Размюз: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
х ислоҳ, навсозӣ, илова, вироишоти сабкӣ
х →‎Вожашиносӣ: дақиқсозӣ, сарчашмаҳо
Сатри 34: Сатри 34:
== Вожашиносӣ ==
== Вожашиносӣ ==


«''Радабон''» аз як [[вожа]] ва як пасванд сохта шудааст: '''''рада''''' ({{lang-pal|''radag''<ref>[http://www.rabbinics.org/pahlavi/MacKenzie-PahlDict.pdf ''MacKenzie, D. N.'', A Concise Pahlavi Dictionary, London, etc.: Oxford University Press, 1971. — 236 pp. ISBN 0-19-713559-5. — p. 70]</ref> > {{lang-peo|''ratak''}}}} > [[эронии бостон]]:''*rata-ka-'' > [[Забони ҳиндуэронӣ|ҳиндуэронӣ]]: ''*<sup>4</sup>ar- : r̥-'' «''рост кардан; дар як рада рост кардан, оростан, созгор кардан''»<ref>''Расторгуева В. С.'', ''Эдельман Д. И.'' Этимологический словарь иранских языков / Институт языкознания РАН. — М.: Издательская фирма «Восточная литература» РАН, 2000. — Т. 1 (a—ā). — 328 с. — 1000 экз. — ISBN 5-02-018124-2, ISBN 5-02-018125-0. (в пер.). – с. 205 </ref>) + ''-'''бон''''' ({{lang-fa|'''وان'''، '''بان'''}} [-''bān'', -''vān''] < {{lang-pal|-''bān'', -''vān''}} < {{lang-peo|*''pāna''-}} «''нигаҳбон, посбон''» < эронии бостон: √*''pā''- «''поидан, нигаҳбонӣ кардан''»+ -''van''). Мақулаи дастурии ин вожа исм ва сохтвожаи он ба сурати [исм (''рада'') + пасванд (''-бон'')] аст. Дар сохти ин исм аз фароянди вожасозии иштиқоқӣ истифода шудааст. Пасванди «''-бон''» ба исм афзуда мешавад ва умуман маънии «''нигаҳдоранда''»-ро мерасонад<ref>''Таботабоӣ, Алоъуддин''. Фарҳанги тавсифии дастури забони форсӣ. – Теҳрон: «Фарҳанги муъосир», 1395. – 640 с. ISBN 978-600-105-121-0. – с. 85.</ref><ref>Ин пасванд аз куҳантарин замонҳо дар вожасозӣ ба кор меравад. Чунончи, аз ''*xšaθra-'' «''подшоҳӣ; кишвар''» + *''pāvan''- «''пойидан, нигаҳбонӣ кардан''» дар порсии бостон «''xšaθrapāvan''»-ро сохтаанд, ки дар порсии миёна «''šahrap''» , дар паҳлавӣ «''xšatrap''» ва дар форсии дарӣ «''шаҳрбон''» гаштааст. Ҳамчунин аз *''kāra-'' «''мардум-сипоҳ''» + *''pāna-'' «''нигаҳбон, посбон''» дар порсии бостон *''kārapāna-'' «''нигаҳбони сипоҳ, сипаҳбон''» сохта шуда, ки дар паҳлавӣ ''kārwān'' «''сипоҳ, лашкар''» , дар порсии миёна ''kārvān'' «''сипоҳ, лашкари омода ба ҷанг''» ва дар форсии дарӣ ''kārvān'', ''kārbān'' «''корвони лашкариён; корвон''» гаштааст. Ин пасванд ҳамакнун ҳам дар сохтани истилоҳоти низомӣ фаровон ба кор меравад: ''[[шаҳрбон]]'', ''[[халабон]]'', ''[[новбон]]'', ''[[дарёбон]]'', ''[[сарвашт|сарвон]]'', ''[[гурӯҳбон]]''</ref>.
«''Радабон''» аз як [[вожа]] ва як пасванд сохта шудааст: '''''рада''''' ({{lang-fa|'''رده'''}} > {{lang-pal|''radag''}} «''рада, роста''»<ref>[http://www.rabbinics.org/pahlavi/MacKenzie-PahlDict.pdf ''MacKenzie, D. N.'', A Concise Pahlavi Dictionary, London, etc.: Oxford University Press, 1971. — 236 pp. ISBN 0-19-713559-5. — p. 70]</ref> > {{lang-peo|''ratak''}} > [[эронии бостон]]:''*rata-ka-'' > [[Забони ҳиндуэронӣ|ҳиндуэронӣ]]: ''*<sup>4</sup>ar- : r̥-'' «''рост кардан; дар як рада рост кардан, оростан, созгор кардан''»<ref>''Расторгуева В. С.'', ''Эдельман Д. И.'' Этимологический словарь иранских языков / Институт языкознания РАН. — М.: Издательская фирма «Восточная литература» РАН, 2000. — Т. 1 (a—ā). — 328 с. — 1000 экз. — ISBN 5-02-018124-2, ISBN 5-02-018125-0. (в пер.). – с. 205 </ref>)<ref>''Ҳасандӯст, Муҳаммад''. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Нашри осор, 1393. ISBN: 978-600-6143-57-6. ҷ. 3, с. 1438.</ref> + ''-'''бон''''' ({{lang-fa|'''وان'''، '''بان'''}} [-''bān'', -''vān''] < {{lang-pal|-''bān'', -''vān''}} < {{lang-peo|*''pāna''-}} «''нигаҳбон, посбон''» < эронии бостон: √*''pā''- «''поидан, нигаҳбонӣ кардан''»+ -''van'')<ref>''Ҳасандӯст, Муҳаммад''. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Нашри осор, 1393. ISBN: 978-600-6143-55-2. ҷ. 1, с. 398.</ref>. Мақулаи дастурии ин вожа исм ва сохтвожаи он ба сурати [исм (''рада'') + пасванд (''-бон'')] аст. Дар сохти ин исм аз фароянди вожасозии иштиқоқӣ истифода шудааст. Пасванди «''-бон''» ба исм афзуда мешавад ва умуман маънии «''нигаҳдоранда''»-ро мерасонад<ref>''Таботабоӣ, Алоъуддин''. Фарҳанги тавсифии дастури забони форсӣ. – Теҳрон: «Фарҳанги муъосир», 1395. – 640 с. ISBN 978-600-105-121-0. – с. 85.</ref><ref>Ин пасванд аз куҳантарин замонҳо дар вожасозӣ ба кор меравад. Чунончи, аз ''*xšaθra-'' «''подшоҳӣ; кишвар''» + *''pāvan''- «''пойидан, нигаҳбонӣ кардан''» дар порсии бостон «''xšaθrapāvan''»-ро сохтаанд, ки дар порсии миёна «''šahrap''» , дар паҳлавӣ «''xšatrap''» ва дар форсии дарӣ «''шаҳрбон''» гаштааст. Ҳамчунин аз *''kāra-'' «''мардум-сипоҳ''» + *''pāna-'' «''нигаҳбон, посбон''» дар порсии бостон *''kārapāna-'' «''нигаҳбони сипоҳ, сипаҳбон''» сохта шуда, ки дар паҳлавӣ ''kārwān'' «''сипоҳ, лашкар''» , дар порсии миёна ''kārvān'' «''сипоҳ, лашкари омода ба ҷанг''» ва дар форсии дарӣ ''kārvān'', ''kārbān'' «''корвони лашкариён; корвон''» гаштааст. Ин пасванд ҳамакнун ҳам дар сохтани истилоҳоти низомӣ фаровон ба кор меравад: ''[[шаҳрбон]]'', ''[[халабон]]'', ''[[новбон]]'', ''[[дарёбон]]'', ''[[сарвашт|сарвон]]'', ''[[гурӯҳбон]]''</ref>.


«''Радабон''» таркибе кӯтоҳшуда аз «''нигаҳбони рада''» аст.
«''Радабон''» таркибе кӯтоҳшуда аз «''нигаҳбони рада''» аст.

Нусха 13:42, 25 феврали 2020

Размюз
Кишвар
Дараҷаи болотар размовар, Размдор, Obergefreiter[d] ва lance corporal[d]
Дараҷаи поинтар Сарбоз
Ҳамто капрал[d], starshyj soldat[d], Сарновӣ ва private first class[d]

Радабон (форсӣ: رده‌بان‎) — дараҷае сарбозӣ дар нерӯҳои мусаллаҳ аст, ки ба сарбозони омӯзишдида ба подоши дастовардҳояшон дода мешавад; ефрейтор[1].

Пайдарпаии дараҷаҳои низомӣ
Дараҷаи поинтар:
Сарбоз


Радабон
Дараҷаи болотар:
Гурӯҳвар

Радабон дар нерӯҳои мусаллаҳ маъмулан симати ёвари фармондеҳи гурӯҳ ва фармондеҳи радаро дорад, ки хурдтарин ягони тактикиест, ки аз ду – панҷ сарбоз ташкил шуда ва бахше аз гурӯҳ аст; ҷуха[2]; звено[3].

Вожашиносӣ

«Радабон» аз як вожа ва як пасванд сохта шудааст: рада (форсӣ: رده‎ > порсии миёна: radag «рада, роста»[4] > порсии бостон: ratak > эронии бостон:*rata-ka- > ҳиндуэронӣ: *4ar- : r̥- «рост кардан; дар як рада рост кардан, оростан, созгор кардан»[5])[6] + -бон (форсӣ: وان، بان‎ [-bān, -vān] < порсии миёна: -bān, -vān < порсии бостон: *pāna- «нигаҳбон, посбон» < эронии бостон: √*- «поидан, нигаҳбонӣ кардан»+ -van)[7]. Мақулаи дастурии ин вожа исм ва сохтвожаи он ба сурати [исм (рада) + пасванд (-бон)] аст. Дар сохти ин исм аз фароянди вожасозии иштиқоқӣ истифода шудааст. Пасванди «-бон» ба исм афзуда мешавад ва умуман маънии «нигаҳдоранда»-ро мерасонад[8][9].

«Радабон» таркибе кӯтоҳшуда аз «нигаҳбони рада» аст.

«Рада» ҳамчун истилоҳи низомӣ дар замони Сосониён (224651 милодӣ) ба кор мерафтааст. Чунончи, дар деворнавиштаҳое ба забони порсии миёна аз солҳои 253 – 255 милодӣ, ки дар канисаи яҳудии шаҳри бостонии Дура-Европос бозёфт шудаанд, ибораҳои «дабири рада» (порсии миёна: dibīr-ī radag) ва «дабири таҳм» (порсии миёна: dibīr-ī tahm) бозхонӣ шудаанд[10]. Чун сипоҳи Сосониён бар бахшбандии даҳдаҳӣ созмон ёфта буд[11] ва ягонҳои бузурге чун гунд ва сипоҳ «дабири гунд» (порсии миёна: *gund-dibīr) ва «дабири сипоҳ» (порсии миёна: *dibīr-ī spāh) доштаанд[12], гумон меравад, ки «рада» хурдтарин ягони размӣ будааст[13].

«Рада» ба маънии «саф, қатор, раста» дар «Шоҳнома» низ ба кор рафтааст. Чунончи, Фирдавсӣ гуфта:

Сипаҳро рада баркашида бимонд,
Худу номдорону гурдон биронд[14].

Рада баркашида сипоҳаш ду мил,
Ба дасти чапаш ҳафтсад жанда пил[15].

Бино бар ин, «рада» ва «радабон» барои ҷойгузинии истилоҳи «звено» ва дараҷаи низомии «ефрейтор» (аз олмонӣ: Gefreiter «озодшуда (аз бархе аз хадамот)») ба Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудаанд[16].

Пешина

Ефрейтор ҳамчун дараҷаи сарбозӣ дар Артиши Сурх дар соли 1940 ҷорӣ шуда ва болотар аз дараҷаи қаторӣ ва поинтар аз сержанти хурд буд[17]. Ин дараҷаро сарбозоне дарёфт мекарданд, ки давраҳои омӯзиши размро гузаронда ва симатҳои зеринро доштанд:

  • тирандоз, норинҷакандоз, тирбор, тактирандоз-нишонзан дар нерӯҳои ҳавобурд, нерӯҳои зиреҳсавор, нерӯҳои марзбонӣ, ки дар онҳо ёвари фармондеҳи гурӯҳ аст.
  • ронандаи худрав, ронандаи зиреҳпӯш, ронандаи тонк.
  • нишонгир дар нерӯҳои зиреҳӣ.
  • нишонгир дар оташбор.

Дар нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ин дараҷа аз соли 1993 ҷорӣ шудааст.

Пайвандҳо

Манобеъ

  1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ»
  2. Фарҳанги ҳазорвожаи низомӣ. — Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Дафтари вожагузинии низомии Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, 1392. – с. 95
  3. Коллектив авторов. Том 3, статья «Звено» // Военная энциклопедия / Под ред. П. В. Грачёва. — М.: Воениздат, 1995. — С. 268. — 543 с. — 10 000 экз. — ISBN 5-203-00748-9.
  4. MacKenzie, D. N., A Concise Pahlavi Dictionary, London, etc.: Oxford University Press, 1971. — 236 pp. ISBN 0-19-713559-5. — p. 70
  5. Расторгуева В. С., Эдельман Д. И. Этимологический словарь иранских языков / Институт языкознания РАН. — М.: Издательская фирма «Восточная литература» РАН, 2000. — Т. 1 (a—ā). — 328 с. — 1000 экз. — ISBN 5-02-018124-2, ISBN 5-02-018125-0. (в пер.). – с. 205
  6. Ҳасандӯст, Муҳаммад. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Нашри осор, 1393. ISBN: 978-600-6143-57-6. ҷ. 3, с. 1438.
  7. Ҳасандӯст, Муҳаммад. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Нашри осор, 1393. ISBN: 978-600-6143-55-2. ҷ. 1, с. 398.
  8. Таботабоӣ, Алоъуддин. Фарҳанги тавсифии дастури забони форсӣ. – Теҳрон: «Фарҳанги муъосир», 1395. – 640 с. ISBN 978-600-105-121-0. – с. 85.
  9. Ин пасванд аз куҳантарин замонҳо дар вожасозӣ ба кор меравад. Чунончи, аз *xšaθra- «подшоҳӣ; кишвар» + *pāvan- «пойидан, нигаҳбонӣ кардан» дар порсии бостон «xšaθrapāvan»-ро сохтаанд, ки дар порсии миёна «šahrap» , дар паҳлавӣ «xšatrap» ва дар форсии дарӣ «шаҳрбон» гаштааст. Ҳамчунин аз *kāra- «мардум-сипоҳ» + *pāna- «нигаҳбон, посбон» дар порсии бостон *kārapāna- «нигаҳбони сипоҳ, сипаҳбон» сохта шуда, ки дар паҳлавӣ kārwān «сипоҳ, лашкар» , дар порсии миёна kārvān «сипоҳ, лашкари омода ба ҷанг» ва дар форсии дарӣ kārvān, kārbān «корвони лашкариён; корвон» гаштааст. Ин пасванд ҳамакнун ҳам дар сохтани истилоҳоти низомӣ фаровон ба кор меравад: шаҳрбон, халабон, новбон, дарёбон, сарвон, гурӯҳбон
  10. Asha R. The Dates in the Pahlavīg and Pārsīg Inscriptions of Durā (Europos)
  11. Никоноров В. П. К вопросу о парфянском наследии в сасанидском Иране: военное дело // Центральная Азия от Ахеменидов до Тимуридов: археология, история, этнология, культура. Материалы международной научной конференции, посвященной 100-летию со дня рождения Александра Марковича Беленицкого (Санкт-Петербург, 2–5 ноября 2004 года) / Отв. ред. В. П. Никоноров. СПб., 2005. С. 156
  12. Daryaee, Touraj. Sasanian Persia: The Rise and Fall of an Empire. — ISBN 978 1 85043 898 4. — p. 53
  13. Айвазян А. Терминология организационной структуры Армянской Армии в IV—V вв. // А. Айвазян. Армяно-персидская война 449–451 гг. Кампании и сражения.– Eреван: Воскан Ереванци, 2016; СПб.: Алетейя, 2017. С. 360-464.
  14. Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома. — Душанбе: «Адиб», 2008. Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Камол Айнӣ ва Зоҳир Аҳрорӣ. Муҳаррир Мубашшир Акбарзод. ҷ. 5. — 480 саҳ. — ISBN 978-99947-32-84-5. — c. 363
  15. Фарҳанги забони тоҷикӣ. Зери таҳрири М. Ш. Шукуров, В. А. Капранов, Р. Ҳошим, Н. А. Маъсумӣ — М., «Советская Энциклопедия», 1969. ҷ. 2, с. 115
  16. Умед Джайхани: В национальной армии и терминология должна быть максимально национальной
  17. РУТБАИ ҲАРБӢ // Энсиклопедияи тоҷикӣ