Физиология: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
хNo edit summary
х ба саҳифаи саломатӣ гузаронида шуд
Сатри 42: Сатри 42:
илмии ин фан пешбинии вазъи фаъолият, қобилияти корӣ
илмии ин фан пешбинии вазъи фаъолият, қобилияти корӣ
ва саломатии инсон мебошад.
ва саломатии инсон мебошад.

Саломатӣ — солимии табиӣ, маънавӣ ва иҷтимоии
инсон мебошад. Саломатӣ ба инсон имконият медиҳад, ки
муддати дароз ва фаъолона дар шароитҳои гуногунӣ
муҳит кор ва фаъолият намуда, ба шароитҳои номусоиди
он тоб оварда муқовимат кунад то ин, ки суботкории
хешро нигоҳ дорад. Дараҷаи саломатиро фаъолияти
эътимодноки силсилаҳои алоҳида, алоқа бо муҳити атроф,
қобилияти корӣ, имконияти васеи мутобиқшавӣ,
захираҳои ҷавоб доданро ба таъсиротҳои гуногун муайян
мекунад. Ҳангоми аз ҳадд берун амал кардани қувваҳои
муҳовизаткунанда ва нигоҳдоранда ҳолате ба вуқуъ
мепайвандад, ки онро ҳолати муқобили беморӣ меноманд,
ки вай боиси инкишофи беморӣ мегардад.

Давраҳои синусолӣ он давраҳое мебошанд, ки барои
интиҳои марҳалаи муайяни инкишофи инсон заруранд. Ба
ҳар як давра хусусиятҳои сохторӣ, вазифавӣ, равонӣ,
дараҷаи мутобиқшавӣ ва инчунин хосиятҳои ҷараёни
беморӣ хос аст.

Давраи батнӣ аз лаҳзаи обистании тухмҳуҷайра то
таваллуд (9 моҳ)-ро дарбар мегирад ва аз марҳалаи рушди
ҷанин (8 ҳафта) ва марҳалаи рушди машима иборат
мебошад.
Дар марҳалаи охир силсилаи ҳамил — машима-
модар шакл гирифта амал мекунад. Ба кори муътадили ин
силсила ҷараёнҳои давраҳои пеш ва баъд аз таваллуд
вобастагӣ дорад.

Дар давраи пешазтаваллуд рушди
босуръати он сохторҳое сурат мегирад, ки дар лаҳзаи
таваллуд зиндагии тифлро дар шароити берунибатнӣ
таъмин карда тавонад.


== Пайвандҳо ==
== Пайвандҳо ==

Нусха 21:11, 10 Декабри 2019

Физиология- илмест, ки вазифаҳои ҳамаи узвҳои организмҳоро дар яклухти ва алоҳидаги меомӯзад. Физиология аз ҷумлаи илмҳои биологӣ ва тиббӣ буда, фаъолияти ҳаётии узв, бофта ва ҳуҷайраҳои баданро дар зиндагӣ меомӯзад. Вай сабабҳо, роҳҳо ва қонунҳои раванди фаъолияти бадан ва амалиёти муттақобилаи онро бо муҳити атроф низ меомӯзад.

Калимаи физиология аз забони юнонӣ гирифта шуда, «Physic» табиат ва «Logos» таълимотро мефаҳмонад. Маънои луғавии ин калима хулосаи умумиест, ки бо таърифи илмии фанни физиология айният надорад. Агар ба ибораи дигар гӯем, физиология фаннест, ки ҷараёнҳои ҳаётии дар организми том, узв, бофта ва ҳуҷайраҳо рӯйдиҳанда, алоқаи зичу байниҳамдигарии онҳо ва робитаашонро бо муҳити атроф ҳамаҷониба меомӯзад. Физиология илми таҷрибавӣ мебошад.

Ҳамаи ахбору маълумотҳои он дар натиҷаи гузаронидани таҷрибаҳо дар ҳайвонҳо, ки просессҳои муҳими ҳаётии организми одам ва ҳайвонҳоро мефаҳмонанд, ба даст оварда шудааст.

Физиологияи нормалӣ қонуниятҳои фаъолияти ҳаётии организми солим, механизмҳои ба таъсири омилҳои гуногун мутобиқшавии он ва ниҳоят устувории организмро меомӯзад.

Ҳангоми мӯътадил будани муносибатҳои дуҷонибаи организм бо муҳити атроф фаъолияти мӯътадили тамоми узвҳои организм ба амал меояд.

Физиологияи нормалӣ ба таври умум асоси тамоми фанҳои тиббӣ ба шумор меравад, зеро бе донистани ҷароёни мӯътадили равандҳои физиологӣ пизишк беморро муолиҷа карда наметавонад.

Физиологияи нормалӣ таълими хотимавӣ дар қисмати таълимӣ то клиникии биологию тиббии донишҷуён биохимия, анатомия, гистология, аз тарафи дигар бо физиологияи патологӣ, фармокология, ва фанҳои препедевтикии клиникӣ алоқаманд аст. Ин фан дар асоси муносибати таҳлилию синтетикӣ бо баҳодиҳии функсияҳои гуногуни организми солим аз нуқтаи назари механизмҳо ва танзими онҳо таълим дода мешавад. Асоси илмии ин фан пешбинии вазъи фаъолият, қобилияти корӣ ва саломатии инсон мебошад.

Пайвандҳо

Эзоҳ

Пайвандҳо