ЮНЕСКО: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
No edit summary
х Вироиши 92.10.222.64 (Баҳс) вогардонида шуд ба охирин тағйире, ки Шухрат Саъдиев анҷом дода буд
Барчасб: вогардонӣ
Сатри 22: Сатри 22:
# Котибот мақомоти иҷрокунандаи ташкилот ба ҳисоб меравад. Бо роҳбарии Дабири Кулл, ки ба мўҳлати 6-сол интихоб мешавад, котибот баҳри татбиқи барномаҳое, ки аз тарафи давлатҳои аъзо қабул карда шудааст машғул мебошад. Даҳумин Дабири Кулли ЮНЕСКО дар таърихи Созмон ин Ирина Бокова мебошад, ки моҳи октябри соли 2009 ба ин вазифа интихоб карда шуд.<ref>[http://www.unesco.tj/tg/index/index/pageId/126/ Таърихи ЮНЕСКО]</ref>
# Котибот мақомоти иҷрокунандаи ташкилот ба ҳисоб меравад. Бо роҳбарии Дабири Кулл, ки ба мўҳлати 6-сол интихоб мешавад, котибот баҳри татбиқи барномаҳое, ки аз тарафи давлатҳои аъзо қабул карда шудааст машғул мебошад. Даҳумин Дабири Кулли ЮНЕСКО дар таърихи Созмон ин Ирина Бокова мебошад, ки моҳи октябри соли 2009 ба ин вазифа интихоб карда шуд.<ref>[http://www.unesco.tj/tg/index/index/pageId/126/ Таърихи ЮНЕСКО]</ref>
== ЮНЕСКО дар Тоҷикистон ==
== ЮНЕСКО дар Тоҷикистон ==
# Ҷумҳурии Тоҷикистон [[6 апрел]]и соли [[1993]] ба узвияти созмони мазкур пазируфта шуда, худи ҳамон сол '''Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО''' дар Вазорати корҳои хориҷӣ таъсис дода шуд.
# Ҷумҳурии Тоҷикистон [[6 апрел]]и [[соли 1993]] ба узвияти созмони мазкур пазируфта шуда, худи ҳамон сол '''Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО''' дар Вазорати корҳои хориҷӣ таъсис дода шуд.
#
#
# Яке аз воқеаҳои муҳим дар таърихи муносибатҳои дуҷониба, ин ташриф овардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон [[Эмомалӣ Раҳмон]] ба қароргоҳи ЮНЕСКО дар [[Порис]], дар давраи баргузоршавии 33-юмин Конфронси Генералии ЮНЕСКО [[10 октябр]]и [[соли 2005]] мебошад, ки дар ҷараёни он Рӯзи фарҳанги Тоҷикистон дар ЮНЕСКО бо иштироки васеи намояндагони санъати тоҷик баргузор гардид.
# Яке аз воқеаҳои муҳим дар таърихи муносибатҳои дуҷониба, ин ташриф овардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон [[Эмомалӣ Раҳмон]] ба қароргоҳи ЮНЕСКО дар [[Порис]], дар давраи баргузоршавии 33-юмин Конфронси Генералии ЮНЕСКО [[10 октябр]]и [[соли 2005]] мебошад, ки дар ҷараёни он Рӯзи фарҳанги Тоҷикистон дар ЮНЕСКО бо иштироки васеи намояндагони санъати тоҷик баргузор гардид.

Нусха 16:15, 19 Январ 2020

Парчами UNESCO
шаҳри Порис Франсия

ЮНЕСКО (UNESCO — The United Nations Educational, Scientific and Cultural Organization) — Созмони Миллали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг — баъд аз ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ташкил шуда, барои «мустаҳкамии пояи сулҳ» дар тафаккури инсон амал мекунад.

