Ҷамшед Ҷӯразода: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
х Шухрат Саъдиев moved page Ҷамшед Ҳабибулло Ҷӯразода to Ҷамшед Ҷӯразода: ивази номгузорӣ
No edit summary
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ Advanced mobile edit
Сатри 26: Сатри 26:
}}
}}


'''Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло''' (''Ҷамшед Ҳабибуллоевич Ҷӯрабоев'' ([[15 июн]]и соли [[1971]], ш.[[Хуҷанд]]) - [[олим]], [[профессор]], доктори илмҳои таърих (2015), сиёсатмадор, узви [[Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон]] даъвати V.<ref>{{Cite web|url= http://majmilli.tj/0042-2/|title= Ҷуразода Ҷамшед Ҳабибулло|author=|website=www. majmilli.tj |date=|publisher= |lang=tg|accessdate=2020-04-15}} </ref>
'''Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло''' (''Ҷамшед Ҳабибуллоевич Ҷӯрабоев'' ([[15 июн]]и соли [[1971]], ш. [[Хуҷанд]]) - [[олим]], [[профессор]], доктори илмҳои таърих (2015), сиёсатмадор, узви [[Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон]] даъвати V.<ref>{{Cite web|url= http://majmilli.tj/0042-2/|title= Ҷуразода Ҷамшед Ҳабибулло|author=|website=www. majmilli.tj |date=|publisher= |lang=tg|accessdate=2020-04-15}} </ref>

==Зиндагинома==
==Зиндагинома==
Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло [[15 июн]]и соли [[1971]], дар шаҳри [[Хуҷанд]] таваллуд шудааст. Баъди хатми мактаб ба [[Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ]]) дохил шуд. Аз соли [[1989]] таҳсилро дар факултаи таърихи [[Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров|Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М. Киров]] (ҳоло [[Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров]]) идома дода, онро соли 1993 хатм намуд.
Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло [[15 июн]]и соли [[1971]], дар шаҳри [[Хуҷанд]] таваллуд шудааст. Баъди хатми мактаб ба [[Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ]]) дохил шуд. Аз соли [[1989]] таҳсилро дар факултаи таърихи [[Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров|Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М. Киров]] (ҳоло [[Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров]]) идома дода, онро соли 1993 хатм намуд.

Нусха 22:22, 19 апрели 2020

Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло
Ҷамшед Ҳабибуллоевич Ҷӯрабоев
Таърихи таваллуд 1958
Зодгоҳ шаҳри Хуҷанд, ҶШС Тоҷикистон СССР
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ таърих
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Ҳукумати шаҳри Хуҷанд, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
Дараҷаи илмӣ: Доктори илмҳои таърих, (2015)
Унвонҳои илмӣ профессор

Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло (Ҷамшед Ҳабибуллоевич Ҷӯрабоев (15 июни соли 1971, ш. Хуҷанд) - олим, профессор, доктори илмҳои таърих (2015), сиёсатмадор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати V.[1]

Зиндагинома

Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло 15 июни соли 1971, дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Баъди хатми мактаб ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ) дохил шуд. Аз соли 1989 таҳсилро дар факултаи таърихи Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М. Киров (ҳоло Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров) идома дода, онро соли 1993 хатм намуд. Соли 1993 ба фаъолияти меҳнатӣ оғоз намуда то соли 1995 дар кафедраи таърих ва этнографияи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба сифати ассистент кор кард. Солҳои 1995-1998 дар аспирантураи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳсил намуда, минбаъд солҳои 1997-2000 дар кафедраи таърих ва маданияти халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба ҳайси омӯзгор фаъолият бурд. Соли 1999 раиси Шӯрои олимони ҷавон, баъдан раиси Созмони ҷавонони донишгоҳи мазкур буд. Моҳи январи соли 2000 бо қарори раиси шаҳри Хуҷанд ба вазифаи мудири шуъбаи масоили иҷтимоӣ-фарҳангӣ, робита бо созмонҳои ҷамъиятию сиёсӣ ва муносибатҳои байналмилалии Ҳукумати шаҳри Хуҷанд таъин шуд. Аз 31 апрели соли 2003 то 30 ноябри соли 2005 вазифаи муовини мудири шуъбаи масоили иҷтимоӣ - фарҳангӣ, робита бо созмонҳои ҷамъиятию сиёсӣ ва муносибатҳои байналмилалии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро ба зимма дошт. Ҳамчун хизматчии давлатӣ, сазовори рутбаи тахассусии мушовири хизмати давлатии дараҷаи III гардидааст. 21 декабри соли 2002 дар Шӯрои диссертатсионии назди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Аз таърихи фарҳанги манзилдории тоҷикон» ҳимоя намуд. Аз 30 ноябри соли 2005 то 25 ноябри соли 2006 дар вазифаи декани факултаи сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон фаъолият намуд. Аз 25 ноябри соли 2006 то 11 январи соли 2007 ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи ноиби ректор оид ба тарбия ва аз 12 январи соли 2007 дар ҳамин вазифа тибқи таъиноти нави Вазорати маориф ва ректори донишгоҳ фаъолият дошт. 16 апрели 2009 декани факултаи сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқии ДДҲБСТ таъин гардид. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 маи 2012 Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло ба вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон таъин гардид ва то соли 2017 сарварии ин донишгоҳро ба ӯҳда дошт. Ӯ ҳамзамон аз 20.08.2015 ба ҳайси профессори кафедраи таърихи халқи тоҷик фаъолият бурдааст. Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 марти соли 2017 №131 ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таъин шудааст.[2] Ӯ аз соли 2003 узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва аз соли 2015 Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.[3]

Фаъолияти илмӣ

Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло муаллифи зиёда аз 120 асару, мақолаҳои илмӣ ва илмӣ–оммавӣ мебошад. Тадқиқоти Ҷӯрабоев Ҷ. ба масъалаҳои таърихи маданияти моддӣ, аз ҷумла ба фарҳанги манзилдории тоҷикон, таърихи аморати Бухоро дар асрҳои XVIII-XIX, хусусиятҳои равандҳои сиёсии Тоҷикистон дар давраи муосир бахшида шудаанд. 15 майи соли 2015 рисолаи докториашро доир ба илми таърих, дар мавзўи «Бухарский эмират второй половины XVIII - первой половины XIX вв. в письменных источниках» дар Шўрои Дифои рисолаҳои доктории назди Пажуҳишгоҳи таърих, археология ва этнографияи АИ ҶТ дифоъ намудааст.[4]

Осор

  1. Из истории жилищной культуры таджиков. Автореферат на соискание ученой степени кандидата исторических наук. - Худжанд, 2002.-24с.
  2. Профессор Назирчон Турсунов. Библиографический очерк (дар ҳаммуалифӣ). - Худжанд, 2003.-117с.
  3. Из истории жилищной культуры таджиков. - Худжанд, 2009.-270 с.
  4. Андешаи миллии тоҷикон (марҳилаҳои асосии ташаккул ва рушд). - Хуҷанд, 2011-583 с. (дар ҳаммуаллифӣ).
  5. Некоторые фортификационные элементы в традиционном жилище таджиков.// Ҷавонон ва ҷаҳони дониш. – Душанбе, 2000.- с. 311-315.
  6. Некоторые черты доисламских верований и обрядов, связанные с жилищем таджиков.//Маҷаллаи "Паёми ДДҲБСТ",№ 4-5. - Хуҷанд, 2001.-с.67-71.
  7. Фарҳанги манзилдории эрониёни шарқӣ дар «Авасто» (дар ҳаммуаллифӣ).// Нахустқомуси миллат - Хуҷанд, 2001, -с.29-105.
  8. Меҳвари зиндагӣ. // Ҳуқуқи занони деҳот. – Хуҷанд, 2004.- с.13-16.
  9. Из истории жилищной культуры древних таджиков в домусульманский период.// Центрально-азиатский регион: прошлое и настоящее. Материалы Международного научного симпозиума. - Алмата,2006.- с.97-100.
  10. Қадамзании музаффаронаи Истиқлолият (дар ҳаммуаллифии А. Шарипов, Ш. Шарипов).//«Паёми ДДҲБСТ».2006, №1-2.с.23-28.
  11. Из истории жилищной культуры горных таджиков в XVIII – XIX вв.// Маводи конфронси байналхалқии «Тоҷикистон ва муносибатҳои байналхалқии муосир: ҷаҳонишавӣ ва манфиатҳои минтақавӣ». - Хуҷанд, ДДҲБСТ, 2007, с.179-181.
  12. Муносибати Имоми Аъзам ба сиёсат.//Маводи ҳамоиши байналмилалӣ бахшида ба Соли бузургдошти Имоми Аъзам Абўҳанифа. - Хуҷанд, 2009.
  13. Развитие торговых отношений между Россией и Бухарой как фактор активизации миграционных процессов.//Материалы международного симпозиума «Миграционный мост между Центральной Азией и Россией в условиях экономического кризиса». - Москва-Худжанд, 2010, с. 169-174.
  14. Русские ученые о перспективах сотрудничества России с государствами Средней Азии (вторая половина XVIII – первая половина XIX в.)//Миграционный мост между Центральной Азией и Россией : роль миграции в модернизации и инновационном развитии экономики стран, посылающих и принимающих мигрантов// Материалы третьего международного симпозиума. - М., 2011, с.184-187 (ҳаммуаллиф Каримова М. И.).
  15. Холиқӣ А., Ҷўрабоев Ҷ. Сиёсатшиносӣ: Мафҳуму назарияҳо ва ҷадвалҳои мантиқӣ. – Хуҷанд: Ношир, 2013. – 564 с.
  16. Джурабаев Д.Х. Политическая история Бухарского эмирата по второй пловине XVIII – середине XIX вв. (По материалам среднеазиатских и внешних письменных источников). – Худжанд, 2013. - 318 с.
  17. Аз нубуғи эҳсос то пиллаҳои ирфон. Худжанд//Вестник ТГУПБП, №4 (60) (из Перечня ВАК МОН РФ), 2014, с.6-10.
  18. Изучение политической истирии Бухарского Эмирате в советсчткой постсоветский периоды. Худжанд//Вестник ТГУПБП, №2(63) (из Перечня ВАК МОН РФ), 2015, с.13-21.
  19. Донишгоҳ дар низоми таълими ҷаҳони муосир. //Рушди илмҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар замони муосир: Муаммо, ҳолат ва дурнамои инкишоф. Хуҷанд: Парки технологии ДДҲБСТ 2014 –(с.4-11).
  20. Изучение политической истории Бухарского Эмирата в советский постсоветский периоды. Худжанд.//Вестник ТГУПБП, №2(63),2015, с.13-21
  21. Таҳқиқ ва равиши илмӣ-муҳимтарин ҷабҳаи фаъолияти донишгоҳ. //Усул ва равишҳои таҳқиқоти илмӣ дар замони муосир. Хуҷанд: Ношир, 2015 (с.3-17).

Пайвандҳои беруна

  1. Ҷуразода Ҷамшед Ҳабибулло(тоҷ.). www. majmilli.tj. 15 апрели 2020 санҷида шуд.
  2. Дар бораи Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таъин намудани Ҷӯрабоев Ҷ.Ҳ.
  3. Ҷуразода Ҷамшед Ҳабибулло(тоҷ.). www. majmilli.tj. 15 апрели 2020 санҷида шуд.
  4. Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло