Даҳана (деҳа, н. Кӯлоб): Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
Ohangar (баҳс | ҳисса)
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ Advanced mobile edit
Ohangar (баҳс | ҳисса)
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ Advanced mobile edit
Сатри 82: Сатри 82:


== Коргоҳҳо ва хизматрасониҳо ==
== Коргоҳҳо ва хизматрасониҳо ==
Хоҷагиҳои [[деҳқон]]ӣ ва инфиродӣ, Идораи маъмурияти Ҷамоати деҳоти Даҳана, маркази саломатӣ, дорухонаҳо, хонаи фарҳанг<ref>[http://sadoimardum.tj/minta-a-o/asri-far-angi-da-ana-charo-ta-miri-on-kashol-meyobad/]</ref>, литсейи касбӣ — техникии саноати кишоварзӣ<ref>http://www.mehnat.tj/mehnat/?p=2196</ref><ref>http://www.navid.tj/society/?ELEMENT_ID=4370</ref><ref>http://javonon.tj/news/sport/musobi-ai-um-uriyav-miyeni-litsey-oi-kasb/</ref>, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 16, 34<ref>http://www.president.tj/node/13288</ref><ref>[http://www.president.tj/ru/node/13299]</ref><ref>[http://www.president.tj/node/13289]</ref>, 44, боғчаи кӯдакон, филиалҳои [[Амонатбонк]], [[Агроинвестбонк]], бозори фурӯши молҳои ниёзи мардум, бозори фурӯши [[ҳайвон]]от, мағозаҳо, [[ошхона]]ҳо, осёбҳои обӣ ва барқӣ, нуқтаҳои фурӯши сузишворӣ, коргоҳҳои хурди [[нон]]пазӣ, [[хишт]]барорӣ, коркарди [[чӯб]], кафшергарӣ, таъмири техникӣ, масҷиди ҷомеъ ва ғ.
Хоҷагиҳои деҳқонӣ ва инфиродӣ, Идораи маъмурияти Ҷамоати деҳоти Даҳана, маркази саломатӣ, дорухонаҳо, хонаи фарҳанг<ref>[http://sadoimardum.tj/minta-a-o/asri-far-angi-da-ana-charo-ta-miri-on-kashol-meyobad/]</ref>, литсейи касбӣ — техникии саноати кишоварзӣ<ref>http://www.mehnat.tj/mehnat/?p=2196</ref><ref>http://www.navid.tj/society/?ELEMENT_ID=4370</ref><ref>http://javonon.tj/news/sport/musobi-ai-um-uriyav-miyeni-litsey-oi-kasb/</ref>, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 16, 34<ref>http://www.president.tj/node/13288</ref><ref>[http://www.president.tj/ru/node/13299]</ref><ref>[http://www.president.tj/node/13289]</ref>, 44, боғчаи кӯдакон, филиалҳои [[Амонатбонк]], [[Агроинвестбонк]], бозори фурӯши молҳои ниёзи мардум, бозори фурӯши ҳайвонот, мағозаҳо, ошхонаҳо, осёбҳои обӣ ва барқӣ, нуқтаҳои фурӯши сузишворӣ, коргоҳҳои хурди нонпазӣ, хиштбарорӣ, коркарди чӯб, кафшергарӣ, таъмири техникӣ, масҷиди ҷомеъ ва ғ.


== Варзиш ==
== Варзиш ==

Нусха 21:31, 11 ноябри 2019

Деҳа
Даҳана
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Хатлон
Ноҳия Кӯлоб
Раиси маҳалла Меҳридин Сироҷов
Таърих ва ҷуғрофиё
Деҳа аз 1954
Аҳолӣ
Аҳолӣ 1419 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Номи қавмӣ даҳанагӣ, даҳанагиҳо
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3322
Нишонаи почта 735140

Даҳана — деҳа дар Ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Кӯлоб. Аз Даҳана то маркази ноҳия, ш. Кӯлоб 18 км роҳ мавҷуд мебошад. Аҳолиаш 1419 нафар (с. 2017), тоҷикон.

Ҷойгоҳ

Деҳаи Даҳана дар соҳили сойи Даҳана, 221 км ҷанубу шарқтар аз ш.Душанбе, дар доманаи қаторкӯҳҳои Ҳазрати Шоҳ ҷой дорад ва маркази маъмурии Ҷамоати деҳоти Даҳанаи ш. Кӯлоб, дар вилояти Хатлон, Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар шимол бо деҳаҳои Мирапоқ, Хӯҷаи Нур, дар ғарб бо деҳаҳои Дамариқ, Сарёзии боло, дар ҷануб бо деҳаи Ҷерқала, дар шарқ бо деҳаҳои Камар ва Пистамазор ҳамсоя мебошад.[1]

Нақлиёт

Аз Даҳана то ш. Кӯлоб 18 км, то ш. Қурғонтеппа 172 км[2] ва то шаҳри Душанбе 221 км роҳ мавҷуд аст.

Бахшбандӣ

Деҳаи Даҳана аз Даҳанаи боло ва Даҳанаи поён иборат буда, деҳаҳои Гулрез, Чинор, Даҳана ва Ёхсучиёнро дар бар мегирад. Сарвари деҳаи Даҳана, Раиси ҷамоати деҳоти Даҳана мебошад, ки ӯро Ҷамоат бо пешниҳоди Раиси шаҳри Кӯлоб, ба муҳлати 5 сол интихоб менамояд. Ҳоло сарварии Даҳанаро Раиси Ҷамоати деҳоти Даҳана Сироҷов Меҳридин Давлатхуҷаевич ва Раисони маҳаллаҳои Даҳана, Гулрез, Ёхсучиён ва Чинор ба ӯҳда доранд.[3][4]

Номи мавзеъ

Даҳана — аз калимаҳои форсии «دهنه» ва тоҷикии «Даҳана» гирифта шуда, ин ҷо ба маънои «даҳанаи кӯҳ» омадааст. Вобаста ба мавқеъи ҷуғрофиаш, ки дар доманаи қаторкӯҳҳои Ҳазрати Шоҳ ҷой гирифтааст, ба ин деҳа чунин номгузорӣ кардаанд.

Иқлим

Иқлими деҳаи Даҳана хушкӣ (континенталӣ) буда, гармии миёнаи ҳаво дар фасли тобистон аз +25°С то +27°С ва дар зимистон хунукии ҳаво аз −10°С то −15°С мерасад. Бо сабаби дар даҳонаи кӯҳ ҷой доштан, ин ҷо шамол бештар мевазад. Дар зимистон сойи Даҳана ях баста, то андозае ҳавзаи обаш кам мегардад ва дар тобистон хушк мешавад. Баъзан солҳо, бо сабаби боронҳои зиёд дар кӯҳсорон, маҷрои сойи Даҳана сел шуда, ҳатто аз рӯдхонаи Даҳана гузашта ба деҳа равон шуда, ба хоҷагиҳо хисорот мерасонад.[5]

Табиат

Табиати Даҳана дилрабост. Кӯҳҳои сабзу хуррам, ки қад — қади сойи Даҳана воқеъ гаштаанд, бо гулу гиёҳҳои шифобахш ва шамоли форамаш накҳати тоза дорад. Дар кӯҳсори Даҳана; гулҳои наврӯзӣ, лолаи даштӣ, сияҳгӯш, гиёҳҳои шифобахш; чукрӣ, торон, чоқла, субинак, ҷамбилак, шунук, рошак, дарахтони; писта, дӯлона, туғ мерӯянд. Дар баландкӯҳҳо; рӯбоҳ, гурбаи ваҳшӣ, ҷайра, мор ва кабк мавҷуд аст, ки аз сабаби шикори зиёд шумораашон кам шудаанд. Дар ҳамвориҳо бештар пахта, ғалла, помидор, ҷуворимакка, ангур, хурмо, тут ин чунин тамоми зироатҳо ва меваҳое, ки дар Тоҷикистон мерӯянд ин ҷо кишт ва парвариш карда мешаванд. Заминҳо аз сойи Даҳана ва дарёи Яхсу обёрӣ мешаванд. Даҳана бо таъмини маҳсулотҳои хӯроквории соҳаи кишоварзӣ дар минтақаи Кӯлоб, яке аз фаолон ба ҳисоб меравад.

Таърих

Деҳаи Даҳана ба минтақаи Кӯлоби бостонӣ дохил мешавад. Доир ба ҷуғрофия, таърих, маданияти халқҳои бумӣ, урфу одати онҳо ва мавзеъҳои таърихии ин сарзамин дар асарҳои бостоншиносон ва таърихнигорон Маева Н. А., Матвеева, Покатило Н. Н., Семёнов А. А., Баринский А. А., Варично М. А., Юсуфшо Ёқубов ва О. Нуриддинов омадааст. Сокинони деҳаи Даҳана аз кӯҳистони деҳа ашёҳои сафолиро пайдо карда будаанд, аммо барои омӯзиш ба бостоншиносон пешниҳод накардаанд. Ин ҷо ҳанӯз ҳам тадқиқотҳои аниқи бостоншиносӣ гузаронида нашудааст, бинобар ҳамин таърихи гузаштаи деҳаи Даҳана номаълум мондааст. Дар асри XIX, деҳаи Даҳана дашти қамишзор ва санглох буд. Бо қарори Ҳукумати Шӯравӣ одамонро аз маҳаллаҳои Дашти Ҷум, Балҷувон ва Ховалинг ба Даҳана мекӯчонанд, колхози ба номи Сафар Амиршоев ташкил шуда, оҳиста — оҳиста деҳаи Даҳана обод шуд.

«Дар бораи таъғиротҳо дар сохти маъмурӣ — территориявии РСС Тоҷикистон. Указ аз 04.01.1963 с. (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, № 2). Бо мақсади боз ҳам такмил додани роҳбарӣ ба хоҷагии халқ, беҳтар намудани хизматрасонӣ ба аҳолии шаҳр ва қишлоқ, мувофиқи қарори Пленуми ноябрии соли 1962 КМ КПСС Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон қарор мекунад: Аз ҳайати райони Восеъ, Совети қишлоқи Даҳана ба тобеи Совети депутатҳои меҳнаткашони шаҳри Кӯлоб дохил карда шавад. Дар бораи даровардани баъзе тағирот ба тақсимоти маъмурӣ — территориявии РСС Тоҷикистон. Указ аз 06.01.1965, (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, № 2) Дар ҳайати РСС Тоҷикистон райони Кӯлоб ташкил карда шуда, ба ҳайати он Совети қишлоқи Даҳана дохил карда шавад ва Совети қишлоқи Даҳана аз тобеияти райони Восеъ бароварда шавад. Дар бораи барҳам додани баъзе Советҳои қишлоқии вилояти Кӯлоб, РСС Тоҷикистон. Укази аз 28.07.1954 (Протоколи № 44, § 45) Совети қишлоқи Зиракӣ барҳам дода шавад ва территорияи он ба Совети қишлоқи Даҳана дохил карда шавад.»

[6] [7]

Санаҳои таърихӣ

  • 28.07.1954 — Дар вилояти Кӯлоб, ҳудуди Совети қишлоқи Зиракӣ ба Совети қишлоқи Даҳана дохил карда шуд.
  • 04.01.1963 — Совети қишлоқи Даҳанаи ноҳияи Восеъ, тобеи Совети депутатҳои меҳнаткашони ш. Кӯлоб дохил карда шуд.
  • 06.01.1965 — Совети қишлоқи Даҳана, аз тобеияти ноҳияи Восеъ бароварда шуда ба тобеияти шаҳри Кӯлоб дода шуд.

Мардум

Мардуми деҳаи Даҳана ба яке аз гӯишҳои забони тоҷикӣ, шеваи ҷанубӣ сухан мегӯянд. Дар соли 2017 деҳаи Даҳана 1419 нафар аҳолӣ дошт ва зичии аҳолиаш _ кас дар 1 км² буд. Ин ҷо асосан тоҷикон зиндагӣ мекунанд, ки шуғли асосиашон кишоварзӣ, чорводорӣ ва савдогарӣ мебошад. Деҳаи Даҳана зодгоҳи овозхон Ҳусниддини Наҷмиддин, ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Рустам Дулоев буда, ходими намоёни ҷамъиятӣ, ҳуқуқшинос Ҷиёнхон Ризоев[8] низ то охири умр ин ҷо зиндагӣ карда буданд.

Коргоҳҳо ва хизматрасониҳо

Хоҷагиҳои деҳқонӣ ва инфиродӣ, Идораи маъмурияти Ҷамоати деҳоти Даҳана, маркази саломатӣ, дорухонаҳо, хонаи фарҳанг[9], литсейи касбӣ — техникии саноати кишоварзӣ[10][11][12], муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 16, 34[13][14][15], 44, боғчаи кӯдакон, филиалҳои Амонатбонк, Агроинвестбонк, бозори фурӯши молҳои ниёзи мардум, бозори фурӯши ҳайвонот, мағозаҳо, ошхонаҳо, осёбҳои обӣ ва барқӣ, нуқтаҳои фурӯши сузишворӣ, коргоҳҳои хурди нонпазӣ, хиштбарорӣ, коркарди чӯб, кафшергарӣ, таъмири техникӣ, масҷиди ҷомеъ ва ғ.

Варзиш

Ин ҷо бештар волейбол ва гӯштини миллӣ маъмул аст[16]. Футбол ва дигар навъҳои варзиш ҳам ҳаводорони зиёд доранд.

Ёдгориҳо

Ҳайкалҳои Қаҳрамони ИҶШС, Сафар Амиршоев ва ходими сиёсии Шӯравӣ В. И. Ленин дар саҳни идораи Ҷамоати деҳоти Даҳана қомат афрохтаанд.

Вазъи демографӣ

Мувофиқи баруйхатгирии аҳолӣ, дар соли 2010 деҳаи Даҳана 1493 нафар аҳолӣ дошт. Дар рустоҳои деҳаи Даҳана; Олтовул, Чинор, Ёхсучиён ва Даҳана, ҳамагӣ — 7347 нафар аҳолӣ истиқомат мекарданд. Дар соли 1987 бошад ин нишондод ба 851 нафар баробар буд.

Алоқаи мобилӣ

Дар ин деҳа ширкатҳои мобилии зерин дастгоҳҳои мавҷпахшкунандаи худро доранд, ки мавҷашон фаоланд:

Эзоҳ

Адабиёт

  • Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2
  • Энсиклопедия — Кӯлоб. — Душанбе, 2006, — с.170.
  • Энциклопедияи советии тоҷик. Ҷ. 1./Даҳана. — Душанбе,1980. – С. 245
  • Фарҳанги тафсири забони тоҷикӣ./Зери таҳрири С.Назарзода, А.Сангинов. Ҷ. 1./Даҳана. — Душанбе,2008.
  • Таджикская ССР. Административное деление./к/с Дахана — Душанбе,1978.– С. 191—192.
  • Энциклопедияи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон. Ҷ. 1./Даҳана. — Душанбе,1989. – С. 259
  • Фарҳанги забони тоҷикӣ.(иборат аз 2 ҷилд). Ҷ. 1, (А–О)./Дар зери таҳрири М.Ш.Шукуров, В.А.Капранов, Р.Ҳошим, Н.А. Маъсумӣ./Даҳана. – М., 1969.
  • Окладников А. П. Исследования памятников каменного века Таджикистана. Труды Таджикской археологической экспедиции. Т. 3. — М.-Л., 1958.
  • Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон/Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик./Сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ. — Душанбе:Эр—граф,2013. – 332с.

Пайвандҳо