Таърих

Низомномаи ЮНЕСКО 16 ноябри соли 1945 дар Конфронси Лондон қабул карда шудааст. Он фаъолияти худро баъд аз ба нигоҳдорӣ супоридани санадҳо аз тарафи 20 давлат, ноябри соли 1946 оғоз намуд. Дар айни замон аъзоҳои ин ташкилот аз 193 давлат иборат аст. ЮНЕСКО - ташкилотест, ки дар низомаи Созмони Миллали Муттаҳид дарҷ гардида, барои кори сулҳ ва паст кардани ҳолатҳои муноқишавӣ ҳамкориро байни халқҳо бо воситаи илм, маориф ва фарҳанг пеш мебарад. Сардафтари ЮНЕСКО аз 5 ноябри соли 1958 дар шаҳри Порис (Франсия) ҷойгир шудааст. Дар ӯҳдаи он 67 бюро ва зерсохтор, ки дар бисёр қисми ҷаҳони ҷойгир шудааст, вуҷуд дорад. Бо мақсади ҷорӣ намудани ҳадафи худ ЮНЕСКО 5 вазифаи асосиро иҷро менамояд, аз ҷумла:

  • озмоишгоҳи ақидаҳо
  • коркарди меъёрҳои байналмиллалӣ
  • манбаи ахборотӣ
  • баланд бардоштани иқтидори кадрии давлатҳои аъзо
  • ҳамоҳангсозии ҳамкориҳои байналмиллалӣ

Ҳайати ЮНЕСКО аз се қисм иборат аст:

  1. Конференсияи Генералии давлатҳои аъзо, ки мақомоти олии идоракунандаи ЮНЕСКО ба ҳисоб меравад ва одатан дар ду сол як маротиба ҷамъ мешаванд. Мувофиқи қоидаи Конференсияи Генералӣ ҳар як давлатҳои аъзо соҳиби як овоз мебошанд, барнома ва буҷаи ташкилотро Конференсияи Генералӣ тасдиқ менамояд.
  2. Шӯрои иҷрокунанда дар ҳайати худ 58 намояндаи давлатҳои аъзоро дорад, ки ҷаласаи онҳо дар як сол ду маротиба баргузор мегардад. Он ба сифати мақомоти маъмурӣ баромад карда ҷиҳати тайёрии кори Конфронсияи Генералӣ фаъолият менамояд.
  3. Котибот мақомоти иҷрокунандаи ташкилот ба ҳисоб меравад. Бо роҳбарии Дабири Кулл, ки ба мўҳлати 6-сол интихоб мешавад, котибот баҳри татбиқи барномаҳое, ки аз тарафи давлатҳои аъзо қабул карда шудааст машғул мебошад. Даҳумин Дабири Кулли ЮНЕСКО дар таърихи Созмон ин Ирина Бокова мебошад, ки моҳи октябри соли 2009 ба ин вазифа интихоб карда шуд.[1]

ЮНЕСКО дар Тоҷикистон

  1. Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 апрели соли 1993 ба узвияти созмони мазкур пазируфта шуда, худи ҳамон сол Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО дар Вазорати корҳои хориҷӣ таъсис дода шуд.
  2. Яке аз воқеаҳои муҳим дар таърихи муносибатҳои дуҷониба, ин ташриф овардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба қароргоҳи ЮНЕСКО дар Порис, дар давраи баргузоршавии 33-юмин Конфронси Генералии ЮНЕСКО 10 октябри соли 2005 мебошад, ки дар ҷараёни он Рӯзи фарҳанги Тоҷикистон дар ЮНЕСКО бо иштироки васеи намояндагони санъати тоҷик баргузор гардид.
  3. Дар ҷараёни кори Ҷаласаи 34-уми Конфронси Генералии ЮНЕСКО, ки октябри соли 2007 дар шаҳри Порис баргузор гардид, дар натиҷаи овоздиҳии пинҳонӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин маротиба узви Кумитаи байниҳукуматии ЮНЕСКО оид ба иттилоот ва коммуникатсия интихоб гардид.
  4. Натиҷаи мусбии ҳамкориҳои мутақобила дохил кардани 1150-солагии Абуабдулло Рудакӣ ба Феҳристи ҷашнвораҳои ЮНЕСКО мебошад. Пешниҳоди дигари Тоҷикистон дар хусуси ҷашнгирии 100-солагии зодрӯзи Мирзо Турсунзода моҳи марти соли 2009 аз ҷониби Котиботи Созмон мусбӣ пазируфта шуд.
  5. Пешрафт дар ҳамкорӣ дар соҳаи илм тавассути бунёди Кумита оид ба биоэтика дар назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст омад. Биоэтика яке аз самтҳои афзалиятноке мебошад, ки аз ҷониби ЮНЕСКО дар тамоми ҷаҳон дастгирӣ меёбад.
  6. 17 сентябри соли 2008 дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Порис маросими супоридани унвони фахрии ҳунарманди сулҳи ЮНЕСКО ба шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Амриддин Аминов баргузор гардид.

