Таҳмдор: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
ислоҳ, гурӯҳбандӣ
х ислоҳ, сарчашмаҳо
Сатри 44: Сатри 44:


== Пешина ==
== Пешина ==
''Таҳмдор'' ҳамчун [[дараҷаи низомӣ|симати низомӣ]] нахустин бор дар [[сипоҳ]]и [[Шоҳаншоҳии Ашконӣ|Ашкониён]] ([[Соли 250 п.м.|250 то милод]] — [[224]]) пайдо шудааст. Чунончи, дар сафолнавиштаҳои [[Ашкониён|ашконӣ]] аз [[даҳаи 40 пеш аз милод|солҳои 40-уми пеш аз милод]], ки аз бойгонии шаҳри бостонии Нисо бозёфт шудаанд, истилоҳи «'''таҳмдор'''» ({{lang-xpr|''tgmdr''}} [''tagm(a)dār'']) бозхонӣ шудааст. Пажӯҳишгарон онро рӯбардор аз истилоҳи {{lang-grc|τάγματάρχης ё τάγματάρχος}} «''фармондеҳи тагма''» донистаанд: {{lang-xpr|''tagmadār''}} > {{lang-la|tagma}} «''легион''» (> {{lang-grc|τάγμα}} «''рада''; ''бахше аз [[сипоҳ]]'', ''[[ҳанг]]''») + {{lang-xpr|''-dār''}} «''доранда''; ''фармондеҳ''»<ref>''Лившиц В. А.'' Парфянская ономастика. СПб.: Петербургское лингвистическое общество, 2010. 400 с., ил. (Азиатика). ISBN 978-5-4318-0006-1. сс. 13; 223</ref> (< {{lang-peo|''*dār(a)-''}} < эронии бостон: ''*dārai̯a-'' «''доштан; доранда''»).
''Таҳмдор'' ҳамчун [[дараҷаи низомӣ|симати низомӣ]] нахустин бор дар [[сипоҳ]]и [[Шоҳаншоҳии Ашконӣ|Ашкониён]] ([[Соли 250 п.м.|250 то милод]] — [[224]]) пайдо шудааст. Чунончи, дар сафолнавиштаҳои [[Ашкониён|ашконӣ]] аз [[даҳаи 40 пеш аз милод|солҳои 40-уми пеш аз милод]], ки аз бойгонии шаҳри бостонии Нисо бозёфт шудаанд, истилоҳи «''[[таҳмдор]]''» ({{lang-pal|''tgmdr''}} [''tagm(a)dār'']) бозхонӣ шудааст. Пажӯҳишгарон онро рӯбардор аз истилоҳи низомии румӣ–{{lang-el|«''τάγματάρχης''»}} донистаанд: паҳлавӣ: ''tagmadār'' > {{lang-la|tagma}} ''легион'' (> {{lang-grc|τάγμα}} ''рада''; ''бахше аз [[сипоҳ]]'', ''[[ҳанг]]'') + {{lang-pal|''-dār''}} ''доранда''; ''фармондеҳ''’ = {{lang-grc|τάγματάρχης ё τάγματάρχος}} ‘''фармондеҳи тагма''’<ref>''Лившиц В. А.'' Парфянская ономастика. СПб.: - Петербургское лингвистическое общество, 2010. 400 с., ил. (Азиатика). ISBN 978-5-4318-0006-1. сс. 13; 223</ref>.


«''Тагма''» дар сипоҳи [[Византия|подшоҳии Руми Шарқӣ]] ягоне номида мешуд, ки 100—500 сарбозро дар бар мегирифт<ref>Ҳамакнун ҳам дар Нерӯҳои мусаллаҳи Юнон [[гурдон]] ба забони юнонӣ «''τάγμα''» ва ''[[саргурд]]'' «''τάγματάρχης''» номида мешаванд.</ref>. Ин истилоҳ дар паи ҷангҳои доманадори Руму Эрон дар замони Ашкониён аз румиён вом гирифта шуда ва дертар бо вожаи паҳлавии «'''''taxm'''''» ‘''нерӯманд'', ''диловар'', ''далер'', ''чобук''’ (> эронии бостон: ''*taxma-'' > √''*tak-'' ‘''тохтан'', ''давидан''’<ref>''Ҳасандӯст, Муҳаммад.'' Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. Зери назари Баҳман Саркоротӣ. Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Нашри осор, 1383. ISBN 964-7531-28-1. — с. 75</ref> < {{lang-pal|''tḥmy''}} [''tahm''] > {{lang-fa|'''تهم'''}} [''таҳм''] ‘''зӯрманд'', ''паҳлавон''’<ref>''Фарҳанги забони тоҷикӣ''. Зери таҳрири М. Ш. Шукуров, В. А. Капранов, Р. Ҳошим, Н. А. Маъсумӣ — М., «Советская Энциклопедия», 1969. ҷ. 2, саҳ. 354—355</ref>) инҳамон ва бо «''нерӯ''» мутародиф гаштааст.
«''Тагма''» ({{lang-grc|«''τάγμα''»}}) дар сипоҳи [[Византия|подшоҳии Руми Шарқӣ]] ягоне номида мешуд, ки 100 — 500 сарбозро дар бар мегирифт<ref>Ҳамакнун ҳам дар Нерӯҳои мусаллаҳи Юнон [[гурдон]] ба забони юнонӣ «''τάγμα''» ва ''саргурд'' ё ''майор'' «''τάγματάρχης''» номида мешаванд.</ref>. Ин истилоҳ дар паи ҷангҳои доманадори Руму Эрон дар замони Ашкониён аз румиён вом гирифта шуда ва дертар бо вожаи паҳлавии «'''''taxm'''''» ‘''нерӯманд'', ''диловар'', ''далер'', ''чобук''’ (аз эронии бостон: ''*taxma-'' > √''*tak-'' ‘''тохтан'', ''давидан''’ < {{lang-pal|''tḥmy''}} [''tahm''] > {{lang-fa|'''تهم'''}} [''таҳм''] ‘''зӯрманд'', ''паҳлавон''’<ref>''Ҳасандӯст, Муҳаммад.'' Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Нашри осор, 1393. ISBN: 978-600-6143-56-9. ҷ. 2, с. 923—924</ref>) инҳамон ва бо «''нерӯ''» мутародиф гаштааст<ref>''Фарҳанги забони тоҷикӣ''. Зери таҳрири М. Ш. Шукуров, В. А. Капранов, Р. Ҳошим, Н. А. Маъсумӣ — М., «Советская Энциклопедия», 1969. ҷ. 2, саҳ. 354 – 355</ref>.


Дар сипоҳи [[Давлати Сосониён|Сосониён]] ([[224]]—[[651]]), ки созмони радабандии даҳдаҳиро аз сипоҳи Ашкониён ба ирс бурда буд<ref>[https://www.academia.edu/1264468/К_вопросу_о_парфянском_наследии_в_сасанидском_Иране_военное_дело_On_the_Parthian_Legacy_in_Sasanian_Iran_the_Case_of_Warfare_ ''Никоноров В. П.'' К вопросу о парфянском наследии в сасанидском Иране: военное дело // Центральная Азия от Ахеменидов до Тимуридов: археология, история, этнология, культура. Материалы международной научной конференции, посвященной 100-летию со дня рождения Александра Марковича Беленицкого (Санкт-Петербург, 2-5 ноября 2004 года) / Отв. ред. В. П. Никоноров. СПб., 2005. С. 156]</ref>, низ яке аз ягонҳо «'''''таҳм'''''» ({{lang-pal|''tḥmy''}}) ном доштааст<ref>[http://www.rahamasha.net/uploads/2/3/2/8/2328777/the_dates_in_the_pahlavg_and_prsg.pdf ''Asha R.'' The Dates in the Pahlavīg and Pārsīg Inscriptions of Durā (Europos)]</ref>. Ҳар '''''таҳме''''' 50 — 100 сарбозро дар бар мегирифта ва аз чанд «'''''рада'''''» ({{lang-pal|'''''radag'''''}}) ташкил мешуда, ки ҳар кадоме 10 сарбоз доштааст<ref>[https://www.academia.edu/35927114/Терминология_организационной_структуры_Армянской_Армии_в_IV_V_вв._The_Terminology_of_the_Organizational_Structure_of_the_Armenian_Army_in_the_4-5th_centuries_А._Айвазян._Армяно-персидская_война_449_451_гг._Кампании_и_сражения._Eреван_Воскан_Ереванци_2016_СПб._Алетейя_2017._С._360-464 ''Айвазян А.'' Терминология организационной структуры Армянской Армии в IV—V вв. // А. Айвазян. Армяно-персидская война 449—451 гг. Кампании и сражения.- Eреван: Воскан Ереванци, 2016; СПб.: Алетейя, 2017. С. 360—464.]</ref>.
Дар сипоҳи [[Давлати Сосониён|Сосониён]] ([[224]] [[651]]), ки созмони радабандии даҳдаҳиро аз сипоҳи Ашкониён ба ирс бурда буд<ref>[https://www.academia.edu/1264468/К_вопросу_о_парфянском_наследии_в_сасанидском_Иране_военное_дело_On_the_Parthian_Legacy_in_Sasanian_Iran_the_Case_of_Warfare_ ''Никоноров В. П.'' К вопросу о парфянском наследии в сасанидском Иране: военное дело // Центральная Азия от Ахеменидов до Тимуридов: археология, история, этнология, культура. Материалы международной научной конференции, посвященной 100-летию со дня рождения Александра Марковича Беленицкого (Санкт-Петербург, 2–5 ноября 2004 года) / Отв. ред. В. П. Никоноров. СПб., 2005. С. 156]</ref>, низ яке аз ягонҳо «'''''таҳм'''''» ({{lang-pal|''tḥmy''}}) ном доштааст<ref>[http://www.rahamasha.net/uploads/2/3/2/8/2328777/the_dates_in_the_pahlavg_and_prsg.pdf ''Asha R.'' The Dates in the Pahlavīg and Pārsīg Inscriptions of Durā (Europos)]</ref>. Ҳар '''''таҳме''''' 50 — 100 сарбозро дар бар мегирифта ва аз чанд «'''''рада'''''» ({{lang-pal|'''''radag'''''}}) ташкил мешуда, ки ҳар кадоме 10 сарбоз доштааст<ref>[https://www.academia.edu/35927114/Терминология_организационной_структуры_Армянской_Армии_в_IV_V_вв._The_Terminology_of_the_Organizational_Structure_of_the_Armenian_Army_in_the_4-5th_centuries_А._Айвазян._Армяно-персидская_война_449_451_гг._Кампании_и_сражения._Eреван_Воскан_Ереванци_2016_СПб._Алетейя_2017._С._360-464 ''Айвазян А.'' Терминология организационной структуры Армянской Армии в IV—V вв. // А. Айвазян. Армяно-персидская война 449–451 гг. Кампании и сражения. Eреван: Воскан Ереванци, 2016; СПб.: Алетейя, 2017. С. 360—464.]</ref>.


Бино бар ин пешина ва додаҳо, «''таҳм''» ба ҷои «''взвод''» ва «''таҳмдор''» ба ҷои «''лейтенант''» (аз {{lang-de|Leutenant}} > {{lang-fr|lieutenant}} «''ҷонишин; муъовин''») ва дар пайравӣ аз он вожаҳои «''[[таҳмбон]]''» ва «''[[таҳмовар]]''» сохтаву барои ҷойгузинии [[Дараҷаҳои Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон|дараҷаҳои низомии]] «''лейтенанти калон''» ва «''лейтенанти хурд''» ба [[Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон]] пешниҳод шудаанд<ref>[http://asiaplustj.info/ru/news/tajikistan/society/20181110/umed-dzhaihani-v-natsionalnoi-armii-i-terminologiya-dolzhna-bit-maksimalno-natsionalnoi ''Умед Джайхани'': В национальной армии и терминология должна быть максимально национальной]</ref>.
Бино бар ин пешина ва додаҳо, «''таҳм''» ба ҷои «''взвод''» ва «''таҳмдор''» ба ҷои «''лейтенант''» (аз {{lang-de|Leutenant}} > {{lang-fr|lieutenant}} «''ҷонишин; муъовин''») ва дар пайравӣ аз он вожаҳои «''[[таҳмбон]]''» ва «''[[таҳмовар]]''» сохтаву барои ҷойгузинии [[Дараҷаҳои Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон|дараҷаҳои низомии]] «''лейтенанти калон''» ва «''лейтенанти хурд''» ба [[Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон]] пешниҳод шудаанд<ref>[http://asiaplustj.info/ru/news/tajikistan/society/20181110/umed-dzhaihani-v-natsionalnoi-armii-i-terminologiya-dolzhna-bit-maksimalno-natsionalnoi ''Умед Джайхани'': В национальной армии и терминология должна быть максимально национальной]</ref>.

Нусха 13:49, 26 феврали 2020

Таҳмдор
Дараҷаи болотар Таҳмбон
Дараҷаи поинтар sub-lieutenant[d]
Ҳамто Leutnant zur See[d] ва poruchik[d]

Таҳмдор (форсӣ: تهم‌دار‎) — дараҷае афсарӣ ва симате дар нерӯҳои мусаллаҳ ва ниҳодҳои низомӣ, интизомӣ ва амниятӣ аст, ки поинтар аз таҳмбон ва болотар аз таҳмовар мебошад; лейтенант[1].

Пайдарпаии дараҷаҳои низомӣ
Дараҷаи поинтар:
Таҳмовар


Таҳмдор
Дараҷаи болотар:
Таҳмбон

Таҳмдор дар нерӯҳои мусаллаҳ маъмулан симати фармондеҳии таҳмро дорад, ки ягоне тактикиест, ки аз ду ё чанд гурӯҳ ташкил шуда ва бахше аз вашт аст; даста[2], взвод[3].

Вожашиносӣ

«Таҳмдор» аз як вожа ва як пасванд сохта шудааст: таҳм + дор. Мақулаи дастурии ин вожа исм ва сохтвожаи он ба сурати [исм (таҳм) + пайвожа (-дор)] аст. Дар сохти ин исм аз фароянди вожасозии таркиб истифода шудааст.

«Таҳмдор» вожаест паҳлавӣ ва бо «*kāra-daranaka-» дар забони эронии бостон > «ϰαρα-λραγγα» «фармондеҳи гурӯҳе аз сипоҳиён» дар забони балхӣ[4]; «нигаҳдор», «сипаҳдор» ва «лашкардор» ҳамсохт аст, ки дар «Шоҳнома» низ ёд шудаанд. Чунончи, бузургвор Фирдавсӣ «нигаҳдор»-ро чун истилоҳи низомӣ ба кор бурдааст:

Гузин кард ҳаштод тан нӯзарӣ,
Ҳама гурздору ҳама лашкарӣ.
Зараспи сипаҳбад нигаҳдорашон,
Ки бурдӣ ба ҳар кор тиморашон[5].

Пешина

Таҳмдор ҳамчун симати низомӣ нахустин бор дар сипоҳи Ашкониён (250 то милод — 224) пайдо шудааст. Чунончи, дар сафолнавиштаҳои ашконӣ аз солҳои 40-уми пеш аз милод, ки аз бойгонии шаҳри бостонии Нисо бозёфт шудаанд, истилоҳи «таҳмдор» (порсии миёна: tgmdr [tagm(a)dār]) бозхонӣ шудааст. Пажӯҳишгарон онро рӯбардор аз истилоҳи низомии румӣ–юн. «τάγματάρχης» донистаанд: паҳлавӣ: tagmadār > лот. tagmaлегион’ (> юн.-қад. τάγμαрада; бахше аз сипоҳ, ҳанг’) + порсии миёна: -dārдоранда; фармондеҳ’ = юн.-қад. τάγματάρχης ё τάγματάρχοςфармондеҳи тагма[6].

«Тагма» (юн.-қад. «τάγμα») дар сипоҳи подшоҳии Руми Шарқӣ ягоне номида мешуд, ки 100 — 500 сарбозро дар бар мегирифт[7]. Ин истилоҳ дар паи ҷангҳои доманадори Руму Эрон дар замони Ашкониён аз румиён вом гирифта шуда ва дертар бо вожаи паҳлавии «taxm» ‘нерӯманд, диловар, далер, чобук’ (аз эронии бостон: *taxma- > √*tak-тохтан, давидан’ < порсии миёна: tḥmy [tahm] > форсӣ: تهم‎ [таҳм] ‘зӯрманд, паҳлавон[8]) инҳамон ва бо «нерӯ» мутародиф гаштааст[9].

Дар сипоҳи Сосониён (224651), ки созмони радабандии даҳдаҳиро аз сипоҳи Ашкониён ба ирс бурда буд[10], низ яке аз ягонҳо «таҳм» (порсии миёна: tḥmy) ном доштааст[11]. Ҳар таҳме 50 — 100 сарбозро дар бар мегирифта ва аз чанд «рада» (порсии миёна: radag) ташкил мешуда, ки ҳар кадоме 10 сарбоз доштааст[12].

Бино бар ин пешина ва додаҳо, «таҳм» ба ҷои «взвод» ва «таҳмдор» ба ҷои «лейтенант» (аз олмонӣ: Leutenant > фр. lieutenant «ҷонишин; муъовин») ва дар пайравӣ аз он вожаҳои «таҳмбон» ва «таҳмовар» сохтаву барои ҷойгузинии дараҷаҳои низомии «лейтенанти калон» ва «лейтенанти хурд» ба Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудаанд[13].

Пайвандҳо

Манобеъ

  1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ»
  2. Фарҳанги ҳазор вожаи низомӣ. — Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Дафтари вожагузинии низомии Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, 1392. — с. 107
  3. Коллектив авторов. Том 2, статья «Взвод» // Военная энциклопедия / Под ред. П.В. Грачёв. — М.: Воениздат, 1994. — С. 85. — 544 с. — 10 000 экз. — ISBN 5-203-00299-1.
  4. Эдельман Д. И. Этимологический словарь иранских языков / Институт языкознания РАН. — М.: Издательская фирма «Восточная литература» РАН, 2011. — Т. 4 (i—k). — 416 с. — 800 экз. — ISBN 5-02-018124-2, ISBN 978-5-02-036478-3. (в пер.). — стр. 389—391.
  5. Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома. — Душанбе: «Адиб», 2008. Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Камол Айнӣ ва Зоҳир Аҳрорӣ. Муҳаррир Мубашшир Акбарзод. ҷ. 3. — 480 саҳ. — ISBN 978-99947-32-84-5. — c. 309
  6. Лившиц В. А. Парфянская ономастика. – СПб.: - Петербургское лингвистическое общество, 2010. – 400 с., ил. – (Азиатика). ISBN 978-5-4318-0006-1. – сс. 13; 223
  7. Ҳамакнун ҳам дар Нерӯҳои мусаллаҳи Юнон гурдон ба забони юнонӣ «τάγμα» ва саргурд ё майор «τάγματάρχης» номида мешаванд.
  8. Ҳасандӯст, Муҳаммад. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. — Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Нашри осор, 1393. ISBN: 978-600-6143-56-9. — ҷ. 2, с. 923—924
  9. Фарҳанги забони тоҷикӣ. Зери таҳрири М. Ш. Шукуров, В. А. Капранов, Р. Ҳошим, Н. А. Маъсумӣ — М., «Советская Энциклопедия», 1969. ҷ. 2, саҳ. 354 – 355
  10. Никоноров В. П. К вопросу о парфянском наследии в сасанидском Иране: военное дело // Центральная Азия от Ахеменидов до Тимуридов: археология, история, этнология, культура. Материалы международной научной конференции, посвященной 100-летию со дня рождения Александра Марковича Беленицкого (Санкт-Петербург, 2–5 ноября 2004 года) / Отв. ред. В. П. Никоноров. СПб., 2005. С. 156
  11. Asha R. The Dates in the Pahlavīg and Pārsīg Inscriptions of Durā (Europos)
  12. Айвазян А. Терминология организационной структуры Армянской Армии в IV—V вв. // А. Айвазян. Армяно-персидская война 449–451 гг. Кампании и сражения.– Eреван: Воскан Ереванци, 2016; СПб.: Алетейя, 2017. С. 360—464.
  13. Умед Джайхани: В национальной армии и терминология должна быть максимально национальной