Акбар Махсумов: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
No edit summary
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
Сатри 29: Сатри 29:


== Зиндагинома ==
== Зиндагинома ==
Акбар Махсумов фарзанди [[Қаҳрамони Тоҷикистон]] [[Нусратулло Махсум]] 2.05.1928 дар шаҳри Қуқанди [[ҶШС Ӯзбекистон]] ба дунё омадааст. Соли 1944 оилаи ӯ ба [[ҶШС Тоҷикистон]] кӯчида омадааст. Дарсинни 16 солагӣ ӯ ба [[Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон|Донишгоҳи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон]] барои таҳсил намудан дохил мешавад.
Акбар Махсумов фарзанди [[Қаҳрамони Тоҷикистон]] [[Нусратулло Махсум]] 2.05.1928 дар шаҳри Қуқанди [[ҶШС Ӯзбекистон]] ба дунё омадааст. Соли 1944 оилаи ӯ ба [[ҶШС Тоҷикистон]] кӯчида омадааст. Дар синни 16 солагӣ ӯ ба [[Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон|Донишгоҳи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон]] барои таҳсил намудан дохил мешавад.
Акбар Махсумов соли 1948 [[Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон|Донишгоҳи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон]]ро хатм кардааст, ихтисос — «растанипарварӣ».
Акбар Махсумов соли 1948 [[Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон|Донишгоҳи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон]]ро хатм кардааст, ихтисос — «растанипарварӣ».
Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: зироаткорӣ ва растанипарварӣ.
Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: зироаткорӣ ва растанипарварӣ.

Нусха 13:46, 26 Январ 2020

Акбар Махсумов
Акбар Нусратуллоевич Махсумов
Таърихи таваллуд 2 май 1928(1928-05-02)
Зодгоҳ Қуқанд, ҶШС Ӯзбекистон СССР
Таърихи даргузашт 20 сентябр 2001(2001-09-20) (73 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ биология, кишоварзӣ
Ҷойҳои кор Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои кишоварзӣ
Унвонҳои илмӣ профессор, академик
Алма-матер Донишгоҳи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон
Маъруф ба
    • Акбар Махсумов
Ҷоизаҳо

ду Ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, Ордени Инқилоби Октябр, Ордени «Нишони Фахрӣ»,

медали «Барои меҳнати шоён, Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В.И.Ленин», Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон (1964), Дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1967).

Акбар Нусратуллоевич Махсумов — олим, доктори илмҳои кишоварзӣ (1966). Академик (1968), узви вобастаи АИ ҶШС Тоҷикистон (1962). Академики Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон (1994), академики Академияи илмҳои кишоварзии Россия (ВАСХНИЛ). Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Ибни Сино (1967). Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон (1964).

Зиндагинома

Акбар Махсумов фарзанди Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум 2.05.1928 дар шаҳри Қуқанди ҶШС Ӯзбекистон ба дунё омадааст. Соли 1944 оилаи ӯ ба ҶШС Тоҷикистон кӯчида омадааст. Дар синни 16 солагӣ ӯ ба Донишгоҳи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон барои таҳсил намудан дохил мешавад. Акбар Махсумов соли 1948 Донишгоҳи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро хатм кардааст, ихтисос — «растанипарварӣ». Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: зироаткорӣ ва растанипарварӣ.

  • 1951—1956 — ходими хурд ва калони илмӣ, Бунгоҳи давлатии таҷрибавии селексионии Тоҷикистон,
  • 1956—1959 — Мудири шӯъба, муовини директор (1959—1961), Бунгоҳи давлатии таҷрибавии селексионии Тоҷикистон,
  • 1961—1962 — директори Институти тадқиқотии кишоварзӣ,
  • 1962—1965 — саркотиби илмии Раёсати АИ ҶШС Тоҷикистон..
  • 1965—1971 — вазири кишоварзии ҶШС Тоҷикистон .
  • 1971—1975 — ноиби президенти АИ ҶШС Тоҷикистон,
  • 1975—1986 — муовини раиси Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон,
  • 1986—1988 — муовини аввали раиси Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон — раиси Кумитаи давлатии агросаноатии Тоҷикистон,
  • 1988—1991 — директори Институти ботаникаи АИ ҶШС Тоҷикистон,
  • 1994—2001 — Мушовири Раёсати АИ Тоҷикистон.