Дар шахсияти ҳайкалтароши шинохтаи ҷаҳонӣ А.Аминов дар минтақаи Осиёи Марказӣ нахустин ва ягона кишварест, ки намояндаи он сазовори чунин унвони баланди байналхалқӣ гардид.

  1. Мусиқии классикии “Шашмақом11 ноябри соли 2003 шоҳкории мероси шифоҳӣ ва ғайримоддии инсоният эътироф гардид. Дар Тоҷикистон 12 май ҳамчун Рӯзи Шашмақом ҷашн гирифта мешавад.
  2. Пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе бо ҷоизаи ЮНЕСКО “Шаҳри сулҳ” барои солҳои 2002-2003 сарфароз гардид.
  3. Дар доираи барномаи ЮНЕСКО оид ба муколамаи байнифарҳангӣ дар Осиёи Марказӣ моҳи июни соли 2003 дар Душанбе Конфронси байналмиллалии ЮНЕСКО “Нақши зан дар муколамаи байнифарҳангӣ дар Осиёи Марказӣ” баргузор гардид.
  4. Ифтитоҳи кафедраи ЮНЕСКО “Муколамаи байнифарҳангӣ дар ҷаҳони муосир” дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистон ва Россия ва Маркази фарҳангии иттилоотӣ-маърифатии назди Консерваторияи миллии Тоҷикистон идомаи конфронси мазкур гардид.
  5. Дар рафти кори Ҷаласаи 34-уми Кумитаи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО 31 июли соли 2010 аввалин ёдгории таърихии Тоҷикистон “Саразм” бо қарори ЮНЕСКО ба Рӯйхати муҷассамаҳои Мероси фарҳангии умумиҷаҳонӣ ворид карда шуд.
  6. Дар доираи барномаи ташкилот оид ба нигоҳдории мероси фарҳангӣ, таърихӣ, археологӣ ва табиии инсоният, ҷиҳати дохил намудан ба рӯйхати меросии умумиҷаҳонӣ, аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 ёдгории арзишманд пешниҳод гардиданд, миёни онҳо воҳидҳои зерин мебошанд:
  1. Конвенсия байналхалқӣ “Оид ба мероси ғайримоддии фарҳангӣ” 16 июни соли 2010 аз ҷониби Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ратификатсия карда шуд.
  2. Дигар воқеаи муҳими муносибатҳои дуҷониба ин ташрифи Дабири кулли ЮНЕСКО хонум Ирина Бокова ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 20-22 августи соли 2013 ҷиҳати иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об, ки 20-21 августи соли 2013 дар ш. Душанбе баргузор гардид, ба шумор меравад. Дар рафти сафари худ хонум Бокова Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо медали ҷашнии “60-солагии ЮНЕСКО” мукофотонид.
  3. Дар ҷараёни ташрифи худ ба Тоҷикистон Мудири кул аз Боғи миллии Тоҷикистон (кӯҳҳои Помир), шаҳри Ҳисор ва бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуда, ба кушодашавии “Гӯшаи ЮНЕСКО” ҳусни ифтитоҳ бахшид.
  4. Дар доираи Барномаи иштирок барои солҳои 2012-2013 чор лоиҳа дар ҳаҷми ҳаҷми 63.341 (шасту се ҳазору сесаду чилу як) доллари ИМА дастгирӣ ва маблағгузорӣ шудаанд.
  5. Яке аз муҳимтарин чорабиниҳо ин ҷаласаи 37-уми Конфронси Генералии ЮНЕСКО мебошад. Ин навбат ҷаласа аз 5 то 20 ноябри соли 2013 дар қароргоҳи ЮНЕСКО шаҳри Порис барпо гардид, ки дар кори он дар баробари дигар давлатҳо намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ширкат варзиданд.
  6. Дар натиҷа бо қарори 37-м Конфронси Генералии ЮНЕСКО 5 номинатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рӯйхати ҷашнвораҳои шахсони маъруф ва санаҳои таърихие, ки бо ЮНЕСКО солҳои 2014 2015 ҷашн гирифта мешаванд, дохил гардиданд:

Манобеъ

  1. Таърихи ЮНЕСКО
  2. Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО

Пайвандҳои беруна

Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад: