Акобир Адҳамов: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
х мукофот ҶОИЗА нест, replaced: |мукофоту ҷоизаҳо → |ҷоизаҳо using AWB
No edit summary
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
Сатри 25: Сатри 25:
|викианбор
|викианбор
}}
}}
'''Акобир Адҳамов''' ([[4 сентябр]]и [[1928]], [[Самарқанд]] — [[12 ноябр]]и [[1993]], [[Душанбе]]) — физикдон, узви вобастаи акададемики [[Академияи илмҳои Тоҷикистон]] (1957), академики [[Академияи илмҳои Тоҷикистон]] ([[1968]]), [[доктори илм]]ҳои физика ва математика ([[1964]]), [[профессор]] ([[1966]]).<ref>Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳайати шахсӣ. — Душанбе: Дониш, 2011. — 216 с.</ref>
'''Акобир Адҳамов''' ([[4 сентябр]]и [[1928]], [[Самарқанд]] — [[12 ноябр]]и [[1993]], [[Душанбе]]) — физикдон, узви вобастаи [[Академияи илмҳои Тоҷикистон]] (1957), академики [[Академияи илмҳои Тоҷикистон]] ([[1968]]), [[доктори илм]]ҳои физика ва математика ([[1964]]), [[профессор]] ([[1966]]).<ref>Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳайати шахсӣ. — Душанбе: Дониш, 2011. — 216 с.</ref>


== Зиндагинома ==
== Зиндагинома ==

Нусха 13:29, 26 Январ 2020

Акобир Адҳамов
Акобир Аҳтамович Адҳамов
Таърихи таваллуд 4 сентябр 1928(1928-09-04)
Зодгоҳ Самарқанд, Ӯзбекистон, СССР
Таърихи даргузашт 12 ноябр 1993(1993-11-12) (65 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар  Тоҷикистон Тоҷикистон
Фазои илмӣ физика
Ҷойҳои кор Академияи илмҳои Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои физика ва математика
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Универститети Давлатии Ӯзбекистон (ҳоло – Донишгохи Давлатии Самарқанд ба номи А. Навои)
Ҷоизаҳо Ордени Нишони Фахрӣ, Медалҳои «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В.И.Ленин», «Ветерани меҳнат» ва диг., «Нишони Фахрӣ»-и Академияи илмҳои Тоҷикистон, Ифтихорномаҳои давлатӣ ва соҳавӣ

Акобир Адҳамов (4 сентябри 1928, Самарқанд — 12 ноябри 1993, Душанбе) — физикдон, узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон (1957), академики Академияи илмҳои Тоҷикистон (1968), доктори илмҳои физика ва математика (1964), профессор (1966).[1]

Зиндагинома

Акобир Адҳамов 4 сентябри соли 1928 дар гузари Қӯшҳавзи ш. Самарқанд ба дунё омадааст. Факултети физика ва математикаи Универститети Давлатии Ӯзбекистон (ҳоло — Донишгохи Давлатии Самарқанд ба номи А. Навои)ро (1949) хатм кардааст. Аспирантураи Университети давлатии Москваро хатм намудааст (1953). Муаллими калон, мудири каф. физикаи умумӣ ва назарӣ, декани факултети физика ва математикаи )УДТ ба номи В. И. Ленин, ноиби ректор оид ба корҳои илмӣ Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1954—1965), директори Институти физикаи ба номи С. У. Умаров, саркотиби илмии Президиуми Академияи илмҳои Тоҷикистон (1965—1968), академик — котиби шӯъбаи илмҳои физика ва риёзи, геология ва кимиёи Академияи илмҳои Тоҷикистон (1976—1984).

Акобир Адҳамов инчунин, Узви Шӯрои илмӣ доир ба проблемаҳои ултрасадои Академияи Илмҳои СССР ва узви Шӯрои илмӣ оид ба физикаи моеъоти назди Вазорати мактабҳои олӣ ва миёнаи махсуси СССР, раиси Шӯрои илмӣ доир ба проблемаҳои амалии Академияи илмҳои Тоҷикистон , ҷонишини раиси Шӯрои илмии )УДТ ба номи В. И. Ленин, доир ба додани унвони илмӣ (соҳаи физика ва математика), узви ҳайати асосии таҳририяи Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи советии тоҷик буд.

Фаъолияти илмӣ

Дар соҳаи физикаи назарӣ рисолаи номзадӣ (1954) ва рисолаи докторӣ (1964) дифоъ кардааст. Таҳти роҳбарии ӯ дар Институти физикаи ба номи С. У. Умаров Академияи илмҳои Тоҷикистон бахши физикаи назарӣ ва силсилаи Лабораторяи ултрасадо, таҳлили рентгеноструктурӣ, таҳлили активатсионӣ, электроникаи квантӣ, криогенӣ ташкил гардид. Тадқиқоти ӯ ба акустикаи молекулавӣ ва назарияи кинетикии паҳншавии мавҷҳои ултрасадо оиданд. Бори нахуст назарияи кинетикии паҳншавӣ ва фурӯбарии ултрасадоро дар моеъот, назарияи кинетикии эластикӣ ва ғилзату моддаҳои ғайриякҷинса ва ҳодисаҳои интиқолро тадқиқ кардааст. Тадқиқоти илмиро бо фаъолияти педагоги пайваста, дар мактаби олӣ физикаи назариявӣ ва курсҳои махсуси онро таълим додааст, ба кори илмии донишҷӯёну ва аспирантон роҳбарӣ қардааст. Бо роҳбарии ӯ гурӯҳи мутахассисон дар соҳаи назарияи кинетикии модда ва физикаи ултрасадо рисолаи номзади ҳимоя кардаанд. Муаллифи қариб 100 асари илмист.

Ҷоизаҳо

  • Ордени «Нишони Фахрӣ»,
  • Медалҳои «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди

В. И. Ленин», «Ветерани меҳнат» ва диг.

Ба номи Акобир Адҳамов кӯчаҳои ш. Душанбе ва ш. Самарқанд гузошта шудаанд.

Сарчашма

Аслҳо ва наслҳо. — Душанбе, 2013, — с.19

Эзоҳ

  1. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳайати шахсӣ. — Душанбе: Дониш, 2011. — 216 с.