааст. Модараш духтур ва падараш иқтисоддон буданд. Аз соли 1989 то синфи сеюм дар мактаби миёнаи ба номи [[Малика Собирова]] ва ҳамзамон дар бахши мусиқии ([[фортепиано]]) таҳсил мекард. Чун вазифаи хидматӣ падарашро озими Маскав намуд, оилаи онҳо муваққатан ба онҷо рафтанд. Тахмина дар мактабҳои онҷо ду сол ба забони русӣ таҳсил намуд. |
||
Баъди бозгашти хонаводаашон ба Тоҷикистон, Таҳмина мактаби миёнаро дар шаҳри Душанбе хатм намуда<ref name=":1">Арафамоҳи САЪДУЛЛО. ''Тахмина Раҷабова: Тавоно ҳаргиз дар нахоҳад монд.'' «Чеҳра» Маҷаллаи иттилоотӣ, фарҳангӣ, фароғатӣ ва рекламавӣ. № 10, 2011. С. 12-13.</ref>, ҳуҷҷатҳояшро ба факултети ҳуқуқи филиали Донишкадаи равобити миллӣ ва минтақавии Маскав дар Душанбе (Московский Институт национальных и региональных отношений) супурд. Пас аз хатми курси аввал бино бар сабаби оиладор шудан ӯ ба донишгоҳ нарафт ва ӯро хориҷ карданд<ref>{{Cite news|title=Браво Таҳмина!|author=Рустам Азимов|url=https://tajikistantimes.tj/tajikistan/ta-mina-olibiyatro-dar-ozmuni-yagona-az-da-gona-ba-dast-ovard/|work=Tajikistan times|date=|accessdate=2017-12-06|language=tg}}</ref>. |
Баъди бозгашти хонаводаашон ба Тоҷикистон, Таҳмина мактаби миёнаро дар шаҳри Душанбе хатм намуда<ref name=":1">Арафамоҳи САЪДУЛЛО. ''Тахмина Раҷабова: Тавоно ҳаргиз дар нахоҳад монд.'' «Чеҳра» Маҷаллаи иттилоотӣ, фарҳангӣ, фароғатӣ ва рекламавӣ. № 10, 2011. С. 12-13.</ref>, ҳуҷҷатҳояшро ба факултети ҳуқуқи филиали Донишкадаи равобити миллӣ ва минтақавии [[Маскав]] дар Душанбе (Московский Институт национальных и региональных отношений) супурд. Пас аз хатми курси аввал бино бар сабаби оиладор шудан ӯ ба донишгоҳ нарафт ва ӯро хориҷ карданд<ref>{{Cite news|title=Браво Таҳмина!|author=Рустам Азимов|url=https://tajikistantimes.tj/tajikistan/ta-mina-olibiyatro-dar-ozmuni-yagona-az-da-gona-ba-dast-ovard/|work=Tajikistan times|date=|accessdate=2017-12-06|language=tg}}</ref>. |
||
Ӯ аз нав ба Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистон дохил шуда, соли 2006 онро бо ихтисоси ҳуқуқшинос бо баҳои аъло хатм кард<ref name=":1" />. |
Ӯ аз нав ба [[Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистон]] дохил шуда, соли 2006 онро бо ихтисоси ҳуқуқшинос бо баҳои аъло хатм кард<ref name=":1" />. |
||
== Оила == |
== Оила == |
Нусха 11:32, 2 октябри 2019
| |
Ном ба ҳангоми таваллуд: | Раҷабова Таҳмина Пулодҷоновна |
Таърихи таваллуд: | 29 июн 1982 (41 сол) |
Зодгоҳ: | Душанбе, ҶШС Тоҷикистон |
Шаҳрвандӣ: | Тоҷикистон |
Касб: | ҳуқуқшинос, рӯзноманигор, ҳунарпешаи синамо |
Корнома: | 2006 то ҳол |
IMDb: | ID 7012515 |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Таҳмина Раҷабова (Раҷабова Таҳмина Пулодҷоновна; тав. 29 июни 1982[1], Душанбе, ҶШС Тоҷикистон) — ҳунарпешаи синамо, рӯзноманигор, ровии барномаҳои телевизионӣ. Аълочии матбуоти Тоҷикистон (2013). Аълочии фарҳанги Тоҷикистон (2013). Аълочии кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон (2017).
Зиндагинома
Таҳмина Раҷабова 29 июни соли 1982 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Модараш духтур ва падараш иқтисоддон буданд. Аз соли 1989 то синфи сеюм дар мактаби миёнаи ба номи Малика Собирова ва ҳамзамон дар бахши мусиқии (фортепиано) таҳсил мекард. Чун вазифаи хидматӣ падарашро озими Маскав намуд, оилаи онҳо муваққатан ба онҷо рафтанд. Тахмина дар мактабҳои онҷо ду сол ба забони русӣ таҳсил намуд.
Баъди бозгашти хонаводаашон ба Тоҷикистон, Таҳмина мактаби миёнаро дар шаҳри Душанбе хатм намуда[2], ҳуҷҷатҳояшро ба факултети ҳуқуқи филиали Донишкадаи равобити миллӣ ва минтақавии Маскав дар Душанбе (Московский Институт национальных и региональных отношений) супурд. Пас аз хатми курси аввал бино бар сабаби оиладор шудан ӯ ба донишгоҳ нарафт ва ӯро хориҷ карданд[3].
Ӯ аз нав ба Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистон дохил шуда, соли 2006 онро бо ихтисоси ҳуқуқшинос бо баҳои аъло хатм кард[2].
Оила
Таҳмина Раҷабова бо хости волидайн дар синни 18 солагӣ ба писарамакаш издивоҷ кард, аммо пас аз чанде онҳо ҷудо шуданд. Аз ин издивоҷ як писар — Муҳаммадҷовид ба дунё омад[4]. Баъдан Таҳмина дубора издивоҷ кард ва соҳиби оилаи хушбахт аст[5].
Корнома
Телевизион
Соли 2006 ба телевизиони «Сафина» ба ҳайси ёвари ҳуқуқшинос ба кор омада, пас аз як моҳи кори уро Насиба Ғуломова дида, аз санҷиш гузаронда, ба хотири чеҳраи телевизионӣ доштанаш ва забони русиро олӣ донистан таклиф кард, ки наттоқи барномаи иттилоотӣ ба забони русӣ шавад ва ӯ даъватро пазируфт[4].
Чеҳраи зебои Таҳмина Раҷабоваро аз телевизион коргардонҳои синамо дида ва аз вай даъват кардаанд, ки дар филмҳо нақш иҷро кунад[6].
Синамо
Барои нахустин бор Таҳмина дар синамо дар филми Юнус Юсупов бо номи «Зистан мехоҳам» нақши кӯчаки ёрдамчии муфаттиш ва баъдан дар филми «Умеди охирин»-и Саид Қодирӣ нақши дуюмдараҷаро бозида санҷиши аввалини ҷиддиро дар соҳаи синамо гузашт[7]. Сипас ба киностудияи Тоҷикфилм даъват шуда дар филми коргадон Саидҷон Қодирӣ зери унвони «Убури сангин» нақши асосиро иҷро кард.
Соли 2008 дар Ҷашнвораи синамоии «Дидор» филми «Умеди охирин» соҳиби ҷоиза гардид. Ва нақши бозидаи Таҳмина мавриди таваҷҷуҳи коргардони тоҷиктабори Афғонистон Асад Сикандар қарор гирифт ва ӯро барои нақшофарӣ дар филми муштараке бо ҳамкорони боливудӣ бо номи «Мадраса» (ҳоло «Муҳоҷир») ба Афғонистон барои иҷрои нақши аслӣ даъват кард. Таҳмина дар ин филм нақши модари хонаводаро иҷро кардааст[6].
Соли 2011 филми «Марде дар орзуи зани панҷум»-и коргардони афғон Сиддиқ Обидӣ, ки дар музофоти Фароб ва Балхи афғонистон наворбардорӣ шуд, Таҳмина нақши зани сеюмро бо маҳорати баланди касбӣ иҷро намуда, соҳиби ҷоизаи «Беҳтарин ҳунарпешаи зан» гардид[7].
Фаъолияти башардӯстӣ
Дар соли 2012 намояндагии Федеросиюни Байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Тоҷикистон корзоре якмоҳаро барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеъа ба фаъъолияти башардӯстонаи ин федеросиюн оғоз кард. Таҳмина Раҷабова, дар ин корзор, сафири ҳусни нияти ин моҳ интихоб шуд. Ӯ мегӯяд, ки қаблан низ ба аёдати кӯдакони бесарпараст дар ин хонаи кӯдакон мерафт ва ҳоло бисёре аз кӯдакон ӯро «апаҷон» ном мебаранд[8].
Филмшиносӣ
Таҳмина Раҷабова дар бештар аз 20 филм нақш офаридааст[7]:
Унвону ҷоизаҳо
- «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон»[9]
- «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон»[10]
- «Аълочии кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон»
Ҷоизаҳои синамоӣ
Таҳмина Раҷабова дар Ҷашнвораи байналмилалии филми Ҳиндустон (IFFI) сазовори ҷоизаи «Беҳтарин ҳунарпешаи зан» дар филми «Марде дар орзуи зани панҷум» гардидааст[11][7][12].
Эзоҳ
- ↑ Актриса Раджабова Тахмина. Фотографии, анкета, фильмография.. www.sferakino.ru. 6 Декабри 2017 санҷида шуд.
- ↑ 2.0 2.1 Арафамоҳи САЪДУЛЛО. Тахмина Раҷабова: Тавоно ҳаргиз дар нахоҳад монд. «Чеҳра» Маҷаллаи иттилоотӣ, фарҳангӣ, фароғатӣ ва рекламавӣ. № 10, 2011. С. 12-13.
- ↑ Рустам Азимов. Браво Таҳмина!(тоҷ.), Tajikistan times. Проверено 6 Декабри 2017.
- ↑ 4.0 4.1 Гулноза БОБОМУРОДОВА. Таҳмина Раҷабова: Мехоҳам худро дар киноиндустрияи ҷаҳонӣ бисанҷам. «Бонувони Тоҷикистон». Маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ. № 6, 2009. С. 22-24.
- ↑ #6 Imshab LIVE бо Тахмина Рачабова(тоҷ.). MIX. 26 феврали 2019 санҷида шуд.
- ↑ 6.0 6.1 Барномаи тафреҳии тоҷикӣ, 10 апрел. BBC Tajik/Persian (10 апрели 2009). 6 Декабри 2017 санҷида шуд.
- ↑ 7.0 7.1 7.2 7.3 Разиуддин АТОӢ. Саргузашти Таҳмина Раҷабова: аз Афғонистон то Ҳиндустон. «Элита». Маҷаллаи ҷамъиятӣ-сиёсӣ. Январ-Феврал, 2014. С. 16-23.
- ↑ BBC Тоҷикӣ - Дар бораи мо - Корзори якмоҳа барои ҷалби мардум ба фаъъолиятҳои башардӯстона(тоҷ.). www.bbc.co.uk. 30 май 2018 санҷида шуд.
- ↑ Фармони Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 07.03.2013, № 7-У
- ↑ Фармони Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.08.2013, № 31-У
- ↑ Фарангиси Фармон. Бонуи тоҷик Ҳиндустонро тасхир кард. Фараж. faraj.tj. 6 Декабри 2017 санҷида шуд.
- ↑ Таджикская актриса стала лучшей на International Film Festival | Новости Таджикистана ASIA-Plus. Проверено 29 Январ 2018.
Пайвандҳо
- Таҳмина Раҷабова(англ.) дар вебгоҳи Internet Movie Database
- Our film is a protest against violence: Afghan filmmakers. www.pressreader.com. 29 Январ 2018 санҷида шуд.
- Great scope for expansion between India-Afghanistan relations:Goa Guv. news.webindia123.com. 29 Январ 2018 санҷида шуд.
- Afghan-Indo film “A Man’s Desire for Fifth Wife” to be released soon | Wadsam(англ.). wadsam.com. 29 Январ 2018 санҷида шуд.
- IndianShowBiz.com » A Man’s Desire for a Fifth Wife an Afghan Film to be screened at 44th international film festival at Goa (IFFI(англ.). www.indianshowbiz.com. 29 Январ 2018 санҷида шуд.