Фаъолияти илмӣ

Акбар Махсумов доир ба проблемаҳои истифода бурдан ва ба кор андохтани заминҳои лалмӣ, дам додану тамоми сол истифода бурдани замин ва ғайра бештар аз 80 асар ва ҷамъ то 200 асрҳои илмӣ оид ба зироаткорӣ, растанипарварӣ, биология, кишоварзӣ навиштааст. Маслиҳатҳои илмии ӯ барои истифодаи самараноки заминҳои бекорхобидаи лалмӣ дар даштҳои Дилварзин, Ашт ва диг. мавриди истифода қарор гирифта буданд. Соли 1971 Акбар Нусратуллоевич ба Академияи илмҳо баргашт ва муддати чор сол ба сифати ноиби Президенти ин ниҳоди илмӣ фаъолият намуд. Соли 1975 ба вазифаи ҷонишини Совети вазирон даъват гардид ва аз соли 1986 то 1988 бошад, вазифаи ҷонишини якуми Совети вазирони РСС Тоҷикистон ва дар баробари ин раиси Комитети давлатии агросаноатии кишварро ифо намуд. Дар ин давра истеҳсоли пахта дар ҷумҳурӣ ба 750—800 ҳазор тонна расид. Соли 1981 бошад, кишвар ҳосири рекордӣ ба даст овард, истеҳсоли пахта ба 1 миллион тонна расид. Ин далели ҳамкории судманди марказҳои илмии Академияи илмҳо бо комплексҳои агросаноатӣ буд.[1]

Осор

  • Юнучқаи лалмӣ. — Сталинобод: НДТ, 1959. — 14 с.
  • Шудгори замин ба кор бурдани пору. — Сталинобод, 1958. — 16 с.
  • Юнучқакорӣ. — Душанбе: Ирфон, 1974. — 63 с.
  • Дуруст истифода кардани фонди замин-асоси афзоиши истеҳсоли маҳсулоти хоҷагии қишлоқ. — Душанбе: ХОЗУУД, 1978. — 26 с.
  • Вазифаи ватандўстонаи мо: Инкишоф додани хоҷагии қишлоқи республика дар асоси қарори Пленуми июлии КМ КПСС // Хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон. — 1970. — № 11. — С. 3-10.
  • Сиёсати аграрии партия дар амал: Доир ба хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон // Коммунисти Тоҷикистон. — 1976. — № 1. — С. 23-29.
  • Пудрати колективиро ҷасурона ҷорӣ намоем: Мақолаи ҷонишини Раиси Совети Вазирони РСС Тоҷикистон // Хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон. — 1985. — № 9. — С. 3-8.
  • Дар хусуси азнавсозии ҷиддии пахтакорӣ, ки ба ҷорӣгардидани технологияи индустриалӣ мусоидат менамояд // Комплекси Агросаноатии Тоҷикистон. — 1988. — № 1. — С. 3-9.[2]

Ҷоизаҳо

Сарчашма

  1. Акбар Махсумов: олиме, ки беҳтарин роҳбар будааст(рус.). kmt.tj. 25 ноябри 2018 санҷида шуд.
  2. Акбар Махсумов — писари қаҳрамон(рус.). tajikistantimes.com. 2018-05-04. 25 ноябри 2018 санҷида шуд.
  3. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳайати шахсӣ. — Душанбе: Дониш, 2011. — 216 с.
  • Академик Акбар Нусратуллаевич Махсумов (жизнь и деятельность) — Душанбе,1998